Зиёда аз панҷоҳ сол нони ҳалоли омӯзгорӣ шикаставу равзанаи дилро рӯи фарзандони халқ боз намуда, дарси меҳру вафо, хулқи наку ва судовариро баҳрашон нисор сохтааст. Донишафрӯзӣ, фазилатгустарӣ ва рӯшноибахширо дар тинатҳо ҷой дода, маҳбуби садҳо кӯдаконе, ки нахустин гомҳоро ба дабистон ниҳодаанд, гаштааст.
Боре пояш лат хӯрду 12 рӯз ба мактаб нарафт. Дарун-дарун месӯхту аланга мезад, ки шогирдонаш ба чӣ ҳоланду чӣ омӯхтанд? Зангҳои телефонии пайдарҳами волидон зиёд парешонаш кард: «Муаллима, Шумо нестед, фарзандам мактаб рафтан намехоҳад». Кӯдаке аввалин бор ба мактаб омада, бо доду ғирев дасти модарро маҳкам медошт. Ба ҳар синфхонае, ки воридаш мекарданд, ҳаросон худро берун мезад. Чун дари синфхонаи Назрбӣ Искандароваро кушоданд, дидагони тарсхӯрдааш муаллими солору ботамкинро дид, ки чеҳраи гарму табассуми ширин дошт. Пазироии нарму алфози шаккарини омӯзгор кӯдакро ором сохт, ки билохира вориди синф гашту болои курсӣ нишаст. Талабаеро таълиму тарбия бо душворӣ даст медод. Падарро амалкарди писар хуш наомад, ки дар ҳузури муаллим хост ӯро танбеҳ диҳад. Писар пушти омӯзгор панаҳ бурду оғӯшаш гирифт ва имдод ҷуст. Устод ӯро сипар гашт. Рӯзе хонандагон иншои «Касби дӯстдоштаи ман» навиштанд. Омӯзгор онҳоро варақ заду аз навиштаҳои он писар завқ бурд: «Чун бузург шудам, ронанда мешавам ва муаллимро дар пеш шинонда, сафари Амрико мебарам».
Имтиҳон
Назрбӣ Искандарова, омӯзгори дидадарову ба дилҳо ҷо, зодаи ноҳияи Темурмалик аст. Таҳсилдидаи факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи педагогии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, соли 1970 онро бо дипломи сурх поён бурдааст. Тарбияи панҷ фарзанд, фаъолият дар мактаб, рӯзгордорӣ ва даҳҳо кори дигар шуғли ҳаррӯзаи омӯзгор буд. Зиндагӣ барояш имтиҳони сангин пеш овард. Ҳамсари бевафо ӯву фарзандонро тарк гуфт. Азоби руҳӣ кашид. Вале баҳри ояндаи фарзандон худро ба даст гирифт. Бо директори мактаб, ки ҳафт фарзанди бемодар дошт, издивоҷ намуд, баробари ҷигарбандони хеш ба онҳо таълиму тарбияи хуб дод. Субҳгоҳон бо ҳамсар сӯйи мактаб, ба таълиму тарбияи фарзандони халқ мешитофт, фориғ аз дарс раҳ сӯи хонаводаи бузурги худ мегирифт.
Ёде аз овони гузашта
Қиблагоҳи Назрбӣ Искандар Фозилов фориғтаҳсили Дорулмуаллимини шаҳри Самарқанд дар аҳди шуравӣ аз ноҳияи Айнӣ чун ҷавони пешқадаму ободкор ба шаҳри Кӯлоб фиристода шуд. Муддате ба симати омӯзгор ва баъдан дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолияти пурмаҳсул дошт. Рафтор, гуфтор ва андешаҳои падар барои ҳамсару 11 фарзанд, ҳамсоягон ва ҳамкорон беҳтарин тимсоли ибрат буд. Эҳтироми хурду бузургро ба ҷо меоварду «шумо» гӯён муроҷиат менамуд. Дар хонавода касе «ту» намегуфт. Ҳусни тафоҳуми байниҳамдигарии ин оила зинатбахши ҳаёт буду намуна барои дигарон. Қиблагоҳ ҳамсару фарзандонро бағоят дӯст медошту номҳоро бе зикри вожаи «ҷон» ба забон намеовард. Гоҳе, ки муаллим Назрбӣ аз падар қисса гӯяд, дидагонаш пуроб, садояш ларзону қалбаш ба туғён меояд.
Таҷриба
Назрбӣ Искандарова фаъолияти касбиро соли 1971 аз мактаби № 17-и ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) шуруъ карда, то соли 1980 дар ин боргоҳ фаъолият бурд. Баъдан, дар мактабҳои № 1-и ноҳияи Совет (имрӯза Темурмалик), № 32-и шаҳри Кӯлоб, № 43-и шаҳри Душанбе дарс гуфт. Аз соли 2016 то ҳол дар МТМУ № 101-и пойтахт ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ифои вазифа менамояд.Сарфи назар аз синни бознишастагӣ ҳамоно неруи кор карданро дошта, мехоҳад ба ҷамъият судманд бошад. Дар тарбияи шогирдон саъй менамояд, ки онҳо фасеҳу равон нутқ кардан омӯзанд, ҷӯянда, ташаббускор ва фаъол бошанд. Ба ин тариқ, муаллим зеҳни кӯдаконро ба нуктапардозӣ раҳ кардааст, ки ин ҳидоятгариҳо боис шуда, ки имрӯз аксарияти шогирдонаш обруманд ва дар сохторҳои гуногуни ҷомеа заҳмат мекашанд.
Самар
Омӯзгори собиқадор 13 фарзандро ба воя расонда, таҳсилдида ва хонадор карда, ба роҳи мустақили зиндагӣ гуселондааст, ба ҳама муҳаббати баробар бахшидааст. Кӯшидааст, ки як пора нонро ба ҳам дида, ҳеҷ гоҳ дил наозорад ва модари мушфиқ бошад.Фарзандонаш Олимҷон ва Солеҳҷон ба соҳибкорӣ шуғл дошта, Мунира ва Ҷамила омӯзгор ва ҳамшираи тиб мебошанд. Манзура дар хоҷагии деҳқонӣ заҳмат кашида, дар ғанӣ гардондани буҷети оила саҳм дорад. Шукрона мутахассиси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурист. Сафаралӣ, Дилшод, Санавбар дар МТМУ № 32-и шаҳри Кӯлоб ҳамчун омӯзгор фаъолият менамоянд. Ҳанифа низ омӯзгор буда, дар мактаби № 5-и шаҳри Душанбе масруфи кор аст. Хадича бо ҳамсару фарзандон муқими кишвари Канада мебошад. Саодат дар хоҷагии деҳқонӣ ба корҳои кишоварзӣ шуғл дорад. Илҳом афсари Горди миллӣ буду соли 2013 зимни амалиёти зиддитеррористӣ баҳри ҳаёти осоиштаи халқи Тоҷикистон ҷон нисор кард. Аз ин падари қаҳрамон ду духтари дӯстрӯ нишон мондааст. Назрбӣ Искандарова тули умр, агарчи заҳмати зиёд кашида, беш аз 50 сол ба фарзандони халқ сабақ додааст, ҳанӯз ҳам ба неруи худ бовар дорад, то ба ҷомеа судманд бошад. Соле, ки муаллимаро ба нафақа гуселондан хостанд, бо дидагони нам гуфт, ки худро бидуни кӯдакон ва пешаи дӯстдоштааш наметавонад лаҳзае тасаввур кунад. Ва бо муҳаббат иброз дошт:«Ҳине, ки рӯи гарму ширини кӯдаконро мебинам, неруям афзун ва дилам рӯшан мегардад, хастагиро эҳсос намекунам. То ҷон дар рамақ дорам, мехоҳам заррае ҳам бошад, ба Ватан хидмат намояму дар ҳалқаи фарзандони халқ бошам».
Маҳбуби дилҳо, Назрбӣ Искандарова бо ҷамъи беш аз 50 соли фаъолияти бенуқсони омӯзгорӣ, сазовор аст, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз гардад.
Омина ХОҶАЕВА