Ҳадафи муаллими расм барои шогирд танҳо омӯзиши тасвире барои оянда нест, балки роҳеро бояд нишон дод, то донишомӯз тасвири ояндаи худро кашида тавонад.
Муаллим будан аз ишқ оғоз мегардад. Чун муҳаббати сегона дар қалб набошад, ба муваффақият ноил шудани омӯзгор муҳол аст. Агар ҳар кори нек холисона анҷом пазирад, самараи ӯ бештар ва абадӣ хоҳад буд. Муаллимӣ на танҳо касб, балки саропо дар он ҳулул шудану бо ишқу самимият дарс ва таълим додан аст.
Дар тарбияи инсон ишқ, адолат ва илм ба ҳам тавъаманд. Сарчашма ва бунёдгузори ин ишқ аз домони модар оғоз мегардад. Фарзанд ҳанӯз то пой бар олами ҳастӣ ниҳоданаш, дар батни модар бо ишқ парвариш меёбад. Маҳз ба ҳамин хотири ишқи модар ва аввалин мураббияш тифл ба дунё меояд, то фариштаи ишқашро бинозад. Имрӯз модареро мехоҳам васф кунам, ки арзандаи ҳама хушбахтиҳост. Модар ва мураббие, ки зиёда аз чил соли ҳаёти хешро сарфи таълими фарзандони миллат кардааст. Ӯро ном Сабоҳат Мухторова аст. Омӯзгоре, ки калиди дари ганҷи хушбахтии худро аз Коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов дарёфтааст. Ҷавонӣ ва умри пурбаракати хешро ба пешаи омӯзгорӣ бахшида, фарзандони фарзонаро аз боғи муҳаббат ва донишаш сероб гардондааст.
Банда яке аз дастпарварони муаллим мебошам. Бо маҳорату завқашон, ба дӯст доштани фарҳангу маънавият моро ҷалб намуданд. Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии маҳфилҳои муассиса ва ба камол расидани ҳамаи шогирдон маҳз ба чунин омӯзгорон рабт дорад. Омӯзгор вазифаи ниҳоят душвору пурмасъулиятро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз толибилмро тарбия менамояд. Дар марҳилаи навини давлатдорӣ шароити носозгори зиндагӣ омӯзгорро низ домангир аст. Аммо танҳо муаллими содиқ ва пуртоқат мардонавор соҳаашро пеш бурдаву фарзанди инсонро тарбият мекунад. Қадри омӯзгорро ҳам нафароне медонанд, ки аз қадру манзалати илм бархӯрдоранд. Муаллим бо донишу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабку услуби хоси таълимияш тавонистааст, ки ба дили шогирдон роҳ ёфта, ба идеали онҳо табдил ёбад. Яке аз дигар хислатҳои маъруфтаринаш ҳамин аст, ки ҳар сари вақт барои донишҷӯён ва ҳатто ба муаллимон ҳадияҳо меорад. Касеро аз маърази таваҷҷуҳи хеш дур намегузорад. Ҳамин аст, ки Сабоҳатбонуро баъзан ҳазломез «модари коллеҷ» ҳам ном мегиранд. Муаллим на танҳо омӯзгори фанни адабиёт, балки рассоми қалбҳост. Мазмуни зебоиро дар синаҳо бедор мекунаду эҳсоси шогирдонро шунида метавонад. Баъзан муаллимон шикоят аз он мебаранд, ки донишҷӯён ба дарс намеоянд ё бетайёрӣ ба синф ҳозир мешаванд. Аксар вақт айбро дар домани шогирд ҷӯё мешавем. Намегӯем, ки иллат дар худи мост ва ё дар маҳорати мост. Намедонем, ки аз шавқовар набудани дарс шогирдон дилгир шуда роҳи гурезро пеш мегиранд.
Дарси муаллим ар бувад замзамаи муҳаббате,
Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро.
Сабоҳат аз зумраи он омӯзгоронест, ки донишу илмаш нақши боризе дар қалби донишҷӯ гузоштааст. Усулҳои гуногуни таҷрибааш ва маҳорати педагогияш ба ӯ имкон медиҳанд, ки дар тафаккури шогирд нақши комил гузорад. Муаллим шогирдонро баробари фарзандонаш медонад. Ин заминаи дӯст доштану қадр кардани ҳар донишҷӯро толибилм хеле хуб дарк мекунад. Барои ҳифзи ҳуқуқи шогирдон талош меварзад, то руҳияву тафаккури донишҷӯ осеб набинад. Оромтабиату дурандеш ва бо шогирдон самимиву меҳрубон аст. Маҳз чунин хислатҳои неки инсонияш боис гардида, ки дар дилу дидаи шогирдон ҷо шудааст. Муаллим махзани хирад, дорои ботину зоҳири софу тозаву озода мебошад. Бо ҳамкорон низ муҳаббати самимӣ дошта, бо садои баланду нармаш маҳфилҳоро гарм нигоҳ медорад…
Ин сатрҳоро менависаму хотираҳои неке, ки бо ҳам дар раванди тарбия аз Шумо, устод ва ҳамкорам гирифтаам, абадан ба зеҳнам месупорам. Зарфи чанд сол дар каноратон бузург шудаму имрӯз дар сояи Шумо сарфарозам. Шукр, ки Шуморо дорам. Бигзор хандаҳои зебандаи беғаши Шумо мудом зиннатбахши маҳфилҳо, нури қалби Шумо дар оғӯши шогирдон мунаввар бошад. Дар ин лаҳзаҳои муносиб ба ҳамаи он устодоне, ки умри хешро сарфи таълиму тарбия намудаанд, алалхусус ба Шумо, муаллими азиз, сарбаландиву тансиҳатӣ таманно дорам! Ҳеҷ гоҳ бахт кошонаи Шуморо тарк насозад ва садҳо шохаҳои гул тақдими Шумо ва нисори зиндагиатон бошад.
Далер МИҲТОҶОВ