Хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Дилрабо Файзуллоева зодаи деҳаи Сари Пули Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷкобод мебошад. Ӯ дар оилаи зиёӣ чашм ба дунёи ҳастӣ кушодааст.
Падару модари шифокораш то ба дами нафақа дар беморхонаи марказӣ дармонгари дарди мардуми ноҳияву минтақаи Рашт буданд. Вай тибқи Квотаи президентӣ соли 2001 барои таҳсил ба пойтахти кишвар раҳсипор гашт.
Тавре худи ӯ мегӯяд, орзуи асосияш дар Донишгоҳ хонданро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барояш амалӣ намуд. Вай аз хурдӣ ба эҷоди шеъру тарона шавқ дошт. Ин буд, ки соли 2005 замони донишҷӯӣ нахустин маҷмуаи шеърҳояш дар шакли китоб зери унвони «Шукрона» пешкаши хонандагон гардид.
Ҳамчунин, аз хурдӣ дар ниҳодаш қобилияти сарварӣ ҳувайдо буд. Агар дар мактаб сардори синфу боз саду як вазифаҳои дигари ҷамъиятиро иҷро мекард, дар Донишгоҳ раиси Шурои донишҷӯдухтарони ноҳияи Тоҷикобод ва донишҷӯдухтароне, ки тибқи квота аз ноҳия дар донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт таҳсил менамуданд, бар дӯш дошт. Таҳсилаш аъло буду дар иҷрои корҳои ҷамъиятӣ фаъол. Сари ҳар моҳ бо донишҷ ӯдухтарони тоҷикободӣ суҳбату вохӯриҳо доир менамуд. Аз рафти таҳсил ва буду боши онҳо аз наздик ошно мешуд.
Хуллас, ҳама паҳлуҳои ҳаёти донишҷӯии ҳамтоёнашро назорат бурда, то ҳадди имкон барои рафъи мушкилоташон ерӣ мерасонд. Байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф, бахши занон ва донишҷӯдухтарон робита тавассути Дилрабо амалӣ мегардид. Барои дастгирии донишҷӯёни ниёзманд дархости ёрӣ мекард. Соли 2006 бо ҷавони низомӣ оила барпо намуд. Ҳамингуна вай зиёда аз даҳсол паҳлуи ҳамсари афсараш дар гӯшаҳои дурдаст ва баландкӯҳи кишвар марзбон буд.
Ҳамсари афсар будан шарафманд аст. Дар ҳудуди сарҳади давлатии кишвар бо марзи Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон домани 10 сол канори шавҳарам хизмати аскарӣ намуда, се писарро ба воя расондам, - мегӯяд Дилрабо.
Баъди аз сарҳад ба пойтахт баргаштан, нахуст корро дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷ и информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе оғоз намуд. Роҳбарияти муассиса мудирияти бахши кор бо занон ва бахши табъу нашри Коллеҷро ба зиммааш гузошт. Ҳамзамон, сармуҳаррири нашрияи «Барномасоз» - и муассиса буд. Тавре ҳамкорон ва шогирдон иброз медоранд, Дилрабо Файзуллоева барояшон ҳамкору хоҳару модари мушфиқ ва устоди кордон буд. Алҳол ӯ дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ҳамчун муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ фаъолият дорад. - Коллеҷи муҳандисию омӯзгории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1968 ташкил ёфта, дар ин давра ҳазорон нафар мутахассисонро омода сохтааст. Имрӯз дар муассиса 995 донишҷ ӯ дар ду баст таҳсил мекунад, ки аз онҳо 340 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Донишҷ ӯёни дар заминаи синфи 9 чор сол ва дар заминаи синфи 11 се сол таҳсил мекунанд.
Муассиса дорои шароитҳои хуби замонавӣ буда, синфхонаҳои барҳаво бо аёниятҳои дарсӣ пурра муҷаҳҳазанд. Инчунин, хобгоҳ, ҳаммом ва ошхонаи замонавӣ амал мекунанд. Дар хобгоҳ 120 муҳассил, аз ҷумла 25 нафар духтарон буду бош доранд, - мегӯяд муаллим. Коллеҷи мазкур аз рӯйи 14 ихтисос мутахассиси касбӣ омода месозад. Инчунин, маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир фаъол аст, ки дар он аз рӯи 14 касб писарону духтарон ҷалб гардидаанд.
Танҳо дар давраи ҳисоботӣ дар ин марказ зиёда аз 100 нафар аз курсҳои кӯтоҳмуддат гузашт, ки аз ин шумора 65 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Имрӯз Дилрабо Файзуллоева дар симати муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ донишу малакаи худро баҳри тарбияи насли наврас равона намуда, мекӯшад, ки аз тарбиятгирандагони онҳо дар оянда мутахассисони хуб ба ҷомеа пешниҳод гарданд.
Аз чӣ гуна таълиму тарбия гирифтани насли наврас ояндаи ҷомеаи мо вобастагӣ дорад. Зеро, ноболиғону ҷавонон ҳамчун насли ояндасози кишвар, фардо дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ саҳм мегузоранд.
Агар имрӯз ҷавононро саводноку донишманд ба воя расонему онҳоро дар руҳияи худшиносиву эҳтиром ба дастовардҳои замони Истиқлол тарбия намоем, пас ояндаи дурахшоне моро дар пеш аст.
Бо соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ шудан, табиист, ки наврасону ҷавонони мо тамоми донишу маҳорати худро барои пешрафти кишвар равона месозанд, - иброз медорад муаллим. Барои як духтари музофотӣ аз ноҳияи дурдаст ва баландкӯҳи мамлакат ифтихор аст, ки имрӯз дар пойтахти кишвар ҳамчун роҳбар дар муассисаи таълимӣ кор мекунад.
Ҳангоми таҳсил ҳар тобистон таътилро дар Тоҷ икобод мегузарондам. Ҳамдеҳагонам бо нигоҳҳои худ маро сарзанишу маломат мекарданд, зеро дар деҳот мардум барои идомаи таҳсили духтарон дар донишгоҳҳо нигоҳи хуб надоштанд. Барои худ лоиқ намедонистанд, ки духтарбача дар мактаби олӣ таҳсил кунад. Ман шукрона мегӯям, ки сарбаландона донишгоҳро хатм намудам. Обрӯ, сари баланди волидонамро боло бардоштам ва имрӯз ифтихор мекунам, ки сарбаландам, - мегӯяд Дилрабо. Ӯ бо сарбаландӣ таҳсили худро идома дод ва имрӯз аз донишу малакаи андӯхтааш соҳиби кору вазифа ва рӯзгори хубу босаодат гашта аст.
Дар оянда нақша дорам маҷ муаи навбатии шеърҳоямро рӯи чоп биёрам. Инчунин, дар дил таъсис додани рӯзномаи хос барои духтарони деҳотро дорам. То бо мутолиаи ин ҷ арида дар ниҳоди онҳо хоҳиши идомаи таҳсил дар мактабҳои олии кишвар биафзояд, зеро сабру таҳаммул, рӯзгордорӣ, таълиму тарбияи фарзанд аз тарафи зани таҳсилдида дигар аст.
Агар имконияти дар донишгоҳҳо хондан надошта бошанд, лоақал дар литсею коллеҷҳо ё аз курсҳои кӯтоҳмуддат, ки имрӯз дар тамоми ноҳияҳои диёр амал мекунанд, истифода баранд.
С. САБРИНА