21

Июн, 2025
Шанбе

21

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НОМА БА УСТОД

    

          Муаллимаи азиз! Панҷ соли донишҷӯйӣ ҳам ба поён расид. Ҳанӯз он лаҳни ширине, ки дар анҷоми дарс мегуфтед; «У вас есть вопросы?» дар гӯшам ҳамчун як лаҳни таскинбахш садо медиҳад.

 

            Муаллимаи азиз! Шароити зиндагӣ ва сахтиву номеҳрубониҳои рӯзгор мо, шогирдонро, даст надод, то бо баҳонаи рӯзи милоди Шумо сарҷамъ шуда, маҳфили дидор ороем. Вале, афсӯс…

 

            Дили саршори меҳр

 

            Дар орзуи навиштани меҳрнома ба устодам, ки ҳеҷ наметавонистам бо сухан баёнаш кунам, ғарқ дар баҳри андешаам. Қалам дар навишти ҳарфи аввал зери ангуштонам ҳайрон...

 

            Устод! Чӣ вожаи бузургест...

 

НОМА БА УСТОД
          Бузургтар аз номи устод қалби пурмеҳру мусаффои ӯст, ки қарори ба қуллаи мақсуд расонидани шогирдонро дорад. Агар устод он ҳама илмашро дар таълиму тарбия ба мо намерасонд, чӣ гуна худро мешинохтем? Ӯ буд, ки ба умед месӯхту месохт, то мо шогирдонро ба илму донишандӯзӣ роҳнамоӣ намояд, дарси ватандӯстию хештаншиносӣ биомӯзад. Бидуни тардид, агар омӯзгор намебуд, шогирд бо тафаккури тифлии худ оламу одамро ба ин барвақтӣ намешинохт. Дар суҳбат атрофи вожаи устод ба маъниҳои шоҳбайти Сайидои инсоншинос жарфтар метавон рафт:

 

Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,

 

Моҳи навро рафта – рафта чарх оламгир кард.

 

            Феълан, пешаи омӯзгорӣ, ё худ таълиму тарбияи насли нав­рас яке аз рисолатҳои муҳим дар зиндагӣ аст, ки аз инсонҳо масъ­улияти бузургро талаб мекунад. Лев Толстой мегӯяд: «Сифати асосии муаллим бояд иборат аз он бошад, ки кори худро дӯст дошта, муносибаташ бо хонанда хуб бошад. Омӯзгори беҳтарин онест, ки касбу шогирдонашро дӯст дорад».

 

НОМА БА УСТОД
           Бо навиштани ин сатрҳо симои бонувоне пеши назар пайдо мешавад, ки дар баробари зан-роҳбар буданашон, инчунин омӯзгори асиланд. Дар сархати ин чеҳраҳо устоди меҳрубони мо Кузаева Сония Файзуллоевна сазовори ситоишанд.

 

            Муаллима як дунёи пур аз меҳру самимият доранд, ки онро танҳо шогирдони солҳо зери таълиму тарбияташ қароргирифта, тасаввур карда метавонанд. Як баҳри пур аз илму маърифатанд, ки бо лаҳни суханофаринии хеш гуҳар месозанд. Гоҳо шамъсон месӯзанд, то роҳнамои шогирдон бошанд. Гоҳе дигар маҳфилҳои худшукуфоӣ меороянд, то шогирдон дарси худшиносӣ биомӯзанд. Суҳбатҳои дилнишину дарсҳои бедорӣ доранд устод.

 

            Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Мастчоҳ. Дар ин боргоҳи маърифат, ки дар домони худ шахсиятҳои бешуморро тарбия ва ба воя расондааст, Сония Файзуллоевна ба шогирдон аз фанни забони русӣ таълим медиҳанд. Аҷабам меояд, ки баъди чандин соли хатми ин дабистон, симои нуронии устоди азизам бо манзараҳои роҳраву майдончаву толорҳои дарсхонии мактаб ҳамеша пеши назарам ҷилвагар аст. Муаллима он муддати дар назар кӯтоҳу афсонавиеро, ки ихтиёр доштанд, тавонистанд дар қалби мо, шогирдон, меҳру муҳаббатро ҷой диҳанд.

 

            Муаллима ҳар субҳ бо чеҳраи пур аз табассуму як ҷаҳон андешаҳои созанда дарсро оғоз мекунанд. Аз аёниятҳои хониш моҳирона истифода бурда, дарсҳоро ҷолибу рангоранг месозанд. Тайи чиҳил сол аст, ки ба шогирдон дар қатори забони русӣ, инчунин дарси одобу ахлоқ ва зиндагӣ меомӯзанд. Гоҳе бо меҳрубониву гоҳо ба сахтгирӣ аз таҷрибаи ҳаётии хеш мисолҳо оварда, шогирдонро ба зиндагӣ омода месозанд.

 

            Маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа ҳисобида, масъулият дар иҷрои рисолати ба уҳдадоштаи омӯзгоронро аз ҳамтоёни хеш низ талаб мекунанд. Пайи иҷрои як ҳадаф солиёни дароз ҷаҳду талош доранд: беҳтар намудани сифати таълим.

 

            Сония Файзуллоевна ёвару роҳнамои омӯзгорони ҷавонанд. Дар ободию созандагиҳои мактаб кӯшишу ғайрати зиёд доранд. Манзараҳои сарсабзу гулистони атрофи мактаб парвардаи дасти муаллима аст.

 

            Муаллимаи меҳрубон! Мо, шогирдонатон, таманнову орзуи онро дорем, ки ҳамешу солиму хушбахт бошед, то наслҳои оянда ҳам аз мактаби шумо, аз таҷрибаю донишатон сабақ бигиранд ва чун фарзандони содиқу соҳибҳунари миллат ба камол расанд. Мо Шуморо дӯст медорем!

 

Абдуҷалили Амон

 

:.  Аз ҳар боб 24.12.2012 09:58 19270

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz