Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззат ниҳодан ба гармӣ, нур, меҳр ва рӯ овардан ба рӯшанист. Тавлиди оташ – таҷаллии нури Парвардигор, мазҳари ҳастӣ ва пирӯзии рӯшанӣ бар зулмот ва дод бар бедодист. Аз ибтидо шинохти моҳияти гармӣ дар муқобили сардиҳо буд, ки ба ҳикматаш дар аҳди Пешдодиён сарфаҳм рафтанд ва дарки ҷойгоҳи оташ дар рӯзгори башар яке аз дигаре афзалият надорад.
Ривоят
Овардаанд, ки муҷиби пайдоиши ҷашни оташ Рамоил – вазири накуноми Заҳҳок будааст. Аз ду марде, ки ҳар рӯз кушта мешуданд, якеро Рамоил яла мекард ва дар кӯҳи Дамованд пинҳон. Чун Фаридун ӯро бигирифт сарзаниш кард. Рамоил қиссае боз гуфт ва саворон бифиристод ва ба дурустии суханонаш эътимод ҳосил шуд. Ва Рамоил супориш кард, ки ҳар касе боми хеш оташ афрӯхт, зеро ки шаб буд ва бисёрии эшон падид омад. Ва Фаридун ин рӯзро ҷашн эълом дошт ва шоҳонро ташвиқ намуд, ки ин рӯзро тавлиди рӯшноӣ бипазиранд.Дар «Шоҳнома» зикр шуда, ки сабаби пайдоиши Сада- Ҳушанг, пури Сиёмак будааст. Рӯзе Ҳушанг бо ҳамроҳонаш чун аз кӯҳе мегузашт,мори бузурге падид омад. Ҳушанг санги азимеро ба мор андохт. Санг ба санги дигаре бархўрд ва «фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг» ва Ҳушанг Худойро аз он сипос гуфт ва:
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар Шаҳриёр.
Таърих
Одамӣ аз бунёд ба ҳаводиси табиӣ кунҷковона таваҷҷуҳ мекард. Аз мушоҳида ва боварҳо бармеояд, ки ба тадриҷ ба моҳияти оташ, ки гармӣ дораду рӯшанӣ ва хомро пухта мегардонад ва муҷиби таҳрики ҳаводиси олам аст, расиданд. Миллату ақвоми олам кашшофи оташро бо оин ва анъанаву маросим алоқаманд карда, идвораҳо сомон доданд. Тибқи сарчашмаҳои нахустин подшоҳе, ки ба расмияти ҷашн даст дошт, Гуштосп буд. Ба қавли Ибни Балхӣ Гуштосп буд, ки «Аввал оташкада сохт ба Балх ва дувум оташкада ба Озарбойҷон ба ҷойе ва савум оташкадаи Истахри Порс». Пас ҳам дар он таърих фармуд, то ҳама ҷойҳо оташгоҳ сохтанд. Аз ҳама бузургтарин оташкадаҳо «Навбаҳор» ва «Меҳрбарзин» дар Балх буданд. Пас аз ӯ Луҳросп дар Балх ҷашнгоҳ барои Наврӯз, Меҳргон ва Сада бунёд ниҳод, ки бозору дукон ва растаҳо дошт