20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ВАҚТИ ГУЛИ ОЛУЧА…

  Ҷашну ҷашнҳои бе Нигина…

 Ҳамдиёрон гумон мекарданд, ки имсол дар ҷашни 80-солагии Файзобод, диёре, ки Нигина бо ифтихор «Зодгохам» ном мебурду муқаддасаш медонист, меҳмононро бо суруди «Хуш омадед, дӯстон» гарм истиқбол намудаву хотирҳоро шод мегардонад, аммо…

Куртаи атласу  мӯйи майдабофӣ…

 Ҳисси баланди тоҷикона дошт апаи Нигина. Баъди бозгашт аз сафарҳои хунарӣ «Шукри обу шукри нону шукри хоки Ватан»- кардаву «Тоҷикистони азизам» гуён дар васфи ватан суруди шукрона месароид. Куртаи чакан ва атласи тоҷикӣ бо мӯйҳои майдабофтааш солиёни зиёде бурун аз марз муаррифгари миллату Ватан буданд.

 Бигзор мо бигирйем…

Дар сина доғу дар дил алам дошт апаи Нигина. Дардҳояшро пеши касе ифшо намекард. Барои мардумаш аз шодиҳо суруданро дӯст медошт. Вақте танҳо мемонд аз дарду доғ, аз алам, аз ҷудоиву фироқ аз сӯзи фарзанди ҷигарбандаш месароид…

Бигзор то бигирям, чун абр дар баҳорон,

К-аз санг нола хезад рӯзи видои ёрон.

Бар сорбон бигӯед аҳволи оби чашмам,

То бар шутур набандад маҳмил ба рӯзи борон.

Ва имрӯз ин моем – ҳаводоронаш, ки барояш бе нами чашм наметавонем чизе бигӯем. Ва дигар касе бе борони чашм гоҳи маҳмил бастани корвони умраш ба «сорбон» ин ҳарфҳо нагуфт.

Нигинаҳо…

Мекӯшид то навгоние дар ҳунар ворид намояд. Мехост хосаву фарқкунанда бошад. Чун худ аз халқ буд, сурудҳои халқиро таъсирбахшу самимӣ аз дил месароид. Ба хотири ҳунару истеъдоди асил ва иффату тозагиаш ҳамчун зан, садҳо гулдухтарони тоҷикро Нигина ном карданд, то мисли Нигина - нигини дилҳо бошанд. То чун ӯ,  нигини ифтихории миллат бигарданд…

Мардсухан…

            Аҷал охирин имтиҳоне будааст,  пеши зиндагӣ. Хушбахт он касест, ки пас аз рафтан аз ин дунё  номи нек ба мерос мегузоштааст. Мардсифату мардсухан буд апаи Нигина ва мардона аз имтиҳони зиндагӣ бигзашт. Зебо буду, зебо зисту, зебо аз байни мо рафт…

Сано бодо ба занҳое, ки марданд,

Баёзи зиндагиро байти фарданд.

Ба номардон бидода дарси мардӣ,

Даме ҳусни заниро кам накарданд.

Ғалатмоҳ  Мирова, омӯзгор

 

Аз идора:

Ҳоҷат нест, ки дар бораи Нигина Рауфова зиёд нависему зиёд ҳарф бизанем. Зеро ҳастанд ашхосе, ки дигар ба муаррифӣ ниёз надоранд. Нигинаи Рауф аз зумраи онҳост. ӯ чун нигини санъати тоҷик, рамзи бонуи пуршарафи деҳотӣ,  таҷассуми симои зани тоҷики содиқ бар асолат,  соҳиби овоз ва лаҳни дилписанди Худодод, дорандаи сабки хоса ва дили модаронаву қалби лабрези ҳунару санъат дар хотираҳо мунаққаш аст. ӯ Нигинаест, ки дӯстдоштанӣ буду дӯстдоштанӣ хоҳад монд. ӯ нигинест, ки дар айни гули олуча миёни ангуштари ҳунари тоҷик ба ҷило омад ва пурҷило монд… то вақте гули олуча хоҳад шукуфт…

Рӯҳат шод боду хонаи охиратат обод,

Нигинаи Рауф!

:.  Аз ҳар боб 24.05.2011 08:52 6278

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz