Мард бояд қулла бошад –
Рӯ ба Хуршед,
Абр дар каф,
Барф дар дӯш,
Чашма дар дил,
Реша дар хоки таҳаммул
Ҳамчу шаҳтири Замин истода бошад!
Мард бояд қулла бошад!
ТОҶИКИСТОН ДАР САРИ ЯК МӮЙ БУД
Меҳан аз ағёр эмин доштем,
Боғро аз хор эмин доштем.
Тоҷикистон дар сари як мӯй буд,
Бурда сар бар дор эмин доштем.
Ёр ҳам гоҳе хиёнат кардааст,
Хешро аз «ёр» эмин доштем.
Ин ҳама осор осон н-омадаст,
Баъди сад озор эмин доштем.
То нагардад туъмаи оташ китоб,
Ҳамчу як тӯмор эмин доштем.
Як нафас ором будан марг буд,
Хешро бо кор эмин доштем.
Шаъни миллат буд оина, варо
Байни ин куҳсор эмин доштем.
МЕҲАНАМ МАТЛАБИ МАН ХОҲАД БУД!
Меҳанам матлаби ман хоҳад буд,
Меҳри ӯ мазҳаби ман хоҳад буд.
Аз канораш наравам ҳеч куҷо,
Қиблааш қолаби ман хоҳад буд.
Шабчароғе, ки сари парчами ӯст,
Офтоби шаби ман хоҳад буд.
Худфурӯзии паёпай ба Ватан
Асли тобу таби ман хоҳад буд.
Хоку обаш, ки назираш набувад,
Ҳар ду доруҳаби ман хоҳад буд.
Ҳикмату хуни шаҳидони Ватан
Пояи мактаби ман хоҳад буд.
Баъди такрори шаҳодат номаш
Достони лаби ман хоҳад буд.
ФАРҲАНГИ ОСМОНҲО
Овози гиряи тифл
Оҳанги осмонҳост.
Оинаи нигоҳаш
Ҳамранги осмонҳост.
Тасвири чеҳраи ӯ
Аржанги осмонҳост.
Хандад агар баҳояш,
Ҳамсанги осмонҳост.
Кӯчак варо мапиндор
Сарҳанги осмонҳост.
Афтода дар кафи мо
Аз чанги осмонҳост.
Дорад фари илоҳӣ
Фарҳанги осмонҳост.