Суҳбате доштем бо Дилбарбону дар боби мақому мартабаи зани точик дар даврони соҳибистиқлолӣ, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
Пешравии ҷомеа ба ҳамқадами замон будани ҳар фард бастагӣ дорад. Аз нигоҳи Шумо, ҳамчун як зани соҳибмаърифат ва рӯзноманигор, оё занону духтарони тоҷикро ҳамқадами замони хеш донистан метавон?
Оре, занону духтарони мо ҳамқадами замони хешанд. Иштироки фаъолонаи онҳо дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва маориф исботи ин гуфтаҳост.
Имрӯз замони пешравии босуръати техникаву технология мебошад. Бонувон дар ин самт комёбиҳои зиёдеро ба даст овардаанд. Ҳоло зани точик дар баробари он ки сарвар, соҳибкор, омӯзгор, муҳандис, меъмор, тоҷир, корманди ниҳодҳои қудратист, боз дар идоракунии тамоми воситаҳои нақлиётӣ ва технологияи компютерӣ соҳибтаҷриба гаштааст. Ҷаҳони навин зани тоҷикро неруманд гардондааст. Истиқлоли давлатӣ ба рӯзгори бонуи тоҷик рӯшанӣ овард.
Муаррифгари ҳар миллат занон мебошанд. Оё бонувони мо баиҷрорасонандаи ин рисолат шуда метавонанд?
-Бале. Он ҳама мардони баруманд дар домани модар ба воя расидаанд. Модар, ки тарбиятгари насли башар аст, дар кадом руҳия тарбия ёфтани фарзанд аз ӯ вобастагии зич дорад… Бонувони варзишгар муаррифгари миллати тоҷик гаштаанд. Дар пайи қаҳрамониҳои Зебуннисо Рустамова акнун исми Мавзуна Чориева ва даҳҳо варзишгарбонуи тоҷик вирди забонҳост…
Фардои духтари тоҷикро чӣ гуна дидан мехоҳед?
Ҷасуру ҳадафманд, зебоипарасту донишманд. Ҷаҳони имрӯз ҳаминро тақозо мекунад. Занони тоҷик дар паҳлуи мардон истода, ба пешрафти оила ва ҷомеа саҳмгузоранд. Талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамин мақсад равона шудаанд. Барои соҳибмаърифату соҳибилм шудани духтарон, бахусус духтарони деҳот, тадбирҳои зиёди судманд андешиданду барномаҳои зиёди давлатӣ дар ин самт қабул гардиданд. Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз тадбирҳои олии Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, боиси дилгармии бонувони тоҷик ба фардои равшан аст.
Суҳбатнигор Абдусаттори РАҲМОН