Болои мавзуи «соҳиб» – и суруди «Сӯзӣ маро», ки онро сарояндаи маҳбуб Далер Назар мехонад, гуфтугузори зиёдест. Чун аз таърихи эҷоди ин тарона огаҳ набудам, хомӯширо авло медонистам, зеро беҳуда намегӯянд, ки чизе намедонӣ, ҳоҷат ба гуфтор нест.
Чун аз асл – таърихи пайдоиши суруди мазкур воқиф гаштам, кунун парда аз роз мебардорам. Чанде пеш журналисти шинохта Тиллои Некқадам китоби тозанашри хеш «Лолаҳои Бадахшон» – ро бароям тақдим кард. Маҷмуа ба Ҷашни 80-солагии баргузории аввалин Даҳаи санъати Тоҷикистон дар шаҳри Москва (12–20 апрели соли 1941) бахшида шудааст.
Аз ҳамин китоб посух ёфт шуд. Маълум гардид, ки муаллифи шеър ва оҳанг як шахс – Марватшо Айдарбеков аст. Аз мавҷудияти ин шахси хориқулода огаҳӣ доштам, аммо дар бораи рӯзгор ва фаъолияти эҷодиаш чизе намедонистам.
Муаллиф иброз медорад, ки ба ҳаққонияти муаллифи шеър ва оҳанг соли 2006 бовар пайдо кард. Зимни дидор ва суҳбати дилнишин бо композитори маъруфи тоҷик, Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Ҳукуматшо Бандишоев дар шаҳри Душанбе, ин ҳамаро шунидаву эътимоди комил ёфтааст.
Ҳ. Бандишоев ҳикоят мекунад, ки бародараш Марватшо (то соли 1940 фамилияи бародараш дар ҳуҷҷатҳо Бандишозода буд, баъд Айдарбеков шуд - У.Ш.) дар 13-солагӣ, дар созҳои мандолина ва балалайка оҳангҳои қадимаи помириро моҳирона менавохт ва ҳам оҳангҳои фораму дилнишин эҷод мекард. «Нозукбадан», «Роки Помир», «Мо ранҷбарзодагонем», «Эй парӣ…» (Эй парӣ, шӯхи ситамгар, то ба кай сӯзӣ маро?) ва ғайраҳо аз зумраи онҳост.
Солҳои 40–60-уми асри гузашта ин суруд дар иҷрои хори Ансамбли тарона ва рақси Помир мутантан садо медод.
Солҳои баъд оҳангсоз ва овозхон Далер Назар ин сурудро такмил дода, дар навои эстрадӣ иҷро намуд. Дар пайравӣ ба вай имрӯзҳо ин таронаро овозхонҳои ҷавони тоҷик ва ҳамсоякишварҳо месароянд.
Ҳаводорони синамо ёд доранд, ки ин суруд дар филми ҳунарии телевизионии «Субҳи нахустини ҷавонӣ» (3 серия, 22 қисм, муаллифони сенария П. Лукнитский, А. Марямов, режиссёр Д. Худоназаров, композитор Ф. Баҳор, 1979) низ садо дода…
Эътимод
Ба тасдиқи ҳунармандӣ, авлавият ва саромадии Марватшо Айдарбеков Артисти халқии СССР Ғуломҳайдар Ғуломалиев дар яке аз суҳбатҳояш изҳор медорад («Тоҷикистони Сурх», № 186, 18.9.1946, саҳ.4):
«Дар қишлоқи мо Марватшо (М. Айдарбеков дар назар аст - У.Ш.) ном навозанда ва хонандаи нағзе буд, вай ҳатто истеъдоди ғазалнависӣ ҳам дошт. Ман бо вай аз хурдсолӣ ошноии наздик доштам. Рӯзе пешам омада, гуфт:
- Дар район клуби наве бино кардаанд. Биё, дар он ҷо кружоки ҳаваскоронро ташкил диҳем…» («Лолаҳои Бадахшон», саҳ.17).
Ин гуфтаи саромади ҳунар Ғ. Ғуломалиев (с. тав. 1907) далели возеҳи ҳунари шоирии Марватшо Айдарбеков (с.тав. 1915) аст, ки дигар ҷойи баҳс намемонад.
Марватшо
Кист ин шахси фарҳангӣ ва чӣ рӯзгоре ба сар дошту аз куҷо ба арсаи ҳунар гом бардошта. Ба ин суол кунун посух хоҳем гуфт. Марватшо Айдарбеков аз саромадон – эҳёгари нахустин кружокҳои ҳаваскорони санъат, маҳфилҳои бадеӣ ва ансамблҳои Помир дар нимаи дувуми солҳои 20-уми садаи XX аст. Ба иқрори устодон, пайвандон ва донандагон, ки ин марди саропо ҳунар шахси наҷиб, хориқулода ва шикастанафсе буд. Мисол, ӯ дар Даҳаи санъати Тоҷикистон дар шаҳри Мос¬ква (1941), ҳамчун солисти Ансамбли тарона ва рақсҳои Помир иштирок дошт, ҳол он ки ӯ саромад – устоди онҳо буд.
Ҳукуматшо Бандишоев баён медорад: «Марватшо, апаам Бунафша, Савсан ва ман аз як модар, вале падарҳоямон дигаранд. Падари Марватшо ва Бунафша – Айдарбек ва падари ману Савсан Бандишо Долонзода буд.
Марватшо ҳамаи ҳунарҳоро дошт: шеърнависӣ, барандагӣ бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, оҳангсозӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, актёрӣ, режиссёрӣ, ташкилотчигӣ ва ғайраҳо. Ин гуна мардони ҳунар дар даҳсолаҳо як бор ба дунё меоянд…» (Ҳамон ҷо, саҳ 32).
Истеъдод
Шоҳидони ҳол бар он назаранд, ки Марватшо дорои хотираи қавӣ ва истеъдоди худододӣ буд, вагарна дар оғози асри XX, дар кӯҳистони баланди Помир – «Боми ҷаҳон», бе таҳсил дар ҳунаристони санъат падид омадани чунин як ҳунарманди нотак¬рор аҷиб аст. Ӯ ин ҳама ҳунарро аз хурдсолӣ, аз сарҳадбонони рус омӯхтааст. Сарҳадбонон дар сарҳади Бадахшон, дар Қалъаи Вамар қарор доштанд. Марватшо он ҷо забони русиро ёд мегирад.
Сарбозон дар Қалъаи Вамар маҳфили хурди фарҳангӣ доштанд. Аскарон дар созҳои мусиқии мандолина, гитара, балалайка ва гармон ҳам худ менавохтанду ҳам сокинони маҳаллиро ҷалб менамуданд. Дар ҳамин кружокҳо Савсани 7 – сола ҳамроҳи падараш Бандишо Долонзода машқ мекард. Марватшо маҳз дар ҳамин ҷо аз 13–солагӣ навохтани созҳоро ёд гирифт ва оҳангҳои қадимаи помириро бо мандолина ё балалайка устодона менавохт. Ҳама аз хотираи қавӣ ва истеъдоди волои навозандаи наврас ангушти ҳайрат мегазиданд.
Тайи солҳои фаъолияташ Марватшо ба ҷуз корҳои ташкилотчигии санъат, ба симати мудири шуъбаи молияи ноҳияи Рӯшон низ кор кардааст. Вазифаи асосии ӯ ҳисобу китоб буду масъулияти баландро тақозо менамуд. Бинобар ин, ҳукуматдорон намегузоштанд то мудири молия – шуъбаи умумӣ Марватшо Айдарбеков пурра ба роҳбарии клуб ё маҳфили ҳунарӣ банд шавад, зеро дар он солу замон ёфтани чунин мутахассиси ҳисоб сахт мушкил буд.
Аз ин рӯ, Марватшо Айдарбеков роҳбарии ансамблу кружокҳои санъатро бар зиммаи шогирдони қобили хеш Ғуломҳайдар Ғуломалиев (баъд Артисти халқии СССР) ва Маҳмадназар Ота¬мов (баъд Артисти халқии РСС Тоҷикистон) вогузошт. Аммо аз кори маҳфил ва шогирдон бохабар буд, ҳамроҳашон пайваста тамрин мекард, ба ҳунармандон маслиҳат медод, ёрии хешро дареғ намедошт
Москва – Сталинобод
Ҳайати ҳунармандони Помир баъди чанд вақти тамрин дар шаҳри Хоруғ аввалҳои баҳори соли 1941 ба шаҳри Сталинобод омада, дар ин ҷо машқи хешро идома доданд. Дастаи яккачини ҳунармандон дар Даҳаи санъати Тоҷикистон дар Москва ҳунарнамоӣ карда, бо сари баланд ва қадршиносиҳои Ҳукумати Советӣ баргаштанд. Пас аз ин сафар бо дархости ҳукумати вақт Марватшо Айдарбеков дар Сталинобод монд. Ӯро ба симати роҳбари бадеӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор гирифтанд (1941–1943). Ҳамзамон, ӯро котиби ташкилоти партиявии Филармония интихоб намуданд.
М. Айдарбеков дар кӯчаи Парвини шаҳри Сталинобод (ҳозира ба номи Мирсаид Миршакари шаҳри Душанбе) хона дошт. Дар ин бора бародараш Ҳ. Бандишоев чунин зикр менамояд: «Ману апаам Савсан (Бандишоева, Артисти халқии РСС Тоҷикистон) дар хонааш (хонаи Марватшо Айдарбеков) истиқомат мекардем. Завҷааш Кузнетсова рус буд».
Хайрбод
Марватшо аз кор бевақт ба хона баргашту гуфт, ки либосҳояшро омода созанд, пагоҳ ӯро ба фронт мебаранд. Медали «Барои меҳнати шоён» – ашро аз сари синааш гирифта, ба хоҳараш Савсан дода гуфт:
- Дар ҷабҳа шояд ягон медали дигар гирам. То бозгаштам нигоҳ дор…
Ба бухорӣ ҳезум партофта, андешамандона аловро мекофт ва зери лаб «Сӯзӣ маро» – яшро замзама мекард. Суруд хеле ғамангез садо медод. Савсан бесадо мегирист, гӯё медонист, ки ин охирин дидор бо бародари муҳтараму азизаш аст. Рӯзи дигар пайвандонаш Марватшоро то вокзали роҳи оҳани Сталинобод гуселонданд. Ӯ хайрбод гуфта, ба қатора нишаст.
Қатора ҳуштакзанон ба ҳаракат даромад ва тарақо-туруқкунон аз назарҳо нопадид гашт. Аз репродуктори вокзал суруди «Сӯзӣ маро» дар иҷрои хори Ансамбли тарона ва рақси Помир танин меандохт:
Эй парӣ, шӯхи ситамгар, то ба кай сӯзӣ маро?
Мондаям бе болу бепар, то ба кай сӯзӣ маро?
Аз ҷафоҳои ғаму ҳиҷрони худ, ай нозанин,
Кардаӣ моро қаландар, то ба кай сӯзӣ маро?
Хубрӯён дар ҷаҳон бисёр дидам, беҳисоб,
Нест монанди ту дилбар, то ба кай сӯзӣ маро?
Хуни ошиқ, бегунаҳ резӣ, наметарсӣ чаро?
Дил, ки савдои ту бар сар, то ба кай сӯзӣ маро?
Марват аз ишқи ту нолад ҳамчу булбул дар чаман,
Кардаям ин қиссаро сар, то ба кай сӯзӣ маро?
Ӯ ба корзор рафту барнагашт. Аммо хотири неки ходими намоёни фарҳанги Тоҷикистон дар асри XX, ҷанговари диловар дар қалби пайвандон, шогирдонаш мақом дорад. Фарзанди диловари Ватан Марватшо Айдарбеков соли 1944 дар яке аз набардҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 ҳалок шуд.
Умари ШЕРХОН,
адиб