20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДУБОРА САБЗ АНДАР САБЗ ГАРДЕМ

     Ба бовари коршиносон, имрӯз захираҳои табиӣ иқтисоди ҳар кишварро муайян месозад. Бузургтарин кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта, ки дар сиёсатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва низомии ҷаҳони муосир ҳарфи аввалро мезананд, эътироф доранд, ки гаравгони давлатҳои таъмингари захираҳои энергия мебошанд. Чунончӣ ИМА – бузургтарин абарқудрати сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии айёми мо 30 дарсади нафти худро аз халиҷи Форс ворид мекунад ва ба кишварҳои нафтсодиркунанда вобастагӣ дорад. Ва ё агар як ҳафта ба Ҷопон, бо он ки дувумин қудрати иқтисодии ҷаҳон маҳсуб мешавад, нафту газ аз хориҷа ворид нашавад, иқтисоди он бо фалаҷи комил рӯбарӯ хоҳад гашт. Бад-ин ваҷҳ ин ду кишвар эълом кардаанд, ки талош барои истиқлоли энергетикӣ калидитарин рукни амнияти миллӣ мебошад.           

     Тоҷикистон низ аз нахустин солҳои истиқлоли сиёсии хеш дастёбӣ ба истиқлоли энергетикиро аз барномаҳои стратегии хеш эълон кард, зеро дорои захираҳои ҳангуфт ва тамомнашудании энергияи обӣ мебошад. Ҷумҳурии мо бо соҳиб будан ба 60 дарсади захираҳои оби минтақа аз қудратҳои барқии билқувва ҳисоб мешавад. Иқтидори гидроэнергетикии аз лиҳози техникӣ дастраси минтақа беш аз 400 миллиард кВт-соат дар сол арзёбӣ шудааст, ки 317 миллиард кВт соати он ба Тоҷикистон рост меояд. Мутаассифона, ин тавонмандӣ дар минтақа дар ҳадди 10 дарсад ва дар Тоҷикистон 5 дарсад баҳрабардорӣ мешавад. Яъне, иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон ниҳоят азим аст, вале 95 дарсади он беҳуда дар рӯдакҳову рӯдхонаҳо ҷорист. Аз ин лиҳоз ҷумҳурӣ то корандозии нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ва хуруҷи иҷборӣ аз низоми энергетикии ягонаи минтақа аз 20 то 30 дарсад ба нерӯи барқи хориҷӣ вобастагӣ дошт, вале бо сохтусози хатҳои интиқоли нерӯи барқи баландшиддати 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол» ва 220-киловолтаи «Лолазор-Хатлон» низоми энергетикии воҳиди худро ба вуҷуд овард.           

     Агарчи дар тобистон нерӯи барқи тавлидшаванда аз ниёзи дохилӣ бештар аст, дар зимистон камбуди шадид дар ин робита эҳсос мешавад. Тибқи нақша баъдан бо расониши баландии сарбанд ба 335 метр Роғун зарфияте пайдо мекунад, ки 3600 МВт нерӯи барқ тавлид созад. Аммо бунёди ин нерӯгоҳ аз сӯи Ӯзбекистон бо баҳонаҳои зиёде мавриди эътирози шадид қарор гирифтааст. Ба бовари таҳлилгарон, кишвари ҳамсоя намехоҳад Тоҷикистон ба истиқлоли энергетикӣ даст ёбад ва ба як кишвари пешрафта табдил шавад. Ҳоло бо дастури Бонки ҷаҳонӣ коршиносони байналмилалӣ ба ташхиси техникӣ, иқтисодӣ ва экологии тарҳи Роғун саргарманд, ки натиҷаи он поёни соли 2011 эълон хоҳад шуд. Қаблан бо фармоиши «РУСАЛ» ширкати «Ламайер» ин ташхисро анҷом дода буд. Таҳлилгарон бар онанд, ки ин ду ташхис аз ҳам тафовут нахоҳад дошт ва ба суди кишвари мо хоҳад буд. Дар сурати корандозии комили ин бузургтарин нерӯгоҳи минтақа Тоҷикистон бо раҳоёбӣ аз вобастагии энергетикӣ ба ворастагии энергетикӣ даст меёбад, яъне ниёзҳои дохилиашро ба энергияи барқ куллан рафъ месозад ва ҳатто имкон пайдо мекунад, ки як бахши барқи тавлидиро ба Афғонистон ва Покистон бифурӯшад. Ҳинд ҳам омодагии харидории онро дорад. Эҳтиёҷи ин кишварҳо ба барқ хеле фаровон аст, зеро қисмате аз манотиқи онҳо билкул маҳрум аз барқ мебошад. Алҳол дар ин се кишвар арзиши як кВт соати барқ беш аз 7-8 сент мебошад, аммо дар ҷумҳурии мо каме афзун аз 2 сент арзиш дорад. Агар ин се кишвар барқи моро ба 5 сент харидорӣ кунанд, миллиардҳо доллар ба хазинаи давлат ворид хоҳад шуд.           

     Алъон бунёди хатти 1000 мегавата бо сармояи 700 миллион доллар ба нақша гирифта шуда, ки қарор аст нерӯи барқи барзиёди Тоҷикистонро ба кишварҳои ёдшуда интиқол диҳад. Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё ва Оҷонсии рушди байналмилалии ИМА изҳор доштаанд, ки сармояи аввалияро баҳри иҷрои ин тарҳ хоҳанд гузошт.           

     Бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии Зарафшон, Шӯроб ва Даштиҷум (бо иқтидори 4 ҳазор МВт) дар оянда дар ҷумҳурӣ инқилоби энергетикиро ба дунбол хоҳад овард, ки паёмадҳое шигарфе хоҳад дошт. Якум, захираи об бо гармоиши иқлим коҳиш ёбад ҳам, таҷдидпазир аст, нерӯгоҳҳои обии барқӣ барои ҳамеша боқӣ хоҳанд монд ва истиқлоли миллиро пойдориву истеҳком хоҳанд бахшид. Дуюм, бо барқи арзони худӣ саросари кошонаҳо ва ниҳодҳо рӯшану гарм мешавад, ҳазорҳо корхона ба кор меоғозанд, кишоварзӣ саноатӣ мешавад, саноати туризм рушд хоҳад кард, дигар ниёзе ба буриши ҷангалҳо намемонад ва Тоҷикистон дубора ба диёри сабзандарсабз бадал хоҳад гашт. Сеюм, Тоҷикистон бо фурӯши нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамҷавор ба қудрати иқтисодии минтақа табдил хоҳад ёфт, бо афзоиши сатҳу сифати зиндагӣ мардум аз пайи дониш, илм ва фановарӣ хоҳанд гашт ва иқтидори иқтисодӣ ҳатман эҳёи фарҳангиро ба дунбол хоҳад дошт. 

А. ТОҲИРЗОДА

:.  Аз ҳар боб 08.02.2011 10:58 3053

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz