20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЗАНЕ, КИ АЗ ИМКОНИЯТҲОЯШ ИСТИФОДА КАРД

Ба суоли «бардошти бори гарони ин ҳама заҳмат барои як бону мушкил набуд?», – чунин ҷавоб мегӯяд:

 «Зан дар баробари модари хубу зани меҳрубон будан, бояд тавонад, ки аз имкониятҳояш истифода бикунад. Мардҳо дар бисёр ҳолат занҳоро нотавон ва заиф мепиндоранд, ки ин хатост. Ман бо меҳнати ҳалол назди шавҳарам исбот кардам, ки мо занҳо ба ҳама кор қодир ҳастем. Ин зиндагӣ аст, пас­тиву баландӣ дорад. Ҷое аз шавҳарам зиёдтар ҳам меҳнат кардам. Лекин боре сармаст аз дастовардҳоям нашудам. Ҳамеша одоби зан буданро риоя мекардаму мекунам. Хизмати шавҳарро ба ҷо меовардаму меоварам».

Имрӯз дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт тарабхонаи зебое ба мизоҷон хизмат мерасонад, ки бо кӯшишу ғайрати ин бону қомат афрохтааст. Мегӯяд, ки як лаҳза бе кор нишаста наметавонад. Кор карданро дар замин беҳтарин истироҳат медонад.

«Маҳз аз заҳмат дар замин саломатӣ, обрӯ ва пулро соҳиб шудам. Аз меҳнат тарсидан беақлист. Зан бояд ҷуръат ва азми устуворро соҳиб бошад Меҳнат обрӯи ман, меҳнат шарафи ман, меҳнат бартарафкунандаи камбудиҳои зиндагии ман аст», – мегӯяд апаи Замира.

Имрӯз Замира Қаҳҳорова дар баробари корҳои сохтмонӣ дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъолона иштирок мекунад. Ӯ вакили маҷлиси ноҳиявӣ асту, узви шӯрои занони ноҳия. Ҳамеша дасти бенавоён мегираду кӯмаке баҳри ниёзмандон мекунад.

Барои Замира ва бонувоне аз қабили ӯ кордону созанда муваффақиятҳои беш аз пешро таманно дорем.

Гулноз

:.  Аз ҳар боб 01.09.2011 15:12 3071

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz