Марҳабо Назарова соли 2012 фаъолияти соҳибкориро бо як мошинаи дарздӯзӣ шуруъ кард. Хуҷраи хурдеро дар пойтахт бар ивази 350 сомонӣ ба иҷора гирифта, аз субҳи солеҳон то ғуруби офтоб, гоҳе то поси шаб масруфи дарзу дӯхт буду пироҳанҳои милливу аврупоӣ, абзори арӯсӣ, парда, гулдӯзиву зардӯзӣ ва даҳҳо фармоиши мардумро бо маҳорати хос сомон медод.
Соли 2016 пайи амалӣ намудани орзуи дерини худ гардид. Зиёд мехост самти фаъолиятро васеъ намуда, ба 5 - 6 нафар зан нозукиҳои ҳунар омӯзонаду коргоҳи хурде созмон диҳад. Бо ин мақсад ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат намуд ва дастгирӣ ёфт.
Ҳамин сон дар кӯчаи Мирзо Турсунзода макони мувофиқе пайдо карда, 10 нафар бонуро ба кор ҷалб сохт ва 12 адад мошинаи дарздӯзӣ харид. Корхонаи дӯзандагию истеҳсолии «Лола», ки бо чунин унвон ҳамакнун ба фаъолият шуруъ намуда буд, аввалин фармоишро ҳини ифтитоҳи МТМУ № 11-и шаҳри Душанбе дарёфт кард. Бонувони ҳунаристон барои хонандагони ин таълимгоҳ либоси ягонаи мактабӣ дӯхта, кӯшиданд, ки либосҳои мактаббачагон бо сифати баланд таҳия гарданд. Хушбахтона, заҳмати онҳо сазовори баҳои баланд ва мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ҳамин тавр, Марҳабо бо тими бонувони ҳунармандаш тули панҷ сол ба дӯхти либосҳои мактабӣ машғул шуд, ки теъдоди онҳо ҳамасола ҳудуди 4 – 5 ҳазорро фаро мегирифт. Ҳамзамон, дар фестивалу намоишҳои «Ҷилваи рангҳо», «Сад ранги чакан» ва ғайра фаъолона ширкат варзида, либосҳои мактабӣ, кӯдакона, чакан ва дигар ҳунарҳоро мавриди назари тамошогарон сохт.
Заҳмати ин бонуи ҳунар самар оварду соли 2021 ба гирифтани Гранти президентӣ ба маблағи 40 000 сомонӣ шарафёб шуд. Бо мусоидати МИҲД-и ноҳия ба 20 нафар зани хонашин аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар зарфи ду моҳ нозукиҳои ҳунар омӯзонда, 20 адад мошинаи дарздӯзӣ низ харид.
- Маблағи грантиро барои васеъ намудани фаъолияти коргоҳ истифода бурдам. Кӯшидам, то бонувони бешуғл соҳиби касбу кор гарданд. Ба як чевар як мошинаи дарздӯзӣ рост меояд, ки онҳо 3,5 – 4 ҳазор сомонӣ арзиш доранд. Камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф сохта, самти фаъолияти худро васеътар намудем. Грантҳои президентӣ воқеан ҳам дари имкониятро ба рӯи бонувони кишвар боз намуда, сатҳу сифати зиндагии онҳоро беҳтар мегардонад. Бо дарёфти грант руҳбаланд гаштам, ба неруи худ бовар намудам, ки аз уҳдаи ҳамаи вазифаҳои мушкил мебароям, - гуфт бону Марҳабо.
Моҳи октябри соли 2022 корхонаи дӯзандагию истеҳсолии «Лола» дар хиёбони Рӯдакӣ 156, дар ошёнаи дувуми бинои хуштарҳу замонавӣ фаъолияти худро идома бахшид. Он аввалин коргоҳи дӯзандагӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аст, ки асосан ба дӯхти либосҳои мактабӣ машғул аст.
Тули фаъолият борҳо бонувон барои дарёфти ҷойи кор ба ӯ муроҷиат намудаанд. Бо мусоидати Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ моҳҳои август – сентябри соли равон 30 нафар зани хонашинро барои ҳунаромӯзӣ даъват кард ва дар ин муддат ба онҳо 600–800 сомонӣ маблағ ҳам пардохта, ба кор ҳавасманд намуд. Бонувони коргоҳ асосан аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.
- Рӯзе бо занони маҳалла дар гузари деҳ бекор нишаста, суҳбат доштем, ки ҳамсояе омаду аз таъсиси корхонаи дӯзандагӣ ва ба кор қабул кардани бонувони бешуғл хабар дод. Раҳ сӯи ин коргоҳ гирифтем ва ҳунар омӯхтем. То ин муддат боре ҳам паси мошинаи дарздӯзии муҳаррикдор нанишаста будам. Инак, моҳи сеюм аст, ки дар ин ҷо фаъолият дорам. Шароити кории хуб дорему сари вақт моҳона мегирем, - иброз дошт сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб Дилбар Шарифова.
- Як сол мешавад, ки ҳамчун буранда фаъолият дорам ва ба 30 нафар чевари коргоҳ либоси мактабӣ пора мекунам. Ману шавҳарам аз Хуҷанд ба пойтахт омада, иҷорашин ҳастем. Ҳамсарам низ дар коргоҳе фаъолият дорад. Кор бароям душворӣ надорад, зеро дилбохтаи ҳунараму касбамро дӯст медорам, - иброз намуд Матлуба Саъдиева.
Дар коргоҳ ғайр аз либосҳои мактабӣ ва махсус, пироҳанҳои милливу аврупоӣ низ таҳия менамоянд ва аз таҷрибаи ғании Марҳабо дар ин ришта васеъ истифода мебаранд. Марҳабои чирадаст чунин ҳунарҳои зеборо айёми мактабхонӣ аз модари ҳунармандаш омӯхтааст. Зайнаб Рашидова, ин бонуи пурҳунар, беш аз 15 сол дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ба сифати омӯзгор-дӯзанда фаъолият карда, ҳоло бознишаста аст. Фориғ аз дарси мактабӣ (солҳои 2002 – 2008) то замони оиладор шудан Марҳабо ҳар рӯз назди модар мешитофт ва дӯхти либосҳои миллӣ ва аврупоӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, попурзанӣ ва ғайраро меомӯхт. Баъди издивоҷ дӯзандагиро ба худ шуғли доимӣ қарор дод ва баъди гирифтани Гранти президентӣ дари имконият ба рӯи ӯ боз гардид.
Дар мавриди дӯхт ва сифати матоъҳои либоси мактабӣ, ки баъзе волидон аз онҳо изҳори нигаронӣ менамоянд, Марҳабо ибрози андеша намуд:
- Аз 3–4 намуди матоъ нахуст мо либоси намуна таҳия менамоем ва ба фармоишгарон нишон медиҳем. Пас аз интихоби онҳо баъдан ба дӯхти либосҳо мепардозем. Матоъҳое, ки истифода мебарем, истеҳсоли кишвари Тайван буда, дорои сифати хубанд. Мекӯшем, ки либоси мактабӣ аз матоъҳое таҳия гардад, ки бо пайваста шустан ранги онҳо тағйир наёбад, ғиҷим нашавад ва пат назанад.
Ҳунармандони коргоҳ дар як рӯз то 50 адад маҷмуи либоси мактабӣ таҳия менамоянд ва аз ҳоло барои соли таҳсили 2023 омодагӣ мегиранд. Марҳабо ният дорад, ки соли оянда масоҳати коргоҳро васеъ карда, иқтидори истеҳсолиро афзун гардонад ва боз 30 нафар бонуро ба кор ҷалб сохта, ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳияро бо либоси хушсифати мактабӣ таъмин намояд.
Ситора Ашӯрова