Чеҳраи зебову лаҳни ширинаш диққатамро ба худ кашиду аз суҳбати дилнишинаш баҳравар гаштам. Риштаи суҳбатро аз овони кӯдакиву хотираҳо аз падар оғоз бахшид. - Падарам, Бурҳон Раҳмон, наттоқи Радиои Тоҷикистон, ки тамоми буду набуди зиндагиашонро баҳри сарбаландиву некномии фарзандону набераҳо бахшида буд, инак, ҳафт сол мешавад, ки миёни мо нест. Вале руҳаш ҳамоно бароям чароғи раҳнамост. Ва худам ҳам намедонам ин эҳсос аз куҷо сарчашма мегирад, гумонам решаи он дар кӯдакиҳои ман аст, - пас аз гуфтани ин ҳарфҳо вуҷуди Зарринаро каме сукут фаро мегирад…
Овони кӯдакиву наврасиам бештар бо падар гузаштааст. Шунавандаи аввалин нутқу суханронӣ ва барномаҳои падарам будам. Ёд дорам, чи гуна бо тантана рӯзҳои иду ҷашнҳо маро бо худ ба базмгоҳ мебурд. Мани хурдакак бо ифтихор канори ӯйи кӯҳпайкар қадам мезадам. Ҳангоми баргузории намоиши тантанавӣ дар майдони «Дӯстӣ», канори падар нишаста ба суханрониашон гӯш медодам. «Шараф ба мардуми меҳнаткаш», «Шараф ба кишоварзон»… суханҳое буданд, ки падарам бо як ҷ озиба ба забон меоварданд ва ин ҳарфҳо ҳанӯз ҳам аз хотирам зудуда нагардидаанд, - бо ифтихор ёд меорад он лаҳзаҳоро.
Падари дилсӯз
Вақте дар хусуси падар ҳарф мезанад, чашмонаш шарар меборанд, ҳаяҷ он вуҷудашро фаро мегирад, хотираҳо ӯро дубора ба дунёи беғаши кӯдакӣ мебаранд ва як лаҳза худро хаёлан канори падар эҳсос мекунад. Барояш аз падар ҳарф задан ҳам ифтихор асту ва ҳам масъулият. - Азбаски падарам ятим ба воя расида буданд, бениҳоят қалби меҳрубон доштанд. То ҳадде дилсӯз буданд, ки ҳатто бо садои баланд бо фарзандон суҳбат намекарданд. Бароямон тамоми шароитро муҳайё месохтанд. Намехостанд, ки ба поямон хоре халад. Дар хона озодӣ дода буданд.
Мо иҷозат доштем, ки ҳар чизро гӯему аз падар пурсем. Аммо ҳеҷ гоҳ иҷозат намедоданд, ки аз номашон дар ҷое ҳарф занему ғурур дошта бошем. Дар мактаб монанди ҳама будем, мисли ҳамсинфон либос мепӯшидем. Аз ягон кас фарқ надоштем, - меафзояд ҳамсуҳбатаму боз аз хислатҳои дигари падар ёдовар мешавад. - Ба ниёзмандон дасти мадад дароз мекарданд. Ба дигарон некӣ кардан, эҳтиёҷ и дигаронро рафъ сохтанро дӯст медоштанд. Баъди кори ниёзмандеро ба сомон расондан, хушҳол мешуданду то дер табъашон болида мегардид.
Модари сахтгир
Баръакси падар, ӯ аз сахтгирии модар мегӯяд. Бо он ки ҳамчун модар навозишашон мекард, аммо дар саводомӯзиву омӯхтани ҳунар нисбаташон сахтгир буд. - Модарам Саодат Раҳмонова омӯзгори собиқадору варзидаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷ икистон ба номи Садриддин Айнӣ буданд, ки ҳоло давлати пирӣ меронанд.
Дар хушгуфториву хушмуомилагӣ ва ботамкиниву озодагӣ ҳамто надоранд ва ҳанӯз ҳам ин хислатҳо дар вуҷудашон ниҳон аст. Вале нисбат ба фарзандон хеле сахтгир буданд. Баъзан ба падарам мегуфтанд, ки як каме ба мо фарзандон ҷиддӣ бошанд. Иззати падарамро ба ҷо меоварданд. Чун як мухлис ба ҳунару истеъдоди падарам самимона эҳтиром қоил буданд. Бо ҳам солҳои тулониро пушти сар карданд, гармиву сардии зиёди зиндагиро диданд, бо якдигар муносибату эҳтироми истисноӣ доштанд, ки намунаву қобили пайравӣ ба мо фарзандон аст, - иброз медорад Зарринабону.
Меҳмонҳои падар
Вақте аз дӯстони падар, меҳмонҳои хонаводаашон пурсон мешавам, хотираҳояшро тагу рӯ менамояд. - Аҳли адабу санъат бештар ташриф меоварданд. Шоири халқии Тоҷ икистон Муъмин Қаноат ва Артисти халқии ИҶ ШС Ҷ ӯрабек Муродов меҳмонҳои доимии онон буданд.
Бо оилаи файласуф ва наттоқи мумтоз Нодир Одилову Субҳон Раҳматов рафтуомад доштем ва ҳанӯз ҳам бо фарзандони онҳо дӯстӣ дорем. Бо вуҷ уди он ки модарам ҳамеша банди кор буданд, дар хона ҳамеша хӯрок омода буд. Ёд дорам, рӯзҳое дилошӯб буд, ки бо ёд овардани он айём, дар чеҳраи ҳамсуҳбатам фараҳу шодӣ ҳувайдо мегардад.
Муҳити хонавода
Мо, ки дар оила 2 духтару 2 писар будем, падарам талош меварзиданд, ки дар тамоми иду ҷашнҳо фарзандонро гирд оваранд ва он рӯзро бо фараҳу шодӣ ҷашн гирем. Нишастро зиёд дӯст медоштанд.
Зодрӯзҳои ҳар кадом аз аҳли хонадонро бо шеърхонӣ ва суханҳои пур аз меҳр мегузаронданд. Фарзандону набераҳо ҷамъ меомадему ба шеърхониву суханҳои пур аз ҳикматашон гӯш фаро медодем. Лаҳзаҳои хуше буданд, - бо чеҳраи соф мегӯяд ӯ ва яке аз хотираҳои дигарро ёд меорад. Ман, ки дар оила соҳаи тибро интихоб карда будам, ҳар вақте ки рӯзи табибон мешуд, падарам ҳатман бо дастагулу шириниҳо, ба табрикам меомаданд.
Таъкид мекарданд, ки бегоҳ ҳатман ба хона равам, то ин ки ҷ ашнро дар муҳити хона, бо шеърхониҳо таҷ лил намоем. Падар тоҷи сарам буданд...
Оила
Заррина Раҳмонова хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷ икистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, онро соли 1990 бо ихтисоси духтури бемориҳои дарунӣ (терапевт) хатм кард.
Зинаи интернатураро дар Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 сипарӣ намуда, фаъолияташро ҳамчун духтури минтақавӣ дар шуъбаи тиббии Вазорати корҳои дохилӣ оғоз бахшидааст. Ҳоло роҳбарии дармонгоҳи раёсати тиббии Вазоратро ба зимма дораду соҳиби рутбаи ҳарбии полковник мебошад.
Ӯву шавҳараш Нилобек Субадоров, ки корманди ҳарбӣ буда, алҳол нафақахӯр аст, 3 гулдухтарро ба воя расонда, соҳибилм намудаанд. Фарзанди калониашон Нисо риштаи муносибатҳои байналмилалиро ба итмом расондаву Азиза дар мақомоти гумрук ифои вазифа менамояд.
Нисо риштаи муносибатҳои байналмилалиро ба итмом расондаву Азиза дар мақомоти гумрук дифои вазифа менамояд. Сабрина донишҷӯи факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон аст. Ӯ ҳамчунин, соҳиби се набераи дӯстрӯяк асту бештари вақти худро бо онҳо мегузаронад.
Бунафшаи АБДУРАҲИМ