Омӯзгорӣ пешаи пурзаҳмат, вале ҳамоно пуршараф аст. Рисолати омӯзгор тарбияи инсони комил буда, дар ниҳоди шогирд бедор намудани беҳтарин фазилатҳои инсонист, ки тариқи таълими ҳадафрас метавон ба он ноил гашт. Зуҳро Ҳасановаро аз зумраи омӯзгоронест, ки бо заҳмати 40-солаи муаллимӣ обрӯ ва номи наку ёфтааст. Дар ин касб муҳим дӯст доштани пеша аст. Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ҳунарманд, рассом, эҷодкор аст, ки барои баланд бардоштани руҳияи шогирдон заҳмат мекашад. Ҳамин аст, ки муаллими меҳрубону дилсӯз ҳеҷ гоҳ аз хотири шогирдон фаромӯш намешавад.
Ба ақидаи омӯзгор, эҷодкориву навоварӣ дар машғулиятҳои таълимӣ метавонанд хонандагонро ба дарс ҷалб созанд. Ин усули дарсгузаронӣ ҳатто талабагони сустхонро ба андеша намудан водор месозад, то фикри хешро озодона иброз доранд.
Тайи чиҳил сол аст, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 90-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамчун омӯзгори навовару навҷӯ шинохта шудааст. Соли 2009 дастури методӣ «Шаклҳо ва ҳалли масъалаҳо дар таълими синфҳои ибтидоӣ»-ро таҳия намудааст, ки омӯзгорони мактаб онро ҳамчун маводи ёрирасони таълимӣ истифода мебаранд. Зуҳро Ҳасанова соли 1978 Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм намуда, корро аз боғча оғоз намудааст. Шуруъ аз соли 1994 дар МТМУ № 90 ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият мебарад. Муаллим иштирокчии озмуни «Муаллими сол - 1997» ва 18 сол муовини директор оид ба корҳои таълимӣ будааст. - Омӯзгорӣ касби шарафманд аст. Вақте муваффақияти шогирдеро мебинӣ, тапиши қалбат бештар мешаваду ҳиссиёти аҷиберо эҳсос менамоӣ. Аз чунин рухдод мефахраму дарк месозам, ки заҳматҳоям беҳуда набудаанд. Имрӯз шогирдони зиёде дорам, ки пешаи муаллимиро интихоб кардаву фаъолият доранд. Хурсандам, ки мо тавонистем муҳаббати ин касбро дар дили шогирдон маъво диҳем, -мегӯяд бо ифтихор З. Ҳасанова. Ба иқрори устод, ӯ худ пайваста меомӯзад, аз шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти зиёдеро оид ба тарзу усулҳои нави таълим мехонад, таҳлил менамояд. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро муҳим ва саривақтӣ медонад. Муаллими синфҳои ибтидоӣ чӣ мушкилиҳо дорад? Мепурсам аз Зуҳро Ҳасанова. -Агар дар синф 30 хонанда бошад, 30 намуди характер ҳаст. Муаллим бояд психологи хуб бошад, ки ба ҳар хонанда мувофиқ ба ҳолаташ кор бигирад. Аз ин шумора нафароне ҳастанд, ки аллакай китобро хонда метавонанд ё ҳарфҳоро каму беш мешиносанд, вале боз нафароне низ ҳастанд, ки ҳатто қаламро ба даст нагирифтаанд. Дар ин сурат вазифаи муаллимон омӯзондан, раҳнамоӣ намудани хонандагон аст. Бо хонандагони сустхон инфиродӣ кор мекунем, то ба ҳамсолони хеш баробар шаванд. Омӯзгор бояд дар синф ба ҳама хонанда назари нек, муомилаи хуб дошта бошад,- ифшо медорад омӯзгору суханашро идома мебахшад,- беҳтарин ҳадияи сарнавишт баҳри ман он аст, ки фарзандони солиму намунавӣ дорам ва бар замми ин тавонистам, заррае ҳам бошад, ба халқу Ватанам хидмат намоям. Хурсандам, ки имсол мактаби мо аз таъмири пурра баромад ва хонандагону омӯзгорон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузоранд.
Фарзона ВОСЕЕВА