Ба рӯшанфикрон, бахусус барои аҳли қалам, камтарин илтифот аз хирмани зар беҳтар аст. Таваҷҷуҳ ба шахсияти нависанда ва эътибор ба навиштаҳои ӯ, ҳар ду тавъаманд. Медонем, ки хомакаш осори хурду бузурги хешро баҳри хонанда, барои мардум менависад, навиштаҳояш баҳри хилвати худ нест.
Ҳамин рисолати наҷиб – арҷгузорӣ ба осори адибонро маҷаллаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии «Бонувони Тоҷикистон» таҳти роҳбарии Шоҳона Одиназода ба сомон мерасонад. Мани 80-сола, ки аз Душанбе садҳо километр дурам, бо умеди чопи чанд модарнома - таронаҳои хешро ба нишонии маҷалла фиристода будам. Барои шодмонии руҳи модар, ки ҳастии хешро барои мо бахшидааст, як аксашро низ илова карда будам. Ҳеч гумон надоштам, ки таронаҳои банда на танҳо чоп мешаванд, балки ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фарзанди Тоҷикистонам!» пешниҳод мегардад.
Ҳангоми дар саҳифаи муҷаллои маҷалла чоп шудани эҷодам аз «Бонувони Тоҷикистон» - у сармуҳаррираш мамнун гаштам, дуо додам, ки маҷаллаи дӯстдоштанӣ доимо чунин сабзбаргу пурмуҳтаво бимонад.
Вақте набераам Бузургмеҳр аз Душанбе хабари дар сафи ғолибон мақом ёфтани таронаҳоямро гуфт, беихтиёр дилам гум зад, дар чашмонам ашк ҳалқа зад. Он замон дар байни замин каланд бар даст бехи анорҳоро нарм мекардам. Набераҳоям садо дар доданд, ки аз Душанбе шуморо мепурсанд. Ба чашмам айнакро дурусттар мондаму дар экрани телефони мобилӣ, чеҳраи набераам Бузургмеҳрро дидам.
Бо хурсандӣ лавҳаи диплом ва туҳфаро нишон медод. Дар дипломи зарҳалкорӣ ному насаби банда медурахшид. Чи будани туҳфаро напурсидам, қаноатмандиву шукргузории ман чоп шудани матлабам буд. Аз он сӯ шунида мешуд: «Бобо, ҳадияи ғолибияти Шумо дарзмол будааст. Рафта ба ҷойи Шумо қабул кардам. Маросими ҷамъбасти озмун ба як чорабинии бошукӯҳ табдил ёфт».
Аз ин тараф, ба набераам бо шӯхӣ гуфтам: «Бисёр хуб, бо дарзмол ожангҳои рӯямро ҳамвор мекунаму ба ҷустани кампири нав мебароям. Вақтҳои охир момоат ба бандаи ганда беэътиборӣ мекунад…».
Садои ханда аз ду тараф баланд мешавад. Суҳбат бо ҳамин ҳолу ҳаво ба поён расид, рафта дар ҳота, дар партави Офтоби тирамоҳӣ нишастам. Ба андеша фурӯ рафтам ва ба худ гуфтам: «Одамият намурдааст, ҳанӯз нафас мекашад. Дунё ба бунбасти вазнини сиёсиву иҷтимоӣ ғарқ шуда бошад ҳам, одамони нек, қадршинос ва суханпарвар ҳастанд. Яке аз онҳо бонуи хушдил Шоҳонаи азиз аст. Ин сарварбонуи собитқадам пайрави воқеии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд».
Ба муаллими дилшиносу одамшинос саодати рӯзгору сарфарозӣ ва ному осори ҷовидона мехоҳам.
Ин дили озурдаи пири қалам
Мешиносӣ беҳтар аз мо, дилшинос.
Дафтари моро ту кафтар кардаӣ,
Бар ҳама эҳсоси эъҷозат сипос.
Муҳаммадшарифи САЛИМ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон