Рӯзгори арбоби намоёни сиёсиву давлатӣ, бонуи нексиришт, соҳибмактаб ва фидоии равшанзамир Низорамоҳ Зарифова барои насли имрӯзу ояндаи кишвар ибратбахш аст. Ӯ доманаи сад соли пурбаракату сермаҷро дар зиндагӣ нақши арзишманде гузошта, тамоми ғайрату кӯшиши хешро баҳри рушди Тоҷикистони азиз ва тарбияти кадрҳо бахшидааст.
Баҳраваргаштаи мактаби ҳаётии Низорамоҳ Зарифова котиби Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Давлат Гадоев буд: - Давлат Гадоев шахси бузург буд, - изҳор дошт Низорамоҳ Зарифова. Ман ӯро ҳамчун ходими давлативу советӣ, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон, аъзои пленуми КМ ПК Тоҷикистон медонам. Аз давраҳои ҷавонӣ солҳои зиёд ҳамкор будем, дар давраҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 ӯ котиби якуми комитети комсомоли ноҳияи Колхозобод (Восеи ҳозира) буд. Ман дар комитети комсомоли вилояти Кӯлоб кор мекардаму ана дар ҳамин солҳо шинос шуда будем, мудом ба ӯ ёрӣ мерасондам… Чанд сол пас як бор яксолаву бори дигар сесола дар Мактаби олии партиявӣ таҳсил намудам. Аниқтараш, соли 1955 дар Маскав мехондаму шунидам, ки Давлат Гадоев депутати Совети Олии РС Тоҷикистон интихоб гаштааст. Хурсанд шудам, ки як нафар фарзанди асили халқи тоҷик ба зинаи волои фаъолият баромад. То хатми таҳсили мо шаш моҳ монда буд. Рӯзе аз намояндагии Тоҷикистон дар Маскав, Маҳмадсаидов гуфтани шахс занг зада гуфт, ки фардо дар соати 9 шуморо котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров барои суҳбат интизор аст.
Аз ин даъват ҳайрон ба худ суол медодам, ки он кас чӣ мегуфта бошанд. Ҳоло ман шунавандаи Мактаби олии партиявӣ, бевазифа. Шояд сабаби ҷавонӣ буд, ки ба он суҳбат нарафтам. Пагоҳаш намояндаи Тоҷикистон ба хобгоҳ омада, маро сарзаниш карда, бо худ бурд. Охири моҳи декабри соли 1955 сессияи Шурои Олии РСС Тоҷикистон даъват шуд ва аз номи Раиси Президиуми Совети Олӣ Назаршо Додхудоев телефонӣ хабар дод, ки шуморо ба вазифаи мудири шуъбаи КМ ПК Тоҷикистон пешбарӣ намуданду рафиқ Бобоҷон Ғафуров мехоҳад бо шумо суҳбат намояд. Суҳбат бароям басо муфид буд. Давлат Гадоевро бошад, вакилони халқ моҳи марти ҳамин сол котиби Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб карданд ва ӯ дар ин вазифа то охири умр (23 сол) фаъолият намуд ва бо се раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон: Мирзо Раҳматов, Назаршо Додхудоев ва Маҳмадулло Холов кор кард. Ҳамаи онҳо Давлат Гадоевро аз рӯи донишу таҷрибаи бои корӣ, нексириштиву кордонию беҳтарин хислатҳои инсонӣ доштанаш дӯст медоштанд. Масалан, ман бо роҳбари аввали кишварамон Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Маҳмадулло Холов ва дигарон кор карда, нағз ба ёд дорам, ки ҳамеша онҳо номи Давлат Гадоевро ба некӣ ёд оварда, дар борааш суханони хуб мегуфтанд. Бобоҷон Ғафуров дар тарбияву дастгирии Низорамоҳ Зарифова нақши бузург дошт. Қобилият ва истеъдоди баланди роҳбарии ин бонуи фидоиро ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи мудири шуъбаи КМ ПК Тоҷикистон (1955) пешниҳод намуд. Низорамоҳ тули солҳо то ба дараҷаи котиби КМ ПК Тоҷикистон (1956 - 1966), муовини раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва дигар вазифаҳои баланд сабзид… Низорамоҳ Зарифова 6 ноябри соли 1923 дар деҳаи Шехвесии ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Падараш Одина Махсум (1896 - 1928) дар деҳаи Мазори Ҳазрати Султон ба дунё омадааст. Ӯ шахси донишманд ва меҳнатӣ буд. Модараш Шарифамоҳ зодаи деҳаи Шехвесӣ, ҳамчун бонуи ҳунарманд байни мардум маҳбубият дошт. Гузаштагони ҳар ду тараф - модарӣ ва падарӣ донишманд ва маъруфу машҳури замони хеш буданд. Аксари онҳо, ки истеъдоди баланди модарзодӣ доштанд, хатмкардагони мадрасаҳои Мазори Ҳазрати Султон, Қуллаки Шехвесӣ ва Бухоро буданд. Аз ҷумла, Шайх Мулло Ҳалим, Эшони Қосимхоҷа, Эшони Олимхоҷа, Қорӣ Аҳмадҷон, Домулло Эшонхоҷа (мударриси мадрасаи Мири Араби Бухоро), Саид Умар Маъруфзода (аслан Қосимзода) хатмкардагони мадрасаи Мири Араб буданд. Хонаводаи онҳо барвақт аз Ховалинг ба деҳаи Пушиёни Поён, имрӯза ноҳияи Восеъ кӯчида, падараш дар 32 – солагӣ, тақрибан соли 1928 дар 6 - солагии вай аз дунё гузашта, ӯ, акааш Абдулазизи 10 - солаю хоҳараш Рухсорамоҳи 6-моҳа дар тарбияи модараш Шарифамоҳ монданд. Баъдтар модараш ба Зариф ном сокини ҳамин деҳа хонадор шуда, аз онҳо Тоҷинисову Зебунисо ва Меҳринисо ба дунё омаданд. Дар тарбияи ин бонуи бахосият саҳми падарандараш калон аст. Низорамоҳ пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб (1941) ва Мактаби олии ҳизбии КМ ҲКИШ (1955), дар вазифаҳои мудири шуъбаи кумитаи комсомол, мудири шуъбаи кадрҳои комиҷроияи шаҳри Кӯлоб (1941 - 1945), мудири шуъбаи мактабҳои кумитаи комсомоли вилояти Кӯлоб (1945 - 1947), мудири шуъбаи занони кумитаи ҳизби вилояти Кӯлоб (1947 - 1952), мудири шуъбаи занони КМ ҲК Тоҷикистон (1955 - 1956), котиби КМ ПК Тоҷикистон (1956 - 1966), муовини раиси Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (1966 - 1978) фаъолона кор кард. Солҳои 1955 - 1986 узви КМ ПК Тоҷикистон, аъзои пленум ва Раёсати Кумитаи занони ИҶШС, узви Шурои Федератсияи байналмилалии занон, раиси Шурои занони Тоҷикистон ва раиси Шурои ҷумҳуриявии донишгоҳҳои мардумӣ (аз соли 1968), депутати Совети Олии ИҶШС, (даъватҳои 5 - 6) ва Совети Олии РСС Тоҷикистон ( даъватҳои 4, 6, 8, 9) буд. Бо 2 ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони фахрӣ», 3 медал ва ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии СССР ва РСС Тоҷикистон қадр шудааст. Соли 1939 барояш муяссар гардид, ки бо ҳамроҳии 300 иштирокчиёни тоҷик, дар паради умумииттифоқии варзишгарон дар шаҳри Москва иштирок намуда, дар байни 15 ҷумҳурӣ ба гирифтани ҷои дуюм сазовор гардад.
Хидматҳои ин бонуи куҳансоли фидоӣ чун даврони шуравӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ бебаҳост. Вай солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар паҳлуи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувор истода, дар тарғиби худшиносиву худогоҳӣ, ғояҳои ибратбахши соҳибистиқлолӣ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ саҳми созгор гузошт. Ҳаёт ва рӯзгори бонуи забардасти тоҷик Низорамоҳ Зарифова зеби асару филмномаҳои мустанади пурҷилост.
Амир Сайиди МУНКӢ,