Ҷашнвораҳо маҳсули тафаккури миллати қадим, ба хотири арҷгузорӣ ва ёддошт кардани ҳаводис ва падидаҳои хосае шакл гирифтаанд. Онҳо намоданду фарогири мушоҳида, бовар ва донишанд. Дар маҷмӯъ, бор аз шодиву нишот доранд. Мардум ба хотири шинохт ва дарки моҳият талош меварзанд, саъй мекунанд худро аз ботин ба накуӣ тағйир бидиҳанд, орзуву ормон бисозанд, либос дигар бикунанд, мусиқию суруд биофаранд, дар рақсу сабқат аз гузашта ёд биоваранд. Сада ҷашнвораи баргузида ва нозанинтарин андеша аст, ки дар сатҳи давлатдорон ва мардуми одӣ пазируфта шуда буд.
Ба андешаи ҳаким Фирдавсӣ, шоҳон бо тавҷҷуҳ ба ҷашнвораҳои Садаву Наврӯзу Меҳргон ба хотири баргузории маросим мавзеъҳои хоса созмон медоданд. Ҷашнгоҳ бо бозору дукону растаҳо муҷаҳҳаз буданд. Чуноне Фирдавсӣ ёд меорад:
Яке шорсоне баровард шоҳ,
Пур аз барзану кӯю бозоргоҳ.
Пас он, дар шаҳристонҳое, ки аҳамияти тиҷоратӣ ва ҳарбию парастишӣ доштанд, оташкадаҳо бунёд мегардид. Чуноне дар соҳили рӯди Вахш дар аҳди Ҳахоманишиён шаҳр истеҳком бунёд карда буданд, ки ҳоло бо номи шартии Тахти Сангин шуҳрат дорад.
Ҳарчанд маъбад ба эҳтироми эзиди Оахшо бунёд ёфта буд, дар миёна оташи муқаддас мудом фурӯзон буд. Дар маркази толор чор сутун миҷмари бузургро барои намоиш додани неруи оташ нигоҳ медошт. Аз ду паҳлӯи айвон ҳуҷраҳои мубадон - масъулони оташкада қарор доштанд. Онҳо намегузоштанд, ки оташи қудсӣ хомӯш гардад. Ниёгон баҳри нигаҳдошти оташ оташдонҳо ва аловхонаҳо бунёд мекарданд.
Аз даврони хеле куҳан қавмҳои ориёӣ ба ҳикмат асрори оташро дарёфтанд. Онҳо нахуст Офтобро ҳамчун мазҳари рӯшаниву гармӣ арҷ ниҳоданд ва дар оташ тимсоли онро шинохтанд. Рӯшанӣ ва гармиро ба сурати муҳаррик пазируфтанд. Бо онҳо хосиятҳои писандида ва муқаддас пайвастанд.
Бино ба навиштаи олим Низом Нурҷонов «Дар Қаротегин, Дарвоз ва бисёре аз деҳоти Кӯлоб, то солҳои 30-юми асри ХХ аловхона вуҷуд дошт. Деҳотиён дар иморатҳои ҷамъиятӣ гирд меомаданд. Дар зимистон дар ин гуна бинои росткунҷаи дудхӯрда аксаран мардони деҳа ҷамъ мешуданд. Дар мардуми Помир оташдон ҷои муқаддас, меҳроби хона шумурда мешуд. Аловхона - «Хонаи оташ» дар кӯҳманзари тоҷик ва Хоразм то густариши ислом вуҷуд дошт».
Ба қавли Абурайҳони Берунӣ эҳтиром ба оташ аз «Озарҷашн» ибтидо мегирифт.
«Ва ин рӯз барои оташҳое, ки дар хонаҳои мардум аст, ид аст. Ва ин ид дар қадим оғози зимистон буда ва дар ин ид оташҳои бузурге дар хонаҳо меафрӯхтанд ва ибодати Худованду ситоиши ӯро зиёд менамуданд».
«Озарҷашн» ба рӯзи нахусти чила рост меомад. Барои ин рӯз меваи хушк - мавиз, анҷир, тут, чормағз, зардолу ва равғани зарду қурут, мосту шир омода мекарданд. Ба хотири шаби нахустин дар ҷойҳои хоса миёни каҳу каҳдарза: анор, чилон, санҷид ва тарбузи чилагӣ нигоҳ медоштанд, то ба дастархон гузоранд. Ин анво бо сурхӣ нишона аз Хуршеду оташ доштанд.
Ба андешаи донишманд Меҳрдоди Баҳор, омодагӣ то рӯзи Сада идома меёфт, ки ба 30 - юми январ рост меояд. Сада бо тавлиди Хуршед, шаби Ялдо дар пайвастагист. Ба қавли ӯ Сада ҷашни чилаи Хуршед аст. Дар мардуми тоҷик анъанае вомонда, ки аз рӯзи таваллуд то чиҳил рӯз навзодро дар хона, дур аз чашми бад нигоҳ медоранд. Ва пас аз он ки хандонрӯ мешавад, гаҳворабандон мекунанд. Яъне Сада гаҳворабандони Офтоб аст. Ба қавли Меҳрдоди Баҳор, тифли чилрӯзаро бо оташи Сада гарм мекунанд.
Бозии дӯстдоштаи бачагон ва наврасон «Гулафшонӣ» буд, ки бо оташ сурат мегирифт. Мисли мушакпаронӣ ва рангпардозиҳои замони нав. Ва бо «Майи гулгун гулафшонӣ кун» ишора ба ҳамин амал аст. Оташи бузурге аланга мекарданд, ки замину замон нуристон мешуд. Байти Унсурӣ бо ҳамин маънист:
Гар аз асли зимистон аст _Баҳман,
Чаро ин шаб ҷаҳон чун лолазор аст.
Гузаштагони мо урфу оини ҷолибе доштанд, ки дар рӯзи ҷашнҳо дар бухорӣ ва сандалиҳо гарм мешуданду 7 шамъ меафрӯхтанд.
Ғизоҳои ҷашнӣ ба мисли қурутоб, умоч, далда, кашк дар ин рӯз муҳим аст. Ин анвои ғизо аз рӯи миҷоз гарманд. Дар ин рӯз кор аз рӯи хирад ба ҷо овардан ва ба хонаи доноён шудан ва бо ёрон машварат намудан, бо хирадмандон нишастан, бо душманон роҳи оштӣ пеш гирифтан ва рахти хуб пӯшидан маслиҳат аст.
Духтарон дар матоъҳои ранга, ба хусус, матои сурху гулобӣ, ки нишонаи оташ доранд, нақшу нигор медӯхтанд. Меҳру самимияти худро, орзуву омоли хешро ба рӯи матоъ мерехтанд. Ресмони ранга - сурх, зард, сабз, ҷигарӣ, ки аз рӯи миҷоз гарманд, дар дӯхту дӯз афзалият дошт.
Ба қавли донишманд Берунӣ, «кадбонуҳо дар арафа, ки Баҳманҷана бошад ва расми аҷамиён чунон буд, ки андар ин рӯз (ғизо) дар дег бипазанд ва аз ҳамаи наботҳо ва донгуҳо (донагиҳо) ва тухмҳову гӯштҳои ҳар ҳайвоне андар ӯ кунанд ва онро деги баҳманҷана хонанд ва бипазанду ба ҳар ҷой бифрӯшанд. Ва дар ин рӯз баҳмани сурх бо шири тоза бихӯранд ва онро муборак донанд. Ва чунин гӯянд, ки ҳифзро суд дорад ва чашми бадро боз дорад».
Сада нозанинтарин ҷашни аҷдод аст. Ӯ дар худ паёме аз даврони куҳан, аз ихтирои бузурги инсоният дорад. Сада «аз пой то сар» дар зоҳиру ботин намунаи барҷастаи ҳикмати аҷдод аст. Ба расми куҳан дуои ҷашнӣ ба ҳама мефиристем: «Мо меситоем ва дуруд мефиристем ба суханони ростӣ, ки ҳамвора пирӯзманд буда, саросари нуфузи боди дурӯғро дарҳам шикананд. Ростӣ, меҳру гармию рӯшноӣ ҳама вақт ид хоҳанд овард».
Ҷонибек АСРОРИЁН