На ҳар устод ҳунари кашфи истеъдодҳо ва инкишоф додани онро дорад. Маҳз омӯзгори асил аз замири шогирдон шуълачаи лаёқатеро дармеёбад ва роҳи минбаъдаи онро равшан месозад. Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон аз рӯзгори муаллиме мегӯем, ки 47 сол боз ба насли наврас таълиму тарбия медиҳад. Ҳини суҳбат эҳсос намудем, ки Зебинисо Ғайбуллозода ба касбаш зебу зинати дигаре бахшидааст…
- Вазифаи мо дар дили хонанда ҷой намудани меҳри китоб, касбу ихтисос, инкишоф додани тарзи фикрронӣ ва нутқ, ташаккули характер, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас аст, то ки дар оянда ҳамчун шахси асил ба воя расад. Муаллими муосирро зарур аст, ки доим ба пеш ҳаракат намояду дар ҳар дарсаш аз навгоние истифода барад, он гоҳ ба дунёи дониш ворид шудани талаба осон мешавад,- иброз медорад устоди соҳибтаҷриба.
Ӯ дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳамагӣ 6 хоҷагӣ дошт, ба дунё омадааст. Барои таҳсил ба мактаби деҳаи ҳамсоя, ки 2 километр дур буд, мерафт. Рӯзҳои сарди зимистон падараш пеш-пеш роҳро аз барф тоза мекард, то ки ду гулдухтараш аз сабақ гирифтан дер намонад. Роҳкушоиву роҳнамоии зодмандон фарзандонро ба маъвои илму маърифат овард. Зебинисо ба фанни физика завқи бештаре дошт, аз ин рӯ, соли 1969 ба факултети физика-математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Хуҷанд дохил шуд. Аълохону ташаббускор буд, фаъолона дар конфронсҳои илмӣ ширкат меварзид, дар навиштани мақолаҳои илмӣ дасти қавӣ дошт. Бинобар он, пас аз хатми Донишгоҳ дар қатори муаллимон мақом ёфт. Бо ҷ