Дар яке аз мулоқотҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Хатлон шоҳиди суҳбати таконбахши бонуи пешоҳанг ва ҳунарманди муваффақ Мушкинисо Саидова гардидем, ки бо заҳмати обчакориву боғдорӣ, кадбонугиву ҳунарҳои дӯзандагӣ ва навовариву хушкориҳо намунаи ибрат барои ҷавондухтарони деҳот аст. Ӯ интизор надошт, ки як рӯзи пурнишот, барояш муяссар мегардад, ки 35 дақиқа бо Пешвои муаззами миллат суҳбати ошкорову самимӣ дошта бошад.
Мушкинисо Саидова, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Омина-Ҷ «– и ноҳияи Ҷайҳун, гуфт, ки баъди даҳсола орзумандиву интизориҳо дар суҳбати рӯ ба рӯ аз розу ниёзҳои зиндагӣ ва садоқату меҳру муҳаббати бепоёни худ ва ҳамдеҳагонаш ба Президенти мардумӣ қисса кардааст.
- Офаридгор ба оне, ки зимоми давлату замонати халқро вогузор намояд, ҳатман фаҳму заковати аз дарки мардум фаротарро ҳам ато мекардааст,- изҳор дошт дар оғози суҳбат бонуи шердил. - Ин нуктаро ҳангоми гуфтугӯ бо Сарвари давлат эҳсос намудам, ки ногуфтаи ман ҳам, аз тамоми бурду бохт, пешрафту мушкилиҳои мардум огаҳӣ доранд. Албатта, дар ҳузури фаъолону мансабдорони сатҳи вилоят ҳатто суханварони касбӣ мувозинати худро аз даст медиҳад, аммо меҳру самимияти Пешвои миллат, бароям неруе бахшид, ки наздаш рози дил гуфтам.
Мушкинисо Саидова дар ноҳияи Ҷайҳун зодаву баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар омӯзишгоҳи ҳунарӣ идома медиҳад. Баъди касби дӯзандагӣ ба ҷавони деҳотие издивоҷ кард, ки шароиту муҳити рӯзгорашон аз шаҳрак - маркази ноҳия аз замин то осмон фарқ мекард.
-Дар хонадони ҳамсарам, ки субҳи мо аз тозакунии оғилу саройҳо ва говдӯшиву ширполӣ оғоз шуда, дар кори саҳро шом ба охир мерасид, одат кардан осон набуд. Хуш бахтона, хушдомани монои модарам дилсӯзу меҳрубон доштам, ки бо ҳисси хушбиниҳо ба оянда дасти маро ба корҳои хоҷагидорӣ рост кард. Ба гуфти номбурда, сокинони деҳот маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз баракати таҷдиди хоҷагиҳои коллективӣ заминдор шуда, мурури заҳмати чандинсола заминҳоро аз қарзи андозу сармоягузорон бароварда, қитъаҳои нокорамро ба марзҳои зархез табдил доданд. Бо тавсияи мутахассисон хоҷагиҳои инфиродӣ аз кишту парвариши пахта ҳосили баланд рӯёнда, сармоядор мешаванд. Агар замоне, заҳматкашони саҳро дар пой мӯзаҳои резинӣ ва бо хараробаву пойи пиёда ба саҳро мерафтанд, имрӯз дар сари заминҳо мошинҳои кондитсионердор мушоҳида мешаванд, ки ин аз пешравиҳои деҳот дарак медиҳад. Таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ мафҳуми зани хонашинро аз байн бурда, ҳолиё на танҳо коргарони одӣ, балки дар сафи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, роҳбарони хоҷагиҳо ва раисони маҳаллаву деҳоти ноҳия шумораи бонувон меафзояд. Аз ҷумла, баъди собиқаи чандинсолаи кори хоҷагидорӣ, инак ду сол мешавад, ки масъулияти роҳбарии хоҷагии деҳқониро худ ба уҳда гирифтаам,- хандида изҳор дошт Мушкинисо Саидова. – Гарчанде мо-бонувон дар корҳои ҷамъиятӣ бештар фидокорӣ нишон медиҳем, ба ростӣ, файзу баракати мардаки хона дигар аст ва шахсан роҳбарии хоҷагиро ба зимма гирифта бошам ҳам, пешрафти кори саҳрову дигаргуниҳо дар хонаводаамон ба шарофати роҳнамоии ҳамсарам ба даст меоянд. Дар муҳити ин хонавода мафҳуми корҳои мардонаву занона вуҷуд надорад. Кору бори хонаро худам саришта мекунам, вале барои дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ тарбия бинмудани фарзандон, ману ҳамсарам ба корҳои якдигар ёрӣ мерасонем, то ҷавонон ибрат гиранду аз уҳдаи ҳама корҳо баромада тавонанд,- андешамандона изҳор дошт мусоҳибам. Сониян, ба тарбияи духтарон аҳамияти бештар дода, онҳоро ба пастиву баландиҳои пешомади ҳаётӣ омода месозем. Дар айёми ҷавониҳои Мушкинисо модарон масъулият доштанд, ки ба духтаронашон ҳунарҳои кадбонугӣ, дӯзандагиву бофандагӣ омӯхта, бо рафтори шоиставу ҳусни гуфтор ва фарҳанги сарулибоспӯшиву тозакориҳои худ онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода намоянд. Баъдан, гузаштагони мо ба ҳайси хусуру хушдоман ҳам одилу дурандеш буданд, ки дар сурати ба ҳаёти оилавӣ омода набудани навхонадорон дар тарбияи минбаъдаи онҳо ба ҳаёти мустақилона мисли ба духтарони худ муносибат мекарданд. Ин буд, ки дар аҳди пешин оилаҳои ҷавонро хатари пошхӯрӣ таҳдид намекард. Толеи Мушкинисо баландӣ кард, ки аҳли оилаи ҳамсар нисбаташ мӯнису ғамгусор буда, ҳам ҳунару истеъдоди худро барояш арзонӣ доштанд ва имрӯз ҳама хонаи ободу замину боғистони пурсамарашро аз баракати заҳмату эҳсони хонадони шавҳар медонад, ки ба ӯ усули кор омӯхта буданд. Имсол аз даҳ гектар заминҳои хоҷагӣ дар 8 гектари он кишти пунбадона гузаронда, дар боқӣ қитъаҳо бо ҷалби иҷоракорон кишти зироатҳои барои ғизои зимистонӣ муҳимро ба роҳ мондем,- мегӯяд вай. Пиру барнои ноҳияи Ҷайҳун дар фикри беҳбудии зиндагӣ ва захира намудани ғизо барои ду соли ояндаи худ мебошанд. Ба туфайли заминдорӣ хоҷагидорон танҳо равғану қандро аз бозор харида, боқӣ нуқлу неъматҳои истеъмолиро аз ҳосили замину боғистонҳо омода месозанд.
Мавсуф иброз медорад, ки дар шароити кунунӣ барои деҳқонони ноҳияҳои ҷанубии вилоят корхона не, сардхона фоидаи бештари иқтисодӣ меоварад. Зеро, аз набудани шароити нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳосили фаровони пиёзу картошка, меваро бо арзиши ночиз фурӯхта, маводи сӯхт ва нуриҳои минералиро бо нархи дучанд мехаранд, ки ба иқтисодиёти хоҷагиҳо зарар мерасонанд.
-Имсол ҳосили заминҳо дучанд афзуд, аз ҳисоби барзиёди ҳосил дар таҳхонаи истиқоматгоҳ хушкмеваю бастабандии беш аз 40 номгӯи сабзавоту полизиҳо ва донагиву маҳсулоти аввалияро бо тарзу усулҳои гуногун захира намудем,-гуфт бо ифтихор Мушкинисо Саидова.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Ҷайҳун