Мушоҳида мегардад, ки бонувон баъзан бе машварати косметологҳо пайи нигоҳубини рӯянд ё онро сарфи беҳудаи вақт дониста, саргарми рӯзгордорӣ аз хотир мебароранд, ки ҷинси латифанду гоҳо бояд ба оина бингаранд. Ҳадди ақал як маротиба барои машварат ба табиби косметолог рӯ овардану барои солимии пӯст вақт ҷудо намудан барои бонувон муҳим ва ҳатмист.
Нилуфар Ҳалимова аз рӯи ихтисоси табобатӣ дар факултаи тибби фармасевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли панҷум аст, ки таҳсил дораду ҳамзамон барои муолиҷаи пӯсти рӯйи мушкилдошта ва дурусту хушнамо кардани тарҳи чеҳра сари кор мегирад. Усулҳои гуногуни таъсирбахш ва безарари табобатро ба роҳ мондааст.
Соли паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус пайи омӯзиш шуда, дар шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд аз табибони косметолог нозукиҳои соҳаро аз бар намуд. 3 сол дар дармонгоҳ фаъолият кард ва ниҳоят имсол дар шаҳри Душанбе ҳуҷраи кории худро бо номи «dr.Neyla» кушод. Кунун маслиҳатҳои табиби косметологро меорем.
Ташхис ҳатмист
Табиб набояд танҳо барои ба даст овардани суд, балки пеш аз муолиҷаи косметологӣ мизоҷро ба ташхис раҳнамун сохта, сабаби пайдоиши мушкилоти пӯстро ҷӯяд. Тағйирёбии пӯсти рӯй метавонад аз ҳисоби бемориҳои ҷоғар, ҷигар, илтиҳоби бачадон ва истеъмоли ғизои но
солим ба миён ояд. Баъди табобати узвҳои дарунӣ аз ҷониби мутахассисон мо ба табобати пӯсти рӯй мепардозем.
Усулҳои табобати пӯсти рӯй
Агар ҳафтае хонаро покиза насозем, рӯи ашёҳо чангу ғубори зиёд мешинад. Пӯсти инсон низ, ғубор мегирад ва моҳе як маротиба ба поксозӣ ниёз дорад. Усулҳои зиёди поксозӣ ва ҷавонгардонии пӯсти рӯйро ба роҳ мемонем. Барои табобати доғҳои рӯй аз витаминҳои зиёди табиӣ, ки аз пептиду аминокислотаҳо ғанианд, истифода мебарем. Усулҳои эпилятсияи лазерӣ (рафъи мӯйҳо), липолитик (бартарафсозии чарбуҳои зери пӯст), табобати акне (гармича, рихинак), пилинги карбонӣ (усули тозакунии амиқи пӯст), рафъкунии перманент (холкӯбии чуқур), биоревитализатсия (муолиҷаи зерипӯстӣ, ки ожангҳои рӯйро ҳамвор ва ба пӯст тароват мебахшад)-ро ба таври васеъ истифода мебарем.
Дар натиҷаи кам ҳосил гардидани сафедаҳои эластин ва коллаген шахс зуд пир мешавад. Аз ин рӯ, бо витаминҳо ғанӣ гардондани пӯст ҳатмист.
Аз чӣ эҳтиёт мебояд
Бонувон ҳамвора аз малҳами тобишдиҳанда (креми ҷилобахш) истифода мебаранд, то ба ин васила камбудиҳои рӯйро пӯшонанд. Тавсия медиҳем, ки аз онҳо, хоҳ арзонанду хоҳ қимат, истифода набаранд ва пӯсти рӯйро табобат намоянд. Соли 2017 дар Тоҷикистон усули нави косметологӣ, ки онро «Лӯхтаки фахфурӣ» мегӯянд, маъмул гардид. Креми тобишдиҳандаро ба зери пӯст равон месозанд, ки зараровар буда, тадриҷан пӯсти рӯйро сабз мегардонад.
Тавре ки бадан ва мӯйҳои худро шустан одат аст, поксозии пӯсти рӯй ҳам амсоли онҳо аз рукнҳои тозагист, ки ба фарқ аз онҳо васеву жарфтар роҳандозӣ мегардад.
СИМИН