Дар доираи раванди саноатикунонии босуръати мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои стратегии миллист, имрӯзҳо дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ коргоҳҳои хурду миёнаи саноатӣ бунёд ёфта, ба фаъолият мепардозанд. Таъмин намудани гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ, дар доираи Солҳои рушди саноат то соли 2026 таъсис додани беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, беш аз ду баробар зиёд гардидани даромади пулии аҳолӣ ва то 15 дарсад коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат мансуб меёбанд. Дар радифи коргоҳҳои навбунёди саноатӣ ифтитоҳ ёфтани Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои ҶДММ «Акома» сазовори таваҷҷуҳ ба маҳсулоти ватании хушсифати ивазкунандаи воридот мебошад.
Ин коргоҳ моҳи сентябри соли равон бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ба коргоҳ гӯшти тозаву босифат ва ғизоноки чорвову паранда барои истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳо аз Комплекси агросаноатии ҶДММ «Мармарӣ» дастрас мешавад.
Иқтидори истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳо дар як баст 5 тоннаро ташкил дода, коргоҳ тули як моҳ қариб 130 тонна маҳсулот истеҳсол менамояд. Ин ҷо таҷҳизоти муосиртарини олмонӣ насб гардида, иншоот бо тарҳи олмонӣ бунёд ва ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст. Бино ба иттилои сардори шуъбаи кадрҳои коргоҳи мазкур Сафия Абасова занон низ дар баробари мардон фаъолият менамоянд, ки аз шумораашон 45 фоизро ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки бо баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхона бонувон бештар ба кор ҷалб гардида, то 60 дарсадро фаро гиранд. Бонувон бо либоси корӣ, хӯроки гарм ва маоши сазовор сари вақт таъминанд. Инчунин, кормандон аз ҳисоби корхона аз муоинаи тиббӣ гузашта, ҳар яке дорои дафтарчаи санитарӣ аст.
- Бонувон аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ба кор ҷалб гардиданд. Онҳо қабл аз ифтитоҳи корхона давоми 6 моҳ дар корхонаҳои ватанӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуда, нозукиҳои пешаро омӯхтаанд. Бонувон асосан дар сехҳои бастабандӣ ва ғайра фаъолият менамоянд, - гуфт С. Абасова.
Дар коргоҳ беш аз 85 намуди маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳо аз гӯшти тоза ва гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон омода мешаванд, ки барои кӯдакон низ пешбинӣ шудааст, зеро маҳсулот бидуни консервантҳо, ивазкунандаҳои гӯшт ва рангдиҳандаҳо таҳия мегарданд.
Хусусияти фарқкунандаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои корхона дар он аст, ки барои таҳияи тамъ ва лаззатҳои нав ва махсуси маҳсулот аз хориҷи мамлакат мутахассис-технологҳо даъват шуданд, ки бо истифода аз маҳсулоти ватанӣ ва рустаниҳои шифобахши ҷумҳурӣ 50 навъи нави маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳоро ихтироъ намуданд.
Роҳбарияти коргоҳ анъанаҳои неки ниёгонро ба назар гирифта, номи ширкатро «Акома» гузоштаанд. Ниёгони мо дар аҳди қадим чунин хӯришеро бо ҷой додани гӯшти қима дар дохили рӯдаи гӯсфанд анҷом медодаанд, ки ба ҳасибҳои ҳозира монандӣ доштанд. Ғайр аз ин, рӯи борпечи маҳсулоти корхонаро номҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва унвонҳои тоҷикӣ зеб медиҳанд, амсоли «Ориёӣ», «Саразм», «Суғдӣ», «Бохтарӣ», «Бадахшон», «Ҳулбук», «Роғун», «Кӯшониён», «Акома», Маликона», «Ватанӣ», «Сарват», «Шоҳона», «Мужда», «Зайтун», «Накҳат», «Ҷонон» ва ғайра.
- Ҳасибҳои пухта, дуддодашуда, буғпаз, газакҳои хушхӯр (деликатес), ҳасибчаҳои борик, лакона (сарделка) ва дигар навъҳои маҳсулот аз қимаи гӯшт барои бонувоне, ки масруфи коранд ё дар ниҳодҳои гуногун ифои вазифа менамоянд, басо қулай мебошанд. Писта, зайтун ва дигар рустаниҳои ғизонок лаззати ҳасибҳоро мефизоянд. Ҳоло ба таҳияи рулетҳои мурғӣ шуруъ намуда, тасмим дорем, ки минбаъд маҳсулоти гӯштии дар бозорҳои ҷумҳурӣ набударо истеҳсол намоем, то интихоби мардум густурда гардад, - мегӯяд маъмури коргоҳ Наргис Носирова.
Риояи талаботи санитарию гигиенӣ дар коргоҳ ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, дар гӯшаи коргоҳ ҳуҷраи ҷомашӯӣ мавҷуд аст, ки либоси кории заҳматкашон ҳар рӯз шуста, дарзмол карда мешаванд. Ҳини фаъолият кормандон сарпӯш ва дастпӯшакҳои махсус ба бар менамоянд.
- «Акома» яке аз корхонаҳоест, ки ба талаботи бозори маҳсулоти босифати гӯштӣ пурра ҷавобгӯ аст. Дар коргоҳ ҳамарӯза миёни кормандони масъул назорати сифати маҳсулот роҳандозӣ мегардад, ки онҳо маҳсулоти истеҳсолшударо чашида, ба сифати онҳо баҳо медиҳанд. Маҳсулот ба табъу завқи мардуми тоҷик мувофиқ гардонда шудааст. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, то мизоҷон ба ҳасибҳои тозаи ватанӣ, ки зери тамғаи «Ҳалол» истеҳсол мегарданд, боварӣ ҳосил намоянд. Дар ин радиф, мекӯшем, ки арзиши маҳсулот ба истеъмолгарон дастрас бошад, - ироа намуд корманди ширкат Дилрабо Назриева.
Дар як гӯшаи ин коргоҳи зебои хуштарҳу замонавӣ, ки дар масоҳати 1 гектар доман густурдааст, мағозаи фирмавии «Акома» мақом дорад. Роҳбарияти корхона тасмим гирифтаанд, ки дар ҳудуди пойтахт чанд мағозаи дигар кушода, соли оянда дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон низ чунин мағозаҳоро созмон диҳанд ва бозори дохилиро бо маҳсулоти хушсифат таъмин намоянд. Ҳадафи дигари корхона иқтидори истеҳсолотро афзоиш дода, минбаъд содиротро ба кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Россия ба роҳ монанд.
СИМИН