Муҳовара бо муовини раиси шаҳри Турсунзода оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Фахрия Бобоҷонзода
Ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бурдани корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Кор дар ин самт ба чӣ маҷро аст?
- Тайи се соле, ки дар ин самт фаъолият мебарам, бо боварӣ метавон гуфт, ки дар ин масир шаҳри Турсунзода ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст. Масъулини соҳа зимни бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба масъалаҳои мубрами рӯз, хосса нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши ӯ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи обу пиряхҳо, расидан ба ҳадафҳои олии стратегии мамлакат, татбиқи қонунҳои миллӣ: «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии сокинон ва ғайра таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, соли равон дар ҳамкорӣ бо бахшу сохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, прокуратураи шаҳр, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода беш аз 150 суҳбату вохӯриҳои судманд доир гардид. Имрӯз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар меҳвари корҳои ҳаррӯзаи тарғиботиву ташвиқотии мо қарор дорад. Нақшаи махсуси чорабиниҳоро мураттаб намуда, аз пайи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат талош дорем.
Чӣ қадар муассисаҳои таълимӣ, бавижа мактабҳои типи нав ва хусусӣ дар шаҳр мавҷуданд?
- Аз шумораи умумии 142 муассисаи таълимӣ 128-тои он муассисаи таҳсилоти умумӣ буда, 77 адади он муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 муассисаи таълимии типи нав, 1 литсей-интернат, 30 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 14 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 9 ширхоргоҳ-кӯдакистони тобеи шуъбаи маориф, 5 ширхоргоҳ-кӯдакистони тобеи ҶСК «ШАТ» ва 2 ширхоргоҳ-кӯдакистони хусусӣ мебошанд. Ба муассисаҳои таълимии типи нав 5 литсей ва 2 мактаби хусусӣ шомиланд, аз ҷумла Литсейи «Ворисони Сино», Литсей барои хонандагони болаёқат, Литсейи президентӣ, Литсейи «Нури маърифат», Литсей-интернат ва мактабҳои хусусии ба номи Мирзо Турсунзода ва «Роҳи дониш». Ҳамчунин, ду коллеҷи тиббӣ, ду коллеҷи омӯзгорӣ ва Коллеҷи металлургӣ муҳассилинро ба тадрис фаро гирифтаанд.
Шумораи умумии омӯзгорон 5180 нафар буда, аз онҳо 4529 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.
Барои беҳбудии шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимии деҳот чӣ иқдомҳо роҳандозӣ мегарданд?
- Соли 2023 дар ҷамоатҳои деҳот ва маркази шаҳр бунёди 8 муассисаи томактабӣ барои 994 нафар оғоз шуда, сохтмони онҳо идома дорад. Дар ин давра, дар заминаи 17 муассисаи таълимии шаҳр се бинои нав, 115 синфхонаи иловагӣ барои 2720 хонанда ва як толори варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд. Барои ҳалли масъалаи норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон дар назди 20 муассисаи таълимӣ бунёди 222 синфхонаи иловагӣ барои 5394 талаба ва як китобхона давом дорад.
Соли гузашта дар МТМУ № 59-и деҳоти Навобод аз ҷониби сокинон иқдоми хубе ба роҳ монда шуд. Бо дастгирии волидони хатмкунандагони мактаб ҳар кадоме аз онҳо дар алоҳидагӣ як синфхонаи мактабро пурра аз таъмири асосӣ бароварданд. Дару тиреза ва мизу курсиҳои синфхонаҳоро низ аз нав карданд, ки барои омӯзгорону хонандагони мактаб армуғони хубе гардид. Ғайр аз ин, бо дастгирии лоиҳаи Ҷопон дар ин мактаб 8 синфхонаи иловагӣ месозанд. Ҳамчунин, соли сипаригардида 23 нафар тариқи Квотаи президентӣ ба макотиби олии мамлакат шомил шуд, аз ҷумла 12 нафар духтар.
Пеш аз риоя нагардидани меъёрҳои забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва коргузорӣ дар шаҳр нигарониҳо зиёд буданд. Имрӯз ҳолат чӣ гуна аст?
- Солҳои қабл қариб дар тамоми муассисаҳои таълимӣ тадрис бо забони ӯзбекӣ сурат мегирифт, аммо имрӯз пурра ба забони давлатӣ ҷараён меёбад. Ҳоло хонандагони синфҳои ибтидоӣ забони давлатиро хуб аз бар намудаанд. Бо ин мақсад омӯзгоронро ба машғулияту семинарҳои омӯзишӣ фаро гирифта, ба Институти такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф равон намудем. Ба ҷуз ин, дар тамоми сохторҳо ҷаласаҳо, қабули шаҳрвандон, чорабиниҳо ва ғайра бо забони давлатӣ сурат мегиранд. Дар чорабиниҳои фарҳангӣ ҳунармандон бо дилхоҳ забон суруд мехонанд.
Ҳифзи тандурустии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Дар ин ҷода чӣ пешравиҳоро метавон арзёбӣ намуд?
- Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи тандурустии аҳолӣ дар шаҳр 6 беморхонаи бистарикунонӣ, 1 маркази саломатии шаҳрӣ бо 28 маркази саломатии деҳавӣ ва 50 бунгоҳи саломатӣ, 10 маркази махсусгардондашудаи пешгирии бемориҳо ва 24 клиникаи хусусии ташхисию табобатӣ фаъолият доранд. Соли 2023 бо дастгирии МИҲД-и шаҳри Турсунзода ва шарикони рушд 5 муассисаи тандурустӣ созмон дода шуд, аз ҷумла ду маркази саломатии деҳавӣ, ду хонаи саломатӣ, дар деҳоти Т. Тӯйчиев – деҳаи Меҳнат филиали таваллудхона дар назди беморхонаи марказии шаҳр бо 10 кат сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, маркази саломатии ин деҳа пурра таъмири ҷорӣ дид. Дар маркази шаҳр, ҳамчунин, як клиникаи хусусии ҶДММ «Садои дил» бо 30 кат бунёд ёфт.
Таъмири пурраи як маркази саломатии деҳавӣ ба анҷом расида, бунёди бинои иловагии маркази саломатии деҳавии Ҷамоати деҳоти Қаратоғ ва сохтмони 1 адад хонаи саломатии «Қубур» дар деҳоти Т. Тӯйчиев дар арафаи анҷомёбист. Дар зарфи ду сол 7 бунгоҳи тиббӣ ва марказҳои саломатии деҳавӣ, ки қаблан дар хонаҳои шахсӣ, мактабҳо ва вагонҳо фаъолият мекарданд, пурра ба биноҳои наву замонавӣ ва муҷаҳҳаз кӯчонда, ба мувозинати КАТС (Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ) гузаронда шуданд. Норасоии маркази саломатӣ танҳо дар деҳаи Дӯстӣ мушоҳида мегардад, ки хушбахтона, барои бунёди он замин ҷудо гардид, сохтмони он рӯзҳои наздик оғоз меёбад.
Масъалаи норасоии кадрҳо то куҷо ҳалли худро ёфтааст?
- Дар самти маориф норасоии кадрӣ ҳамагӣ 7 нафарро ташкил дод, аз ҷумла 3 омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ, 2 нафар аз забони англисӣ ва ду омӯзгор аз фанни омодагии дифои ҳарбӣ, ки дар ин самт корбарӣ менамоем. Агар ба соҳаи тандурустӣ нигарем, дар беморхонаҳои марказӣ ва рақамӣ камбуди кадрӣ надорем. Норасоии кадрҳо аз ҳисоби табибони оилавӣ асосан дар шабакаи КАТС ба қайд гирифта шудааст.
Дар оғози сол, агар норасоии табибон 54 нафарро ташкил медод, охири сол ин шумораро ба 27 расондем. Ғайр аз ин, бо роҳбари шабакаи КАТС ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон муроҷиат карда, рӯйхати хатмкунандагонро аз шаҳри Турсунзода дастрас кардем, то онҳоро тавонем ба кор ҳавасманд намоем. Бо ин мақсад соли 2023 бо дастгирии раиси шаҳр ба 67 нафар омӯзгор ва табибон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.
Бо мақсади пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо чӣ корҳо амалӣ мешаванд?
- Дар назди шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Турсунзода аз ҳисоби бонувони фаъол, занони рӯзгордидаву собиқадор комиссияи доимоамалкунанда фаъолият менамояд, ки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти оилавӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва мусоидат ба шуғли онҳо саҳми назаррас дорад. Соли гузашта ба комиссия 120 нафар муроҷиат намуд, ки 77-тои онҳо баҳси оилавӣ буд. Дар натиҷа 31 оила аз парокандашавӣ эмин монд. Бо ҷалби масъулини соҳаҳои гуногун дар шаҳр ва ҷамоату деҳаҳо 160 вохӯрӣ дар масъалаҳои мубрами рӯз ва 12 рейд гузаронда шуд. Пешгирии ҷудошавии оилаҳо, никоҳи хешутаборӣ, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, фарҳанги бегонаи либоспӯшӣ, хушунати хонаводагӣ, фарҳанги номгузорӣ ва ғайра аз мавзуъҳои асосии суҳбату вохӯриҳо буданд.
Фарҳанг сутуни худшиносии миллӣ ва бақои миллат аст. Мегуфтед, ки барои густариши маънавиёти мардум дар шаҳр чӣ имконот фароҳаманд?
- Барои ифоданамоии арзишҳои моддӣ ва маънавии мардум дар шаҳри Турсунзода муассисаҳои фарҳангии зиёде фаъолият доранд, аз ҷумла 1 хонаи фарҳанги марказӣ, 1 муассисаи кӯдаконаи санъат, 3 боғи фарҳангию фароғатӣ, 3 осорхона, 33 китобхонаи марказонидашуда, 3 клуби деҳотӣ, 2 клуби сайёр ва 3 ансамбл, ки дар ин соҳаҳо 191 нафар масруф ба кор аст. Китобхонаҳо дорои 190 825 нусха китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва дигар забонҳо мебошанд.
Мактаби кӯдаконаи санъат, ки соли 2022 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт, бо истифода аз унсурҳои хоси санъати меъмории миллӣ ва сифати баланд бунёд ёфтааст. Ин мактаб барои омӯзгорону ҳунаромӯзони навраси шаҳр туҳфаи арзишмандест, то насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги ғанӣ ва оламшумули миллӣ тарбият ёбанд.
Ситора АШӮРОВА,
Душанбе – Турсунзода – Душанбе