Дар қисми шимолии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кӯдакистони сарсабзу роҳатангези № 121 воқеъ аст, ки мудири он Гулнора Исоева, зани болобаланди русзабон, ки зодаи муҳаббати байни тоҷику рус аст, тули 7 сол боз ин вазифаи пурмасъулиятро бар дӯш дорад. Ӯ бо таҷрибаи беш аз 38 соли педагогӣ то ба зинаи роҳбарӣ расидан, чанд муддат ҳамчун мураббӣ ва методист дар муассисаҳои томактабии №№ 12, 70, 100 ва 149 ифои вазифа намудааст.
Номбурда маҳорати касбии хешро дар чанд кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла дар шаҳрҳои Тошкент ва Алмаато сайқал дода, дар семинару машғулиятҳои омӯзишӣ ба мураббиёни муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе донишу таҷрибаи андӯхтаи хешро омӯзондааст.
Таҷрибаи ғании Гулнорабону дар масири таълиму тарбияи кӯдакон сазовори таваҷҷуҳ буда, баёни баъзе аз нуктаҳои муҳими он метавонад ба мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва волидон чун дастури ёрирасон хидмат намояд.
Ба боғча рафтани кӯдак ҳатмист
Кӯдакистон дар ҳаёти кӯдак нақши бузург мебозад, ки, мутаассифона, баъзе волидон аҳамияти онро дарк наменамоянд. Кӯдакистон дар ҳамбастагӣ бо оила таълиму тарбияи кӯдаконро ба роҳ монда, ба мактаб омодашавии онҳоро таъмин менамояд. Дар барномаи таълимии кӯдакистон тарбияи ҷисмонӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва эстетикии кӯдак пешбинӣ шудааст. Вақте кӯдак бори аввал ба боғча меояд, волидон қаблан зарурати ба он ҷо рафтанро бояд ба ӯ фаҳмонанд. Кӯдак дар ин ҷо аз ҷиҳати иҷтимоӣ ташаккул ёфта, зираку хушфаҳм ва хушмуомила мегардад.
Қадами аввал
Вақте кӯдакро аввалин бор ба боғча меоранд, аз волидон низ вобаста аст, ки кӯдак ба шароити нав то чӣ андоза мутобиқ мешавад. То ба кӯдакистон омадани тифл падару модар бояд ӯро ба ин марҳилаи нави ҳаёт омода намоянд. Ба ӯ фаҳмонанд, ки кӯдакистон чӣ гуна макон асту чаро ба он ҷо рафтанаш ҳатмист. Ба кӯдак бинои кӯдакистон ва акси кӯдаконро нишон додан зарур аст.
Дар рӯзҳои аввал аз боғча барвақт гирифтани тифл муҳим аст, зеро ин марҳилаи мутобиқшавиро ҳар кӯдак ба таври худ сипарӣ менамояд, ки аз 3 то 10 рӯзро дар бар мегирад. Беҳтар он аст, ки дар ин давра кӯдакро бозичаи дӯстдоштааш ҳамраҳӣ намояд. Мураббӣ бояд ба кӯдак таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ӯро бо муҳит ва бо бачаҳо шиносонад. Забони тифлро дарёфта, бо ӯ дӯстиро барқарор намояд.
Шуғли асосии кӯдакон
Бачаҳо дар кӯдакистон масруфи машғулиятҳои фаъол мегарданд ва реҷаи рӯзро риоя менамоянд, ба мисли машқи пагоҳирӯзӣ, наҳорӣ, машғулиятҳои гуногун, сайру гашт, хоби нисфирӯзӣ, сурудхонӣ, рақс, расмкашӣ, суробсозӣ ва ғайра. Бачагони гурӯҳҳои миёна ва омодагӣ ба мактаб дар чорабиниҳои идонаи муассиса фаъолона ширкат варзида, дар саҳначаву намоишҳои ҷолибу шавқовар моҳирона нақш мебозанд. Кӯдакон бо рангу шакли ашёҳо ошно гардида, гурӯҳбандии онҳоро аз намои зоҳирӣ меомӯзанд. Бо машғулияти инкишофи нутқ ва дониши аввалини математикӣ фаро гирифта шуда, аз лиҳози равонию ҷисмонӣ ташаккул меёбанд, табиатро мушоҳида менамоянд, тартибу низом ва забонҳои хориҷӣ меомӯзанд.
Волидон ҳам бояд фаъол бошанд
Волидон бояд дар ҳаёти кӯдакистон фаъолона ширкат варзанд. Ба гунаи мисол, падару модарони кӯдакон ҳамеша аз воқеаву рӯйдод ва навгониҳои кӯдакистон мехоҳанд дар ҷараён бошанд. Дар маҷлисҳои падару модарон бо камоли майл ҳозир мешаванд.
- Моҳи октябри соли равон миёни волидон озмуни дастранҷҳои беҳтарини сабзавоту меваҷотро доир намудем. Хушоянд буд, ки онҳо дастранҷҳои ҷолибу ниҳоят зиёдро пешкаш намуданд. Руҳияи умумӣ ва фаъолнокии волидон фазои идонаву нотакрорро фароҳам овард. Чунин чорабиниҳои муштарак то дергоҳ дар хотири хурду бузург боқӣ мемонад.
Ба волидон гуфтаниям, ки аз ҳама муҳим дар хонавода муҳити солимро барои кӯдак фароҳам оранд. Кӯдакро дарк намоянд ва бо ӯ муомилаи хубро ба роҳ монанд. Сӯяш фарёд назананд, ба суолҳояш сабурона посух гӯянд ва аз қабеҳгӯӣ ва таҳқири ӯ бипарҳезанд. Ҳар кори неки ӯро ситоиш карда, дар иҷрои баъзе вазифаҳо кумак намоянд. Мунтазам гӯянд, ки то чӣ андоза ӯро дӯст медоранд, - изҳор менамояд Гулнора Исоева.
Таҷриба
- Замони таҳсил дар МТМУ № 6-и шаҳри Душанбе ба симати роҳбалади пионерон фаъолият доштам. Ҳамон айём директори мактаб Валентина Корчагина қобилияти ташкилотчигиямро мушоҳида карда, баъди хатми мактаб хоҳиш намуд, ки корро идома диҳам. Баъди издивоҷ ва фарзанддор шудан корро дар кӯдакистон ҳамчун мураббӣ ва баъдан ҳамчун методист идома бахшидам. Дилбохтаи касби хеш ва кӯдаконам. Пайваста пайи эҷод ва навгониҳо будан, чунин масъулияти бузургро бар дӯш доштан маро неруи ҳаётӣ мебахшад. Аз волидонам шукргузорам, ки тули зиндагӣ дар амалӣ шудани орзуҳоям ёрирасонам буданд.
Нақшаҳо
- Бинои кӯдакистони мо начандон бузург буда, ҳамагӣ чор гурӯҳро дар худ ҷой кардааст. 135 нафар кӯдаки синни аз 3 то 7-сола дар ду гурӯҳи тоҷикӣ ва ду гурӯҳи русӣ бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳар ҳафтае ду маротибагӣ кӯдакон забонҳои русиву англисӣ меомӯзанд. Волидон зиёд муроҷиат менамоянд, то кӯдакони худро ба ин боғча супоранд. Барои сохтани биноҳои иловагӣ ва зиёд намудани шумораи гурӯҳҳо замини кӯдакистон кифоят мекунад ва марбут ба ин ба ниҳодҳои зидахл дархост фиристодаем. Ҳоло аз набудани толорҳои варзишӣ ва мусиқӣ мушкилӣ дорем ва бо даст додани аввалин имконият мехоҳем, ки маҳфилҳои шоҳмотбозӣ, таэквондо, рақс ва гимнастикаро созмон диҳем, гурӯҳҳоро бо тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо таъмин намоем. Дар саҳни боғча таҷҳизоти тафреҳиву машқҳои ҷисмониро васл карда, ба барномаи таълиму тарбия дар гурӯҳҳои тоҷикӣ адабиёти фарогиртаре зам созем, зеро ғайр аз барномаи «Рангинкамон» адабиёти мухтасаре ба забони давлатӣ надорем, - хулоса кард Гулнорабону.
Омина ХОҶАЕВА