27

Июн, 2025
Ҷумъа

27

Июн, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ПАРИИ ОБИЕ АЗ ҲАВЗИ ҚАЙНАР

 

Parii-obiЧун аз тамошои мавзеи таърихии «Ҳавзи Қайнар» – и деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ лаззат мебурдем, яке аз журналистони ҳамроҳамон гуфт: -«Ин ҳавз «Русалочка» надорад?». – «Албатта, дорад!»,-шӯхӣ кард дигаре. Ин дам нигоҳи ман ба зане бархӯрд, ки бо чашмони пурмеҳр ба меҳмонон менигарист. Ӯ сарвари ҳамин макони фарҳангӣ Мисқолбӣ Саидова будааст. Бо ин бонуи пурназокат давродаври ҳавзи Қайнар, ки таърихи ҷолибе дошта, аз қадимии ин мавзеъ осорест, роҳравон суҳбат кардем. Ӯ бо шавқи хос аз ин макони таърихӣ ва зебоиҳои табиияш бо камоли майл ҳарф мезад. Мисқолбӣ Сафаровна яку ним сол аст, ки директори мавзеи фарҳангии «Ҳавзи Қайнар» мебошад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакист, чанд соле дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 муаллимӣ кардааст. Баъд 9 сол котиби ҷамоат буду таҷрибаи хуби корӣ ва муносибат бо одамонро омӯхт. Мавзеи таърихии «Ҳавзи Қайнар», ки гулзору роҳравҳои муосир ва нишастгоҳҳои зебояш аз боғҳои шаҳрҳои калон кам нест, дорои 12 воҳиди корист, яъне, Мисқолбӣ ба 7 зан ва 4 мард сарварӣ мекунад. Аз қавли ӯ, ободонии ин мавзеъро аз соли 2017 инҷониб роҳбарони Хоҷагии деҳқонии «Файзи Саид» бар уҳда гирифта, хористонро ба гулис­тон табдил додаанд. Аҳсан!

- Пеш ин ҷо як қамишзору партовгоҳи назарногиру бесоҳибе буд, - ба хотир меорад ҳамсуҳбатам. - Инак, дар 3–4 сол ба як макони зебои сайёҳӣ мубаддал гаштааст, ки бинанда, махсусан ҷаҳонгардони хориҷиву дохилӣ аз он ҳаловат мебаранд. Оби ҳавз талаботи 450 хонавода ва даҳҳо хоҷагиҳои деҳқонии атрофро мебарорад ва ҳеҷ гоҳ кам намешавад. Зиёда аз 40 чашма, ки дар қаъри ҳавз меҷӯшад, ҳавз ва тавассути он мардумро сероб мегардонад. Тамошои мавзеъ барои ҳамагон ройгон аст.

Дар ҳавз қувони сафед ва мурғобиҳои беҳисоб дар шиноянд. Аз Мисқолбӣ зимни суҳбати кӯтоҳ маълумоти зиёде гирифтам ва ӯро назди идорааш махсус акс бардоштам, зеро бори аввал дар болои теппа идореаро мебинам, ки бонуи боҷасорате онро роҳбар аст. Хеле аҷиб буд, ҳуҷраи корӣ дар болои теппаи ин ҳавзи таърихӣ. Мисқолбӣ аз шумули он бонувони некномест, ки барои ояндагон роҳ кушодаанд. Шояд ӯ ҳам замоне ба лаби ин ҳавзи таърихӣ, ки дар зери хокаш ҳазорон бузургонро пинҳон кардаву бо сағонаҳои таърихияш маданияти то исломии гузаштагони моро дар худ нуҳуфтаасту нишоне аз таърихи миллати мост, омадаву орзуе карда бошад, ки фардо онро чунин ҷойи диданӣ созанд? Шояд ин бонуи имрӯз ифтихорманд, ки 30 - 40 сол муқаддам духтари зеботарини ин макони имрӯз гулбасар будааст, даврони ҷавонӣ орзуи дар ин маъво дидани ормонҳои хешро ба дил орзу карда буд? Шояд! Ман инро аз ӯ напурсидам. Кадоме гуфт, ки Мисқолбиро ҳини ҷавонӣ парӣ мегуфтанд. Паридухтари ин деҳа. Инак, ӯ парии обиест, ки шаҳбонуи ин ҳавзи таърихӣ буда, ҳамчун нигаҳдорандаи зебоӣ ва таърихи диёри хеш, дар хидмати мардум аст. Он рӯз барои дидорбинӣ бо мо Мисқолбӣ ба қошони пайвандияш усмаи тар кашида буд ва гӯиё мо дар хонадонаш меҳмон бошем, хеле шод буд. Зеро, инак, ӯ муаррифгари таърих ва фарҳанги тоҷикон аз асрҳои пешин то ба ҳол аст. Ӯ намои занонест, ки ҳаёти хешро масрафи муҳаббат ва хидматгузорӣ ба миллату Меҳан кардаанд. Бо парии обии ҳавзи Қайнар - Мисқолбии нозанин хайрухуш намекунем, зеро мо ва шуморо сафарҳои зиёде мебояд ба дидани ҳавзи Қайнар, ки як макони мафтункунандаи диданист. Меҳмон шавед, то муътақид бигардед, ки дар деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ «шаҳрак»-ест пур аз диданиҳо ва париҳои обӣ!

Ҳуриннисо АЛИЗОДА,
Душанбе -Восеъ- Душанбе

:.  Аз ҳар боб 14.11.2021 06:23 697

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz