Дар ҷомеа бо бонувони ҷавоне рӯ ба рӯ мешавем, ки андешаи тозаву бикр доранду дар корҳои ҷамъиятӣ фаъоланд ва муҳимтар аз ҳама нисбат ба неку бади атроф бефарқ нестанд. Чунин одамон, одатан ростқавл, масъулиятшинос ва гузашта аз ин, уҳдабароянд, ки ин, албатта, нек аст ва боварии моро ба ояндаи тобони Ватан меафзояд. Ояндае, ки дар ихтиёри чунин нафарони кордону ташкилотчӣ аст, ҳароина накуст. Сухан ҳоло аз боби Наргис Мақсудова меравад, ки чунин арзишҳои неки инсониро дар замир дорад. Агар ин гуна намебуд, дар ҷавонӣ вакили Маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳудуди 7 деҳаро дар бар мегирад, интихоб намешуд.
Наргис ҷавон, аммо серғайрат ва писандидарӯй аст. Чизи дигари муҳим, ки дар ӯ метавон мушоҳида намуд, талош аст. Талош барои иҷрои вазифаи ба зимма бигрифтааш. Не, таҷрибаи бисёрсолаи корӣ надорад, аммо аз моҳияти уҳдадориаш бохабар асту дар масири талошҳои созандагиву ободкорӣ дар ҳоли обутоб ёфтан.
Маълумоти миёнаи касбӣ дорад. Хатмкардаи Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара мебошад. Соли 1990 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Баъдан, волидонаш сокини деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ мешаванд. Яъне, ӯ дар замони Истиқлол - замоне, ки Тоҷикистони азизи мо ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро пушти сар намудаву дар таърихи давлатдорӣ саҳифаи тоза боз намуд, ҳине, ки ба шарофати Истиқлол бонувони мо мақому манзалати хоссаро соҳиб гардиданд, бузург шудааст. Шояд ҳамин фазову муҳит ба руҳияаш асар намуд, ки баъд аз оиладор гаштан, барои соҳибкасб шудан камар баст. Барои шомил шудан ба Литсей замоне тасмим гирифт, ки аллакай соҳиби фарзанди дӯстрӯяке буд. Воқеан, ҷиҳати соҳибкасб гаштан, хосса дар замони имрӯза, ки барои ин Ҳукумати кишвар тамоми шароитро фароҳам овардааст, танҳо хоҳиш доштан ва талош намудан кофист, ки кас ба ҳадаф бирасад.
- Агар барои шомил шудан ба Литсей шавҳарам дастгирӣ намекарду модарам нигоҳубини фарзандамро ба зимма намегирифт, шояд соҳибкасб шуда наметавонистам, - мегӯяд Наргис.
То шомил шудан ба Литсей дар корҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои гуногуни сатҳи ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ширкати фаъол дошт. Аз ҷумла, иштирокчии озмунҳои ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу», «Сад ранги чакан», «Сайри гули лола». Соли 2019 дар озмуни «Автобону -2019» ширкат варзид. Имрӯз ҳам ҳеҷ як чорабинии ноҳия қариб, ки бе ҳузури фаъоли ӯ намегузарад.
Баъди хатми Литсей дар Ҷамоати деҳоти Чортеппа як муддат волонтёр (ризокор) буд. Чун диданд чолок асту бо мардум забон мёбад, ба кор пазируфтанд. Наргис аз рӯзи аввали фаъолият ҳамеша ба мардуми корафтода ёрӣ мерасонд. Кор миёни мардум, бо аҳли ҷамоат наздиктар намудаш. Ҳамин тавр, миёни халқ шинохта шуд ва шаҳрвандон тариқи овоздиҳӣ соли 2020 вакили Ҷамоат интихобаш намуданд. Ҳоло намояндаи мардум дар назди Ҷамоат аст. Масъалаҳои ҳалталаби деҳаҳои Ҷамоатро, ки ҳалли онҳо боиси некуаҳволии шаҳрвандон мегардад, на танҳо бо идораҳои дахлдор баррасӣ менамояд, балки ҷиҳати ҳаллу фасли онҳо камар мебандад.
Воқеан, барои як бону дар синни ҷавонӣ эътимоди мардумро соҳиб шудану миёни онҳо кор кардан чандон саҳл нест. Амали ноҷое чӣ, ки сухани ноҷое метавонад боварии халқро барои ҳамеша барҳам занад. Аммо Наргис, ки ҳарфу амалаш якесту иродаи қавӣ дорад, на танҳо боварӣ, балки эҳтироми аҳолиро низ сазовор шудааст.
Ҳамчун вакил аз мушкили аҳли ҷамоат огоҳ аст ва хуб медонад, ки ҳалли кадом масъалаҳо боиси рушди деҳот мегардад. Чун сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созандагӣ ва бунёдкорист, Наргис бо ҳаммаслаконаш дунболи ҳамин сиёсат мераванд. Якҷо бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ пайи бартараф намудани умдатарин мушкили бошандагони деҳот мекӯшад ва дар ин баробар мардумро ба бунёдкорӣ раҳнамун месозад.
Натиҷаи ҳамин талошҳост, ки мушкили сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Чортеппа ба тадриҷ бартараф ва зиндагии онҳо беҳтар мешавад. Аз ҷумла, чанде пеш мардуми деҳаи Ҷӯйибодом бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин шуданд. Сокинони деҳа аз норасоии оби нӯшокӣ солиёни зиёд азоб доштанд. Бо роҳнамоии раиси деҳот ва масъулони дигар, аз ҷумла Наргис сокинони деҳа аз чуқурии 150 метр оби нӯшоӣ бароварданд. Чанде аз кӯчаҳои деҳаи Кампирқалъа низ бо ҷалби шаҳрвандони деҳа асфалтпӯш гардид. Ҳоло дар деҳаҳо корҳои равшаннамоӣ, шағалрезию асфалткунии роҳҳои асосӣ идома доранд. Мушкили дигаре, ки ба наздикӣ бояд ҳаллу фасл гардад, ин таъмини сокинони деҳаи Маърифатӣ бо оби тозаи нӯшокӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки ҳамаи ин корҳо бо саҳми худи сокинони деҳот, тариқи ҳашар анҷом меёбанд.
- Агар ҳар кадом пушти дарвозаамонро обод намоем, дар натиҷа кӯча обод мегардад, ободии кӯча ин ободии деҳа ва ободии Ватан аст. Барои ободии Ватан ҳама масъулем, балки қарзи фарзандии мост, ки дар ҳалли мушкилаш бикӯшем, - мегӯяд ӯ.
Чанде пеш дар Ҷамоат курси 3-моҳаи ёрии аввалияи тиббӣ созмон ёфт. Тибқи дархости сокинон дар назди Ҷамоат маркази омӯзиши забонҳо ва курсҳои омодагӣ барои шомил шудан ба донишгоҳҳо таъсис ёфтанд, ки ин имкон фароҳам меорад хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баъд аз дарс забонҳои хориҷиро аз бар намоянд ва барои шомил шудан ба донишгоҳҳо омодагӣ бигиранд.
Наргис, ҳамзамон, раиси Шурои занону духтарони Ҷамоати мазкур буда, ҳамрози бонувон аст. Миёни бонувон, хосса духтарони ҷавон ҷиҳати идомаи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо ва соҳибкасб шуданашон пайваста корҳои тарғиботӣ мебарад. Занони деҳот низ ғаму шодиашонро бо ӯ қисмат мекунанд.
- Дар самти соҳибкасб намудани бонувон хеле муваффақ шудем. Имсол танҳо аз деҳаи Ҷӯйибодом наздики 50 дарсади бонувон ба марказҳои касбомӯзӣ ҷалб шуданд, ки ин фоли нек аст. Мушкиле, ки ҳоло боиси нигаронист, ин ҷудошавии оилаҳои ҷавон мебошад. Роҳи зиндагӣ ҳамвор нест, шебу фарози зиёд дорад, аммо таҳаммулпазир бояд буд,- меафзояд Наргисбону.
Бале, ҳамин гуна аст, қаҳрамони мо. Ҳам ҳамсари меҳрубон асту рисолати модарӣ бар дӯш дорад, ҳам бори масъулияти намояндаи халқ дар назди Ҷамоати деҳоти Чортеппаро мекашад. Барояш барор мехоҳем, зеро ӯ ҳанӯз ҷавон асту майл ба сабзидан дорад.
Ф. ФАЙЗАЛӣ