Мошин назди бинои куҳнае қарор гирифту ронанда бо ишора илова намуд, ки «коргоҳи консерв ҳамин аст». Вақти ворид шудан, дидем, ки гурӯҳи бонувон саргарми коранд.
- Қувваи асосии кории коргоҳ бонувонанд. Бештарашон таҷрибаи зиёда аз 30-сола доранд. Замони шуравӣ коргоҳи консерви ноҳияи Шаҳринав бо теъдоди зиёд маҳсулот мебаровард. Консерви мо дар дохил ва хориҷ аз кишвар маъруфияти хосса дошт. Алҳол, бонувон бо таҷҳизоти замонавӣ ошно ҳастанд, бемалол фаъолият доранд, - изҳор дошт Холмаҳмад Темуров.
Тоҷихон Мамадқулова бо собиқаи 53-сола байни дигар ҳампешаҳо соҳибтаҷриба аст. Ба даҳҳо нафар кор омӯзондааст.
- Пас аз чандин соли муфлисшавии коргоҳ ҳоло кор ҷӯш мезанад, - иброз медорад Тоҷихон Мамадқулова ва бо чанд маслиҳат додан ба бонувон дар омода намудани бодиринги очоронида суханашро идома медиҳад:
- Бодиринги очоронида (маринированный) яке аз хӯришҳои дӯстдоштаи муштариён аст. Вале нав¬корон дар омода кардани он ба иштибоҳ роҳ медиҳанд, ки ба табъи истеъмолгар писанд намеафтад ё маҳсулот вайрон мешавад.
Пас, чӣ гуна метавон онро омода кард? Нахуст риояи тозагӣ ҳатмист. Бодирингро дар оби пок тоза шуста, муддати беш аз 2 соат дар оби хунук нигоҳ бояд дошт. Зарфҳои шишагиро низ бо содаи хӯрока тоза шуста, тамиз кардан лозим аст. Сипас, сирпиёз, поя ва гулхонаи бодиён, каҳзак ва барги ғорро ба зарфи тамизшуда андохта, бо бодиринг зарфро пур намоед. Оби ҷӯшро ба зарф андохта, муддати 10 – 15 дақиқа нигоҳ доред. Баъд, оби зарфро рехта, ба он 2 қошуқ намак ва 1 қошуқ шакар (агар зарфи 2 литра бошад) андохта, оби ҷӯшро аз болояш рехта, 1 қошуқ сиркоро ҳам биафзоед. Бо сарпӯши тамизшуда зарфро маҳкам намуда, чаппагардон карда, болояшро пӯшонед. Пас аз 3 рӯз зарфҳоро гирифта, дар ҷойи торик монед.
Ҳамида Сафолова ба суҳбат ҳамроҳ шуда, гуфт, ки пештар дар роҳи оҳани Чептураи ноҳияи Шаҳринав фаррош буд ва аз он ки имрӯз ҷойи кори нав пайдо намудааст, хушҳол аст.
- Дар баробари он ки роҳбарият бо маоши хуб ва ғизои гарм моро таъмин месозад, кори ҳаррӯза бо бонувон бароям писанд аст. Мо, занон, ҳамакаса ба заминҳои хоҷагидорон рафта, маҳсулот ҷамъ оварда, консерв омода менамоем. Имсол аз олучаю зардолу нӯшобаҳо ва аз помидору бодиринг ва пиёзи анзур консерв тайёр кардем. Устоҳои корозмуда Холмаҳмад Темуров ва акаи Абдусамад нозукиҳои пешаро ба мо меомӯзонанд, - қаноатмандона меафзояд Ҳамидабону.
Алҳол, маҳсулоти коргоҳ дар мағозаҳои шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор ва дигар ноҳияҳои гирду атрофи пойтахт дар фурӯшанд. Имсол 120 ҳазор зарф консерв ба истеъмолгарон пешкаш шуд.
- Ростӣ, пештар ба тиҷорат шуғл доштам. Вақте вохӯрии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо соҳибкорон тамошо кардам, нисбат ба тасмимҳо ва дастгириҳои Роҳбари давлат худро бетараф гирифта натавонистам. Воқеан, ин мулкро онҳое обод мекунанд, ки фақат дар ғами худ нею дар андешаи ободии Ватан мебошанд. Вақте бо дастгирии як нафар чанд тани дигар соҳиби кор мешавад ва оилаҳо аз мушкилоти иқтисодӣ азият намекашанд, ин беҳтарин кори хайр аст. Ҳамчунин, маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои кишвар мечархаду ҳоҷат ба хориҷа барои кор рафтан намемонад. Мо тасмим гирифтем, дар амалӣ гаштани ҳадафи Ҳукумати Тоҷикистон, саноатикунонии кишвар саҳм бигирем, - мегӯяд