Зани тоҷикро ҳамеша бо чеҳраи зебои хос - чашмони бодомиву шаҳло, абрувони камоншакл, лабони арғувонӣ ва кокулони дарозу ба тасвири шоирон арғамчинмонандаш мешинохтанд. Чунин зебоиро аҳли адаб дар осори худ ҳамеша васфу ситоиш мекарданд, сарояндагон дар саҳнаҳои бузурги ҳунарӣ ин нафосатро аз тариқи мусиқӣ ва ҳунари асилу воло пешкаши ҳаводорон мегардонданд. Ҳангоме ки вассофон ба ситоиши зани тоҷик мепардохтанд, нахуст аз ибораҳои тасвирие чун «ҳусни худодод», «моҳи шаби чаҳордаҳ», «сарви симинқад» ва ғайра истифода мебурданд.
Дар даврони шуравӣ ду нафар зани тоҷик - Лоланисо Исмоилова - доктори илми тиб ва Нуқра Раҳматова - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон бо ҳусни табиӣ, бидуни холу хатти иловагӣ дар сартосари Иттиҳоди Шуравӣ шуҳратманд гашта буданд. Насли ҳамон замон дар хотир доранд, ки акси беназири Лоланисо Исмоилова муқоваи маҷаллаи «Огонёк» - и Иттиҳоди Шуравии бузургро оро медод ва ин маҷалла бо акси ин паричеҳраи тоҷик солҳои дароз даст ба даст мегашт.
Ҳоло ҳам дар кишвар занони зебо кам нестанд, аммо бо мурур меъёрҳои ифодакунандаи зебоӣ тағйир хӯрданд. Агар бигӯем, ки ҳусни табиии худододро дигар ба ҷустан пайдо намудан амри муҳол аст, муболиға мешавад, вале метавонем нигарон бошем, ки воқеан ҳам имрӯз зани тоҷик чеҳраи аслӣ, табиӣ ва миллии худро аз даст дода истодааст. Бале, маҳз чеҳраи миллие, ки бо он занони тоҷикро ҳар ҷое медиданд, мешинохтанд ва бо хушҳолӣ садо дармедоданд, ки: «чеҳраи тоҷикист.». Духтаракони мо бо хусусиятҳои зебои хеш аз ҳамдигар фарқ мекарданд. Духтари бадахшониро аз суғдӣ ё хатлониро аз зарафшонӣ фарқ мекардем, зеро ҳар кадом зебоии хоси худро бо вижагиҳои қиёсшаванда доро буданд. Ҳоло бошад, ҳама якрангу якнамуд гаштаанд… Ба ҷои абрувони сиёҳи камоншакл - қошҳои рангмолидашудаи қанотмонанд, ба ҷойи лабҳои нафиси ба барги гул монанд, лабҳои варамидаи балоншакл (ботоксшуда бо моеъҳои махсус), ба ҷойи миҷгонҳои табиӣ - миҷҷаҳои сунъии дарозу каждумӣ, ки ҳатто чашмҳоро мепӯшонанд ва мӯйҳои сунъиву рангмолидаву ғайраҳои зиёди дилбазани дигар ба назар мерасанд.
Албатта, хуб аст, ки имрӯз барои нигоҳ доштани зебоии занон мутахассисони соҳаҳои муайян як қатор корҳои назаррасро ба сомон мерасонанд, вале бояд бо таассуф зикр намоем, ки бо «ёрии» ҳамин гуна мутахассисон зан - модари тоҷик қариб ки чеҳраи воқеӣ ва миллии худро гум карда истодааст. Охир, тоҷикдухтар ҳеҷ гоҳ лабҳои варамида ва рухсораҳои бардамида надошт.
Дар ҳама давру замонҳо ҳунармандони маъруф дар тарғиби зебоӣ миёни аҳли ҷомеа таъсиррасон будаанд ва ҳоло ҳам чунин аст. Хоҳем, нахоҳем як нафар сарояндаи шинохта метавонад бо тарзи либоспӯшӣ ва ороиши рӯю мӯйи худ, ҷавонони зиёдеро аз паси хеш бикашад. Замоне Нигина Рауфоваи маҳбуб тавонист бо либоси миллиаш завқи бонувонро ба пироҳани тоҷикӣ бедор созад.
Акнун чӣ? Ҳоло аз Фаттона то ба Ҳангома ва боз дигару дигарон ин силсиларо идома дода истодаанд, вале ба чӣ шаклу ба чӣ сурат ба ҳама маълум… Имрӯз ҳол хеле нигаронкунанда аст. Агар ба дилхоҳ саҳифаи интернетӣ ворид шавӣ, дарҳол пеши назар лабҳои ғафси даҳшатнок ва абрувони тарошида ва ё паҳну рангмолидаи қариб болои сар баромадаи «хушрӯбонувон»- и навбаромад бо нозу ишваҳои ғашовар ва чашмгардониҳои ночаспоне намоён мешаванд. Дар қисме аз муқоваи маҷаллаву рӯзномаҳо низ ҳол чунин аст. Бемуболиға, анқариб тамоми сарояндаву раққосу машшотаву дигар духтарон низ бо як шаклу як намуд чеҳранамоӣ мекунанд. Гуфтан мумкин, ки имрӯз Миҷгонаро аз Парвона, Райҳонаро аз Паймона, Рухсораро аз Рухшона фарқ кардан душвор аст.
Чаро ин тоифа хоҳарону модарони ҷавон намефаҳманд, ки чунин амал на бо фарҳанги тоҷикӣ мувофиқ аст, на дар ахлоқи инсонӣ пазируфта мешавад ва қадру қимати онҳоро ҳамчун зан хеле поин мебарад.
Падидаи хеле нохушоянди дигар он аст, ки вақтҳои охир як идда духтарону занон худро ба ном «сатрпӯш» менамоянду даъвои тақводорию парҳезкорӣ мекунанд, вале боз ҳам дар чеҳраи онҳо истифодаи дағали ботоксу дигар намуди рангубори аз меъёр зиёд бармало эҳсос мешавад. Охир, сатр пӯшидану чеҳраро тағйир намудан, лабҳоро варам кунондан ва миҷгони сунъӣ часпондану абрувонро аз пешонӣ ҳам болотар баровардан, магар ифодагари латофат ва иффати зан аст?
Дар ин масъала коршиноси масоили динӣ Муслиҳиддин Хоҷамирзода андешаи худро чунин баён намуд: «Аз назари дин афроди ба тағйири офаридаи Худованд дастзананда дӯстони шайтон ба шумор мераванд. Дар Қуръони карим чунин омадааст:
«Ва, албатта, онҳоро гумроҳ кунам ва дар орзу (-и ботил) афканам; ва, албатта, ба онҳо бифармоям, то гӯши чаҳорпоёнро бишикофанд; ва, албатта, ба онҳо бифармоям, то офариниши Худоро тағйир диҳанд». Ва ҳар ки ба ҷуз Худо шайтонро дӯст гирад, пас, ба зиёни ошкоре зиёнкор шудааст» (сураи Нисо, ояти 119)».
Ба масъалае, ки шумо имрӯз рӯ овардед, мутаассифона, далелҳои зиёдеро дучор меоем. Барои мисол, гуфтаҳои сарояндаи ҷавоне ба ёдам меояд, ки худро сатрпӯш намуда, ҳини мусоҳибае бо рӯзноманигор мегуфт: «Аз марги модарам сахт дилшикаста шудам, бинобар ин саҳнаро тарк мекунам». Ин сароянда воқеан ҳам саҳнаро тарк кард, аммо пас аз чанд муддат рӯ ба «саҳна»-и машшотахонаҳо оварду ҳусни додаи Худовандро ба хости дили худ ё ба таври мӯдшуда тағйир дод. Оё чунин амал парҳезкориву тақводорӣ номида мешавад? Дар Қуръони азимушшаън ояти дигаре низ оварда шудааст, ки бадал намудани офаридаи Худовандро аз ҷониби мардум манъ менамояд:
«… Офариниши Худоро бадал кардан набувад. Ин дини дуруст аст, валекин аксари мардум намедонанд»(сураи Рум, ояти 30)».
Вақти он расида, ки мо - аҳли ҷомеа имрӯз мушкилоти ороиши нодурусти рӯй аз ҷониби духтарону занонро аз тариқи воситаҳои гуногуни иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор бидиҳем, зеро он ноаён ба як мушкилоте табдил гашта истодааст. Дар ин росто шояд бисёр бонувон аз андешаронӣ ва навиштаҳои мо норозӣ ҳам шаванд ва фикр кунанд, ки масъалаи ороиши рӯю мӯй кори хусусии ҳар нафар аст, агар чунин фикр мекунанд, то андозае дар ин масъала ҳақанд, аммо ҳеҷ гоҳ фаромӯш набояд кард, ки ҳама гуна амале, ки аз меъёр гузарад, ба чашм дағал ва дурушт менамояд. Он амале, ки бонувони мо ба хотири он талош менамоянд, аслан зебоӣ нест, балки аз даст додани зебоист. Пас, бояд биандешанд, ки бо ин ҳол чӣ гуна метавонанд фарзандон, хусусан духтарони худро тарбият намоянд?
Имрӯзҳо олимон ва мутахассисони соҳаи тиб низ ба ин масъала бо ташвишу нигаронӣ назар мекунанд. Дар ин мавзуъ маълумотеро дастрас намудем, ки гуфтаҳои болоро тақвият медиҳад: «Пажӯҳишҳои олимони кишварҳои гуногун нишон медиҳад, ки истифодаи ботокс ба сифати маводи кашишдиҳандаи пӯсти рӯй барои чашмон ва майнаи сар хатар дорад. Соли 2012 дар натиҷаи ин гуна амалҳо 32 нафар нобино гашт. Дар чор нафари дигар осеб дидани майнаи сар ва инсулт ба назар расид. Ҳамин тавр, ҳар сол қурбониҳои нав ба чашм мерасанд, аммо ин мавод аз ҷониби занон боз ҳам истифода мешавад. Онро дар клиникаҳои махсус ва ҳатто дар хона низ, ки шароити хуб вуҷуд надорад, истифода мебаранд». Ҷулиан де Силва, ҷарроҳи машҳури инглис, оид ба амалҳои пластикӣ гуфтааст: «Таъсири манфии ботокс ҳамон вақт ба назар мерасад, ки маводи воридкардашуда ба раг - артерияи рӯй ворид шавад. Чунки ин артерия ба чашмҳо оксиген медиҳад, агар ба он ботокс афтад, дар ин ҳолат, инсон аз қувваи босира маҳрум мегардад, инчунин, метавонад ба инсулт гирифтор шавад, маводи мазкур имкони гузаштани оксигенро ба майнаи сар маҳдуд менамояд. Ин ҳолат марговар аст ва ҳангоми гирифтор шудан ба он ҳатто табибон ҳам мадад расонда наметавонанд».
Бале, зебоӣ гуворост, аммо дар зиндагӣ арзишҳое низ вуҷуд доранд, ки болотар аз ҳама меистанд ва яке аз ин гуна арзишҳо саломатӣ аст. Мо бояд саломатӣ ва чеҳраи миллии тоҷиконаи худро ҳамеша ҳифз намоем ва бо мақсади зебоии сунъӣ ва муваққатӣ, ин дуро дар хатар нагузорем. Агар ба ороишоти табиӣ рӯ оварему аз ботокси пурхатар даст бикашем, зебоӣ ва латофати занона доимӣ бо мо боқӣ хоҳанд монд.
Бонувони гиромӣ, ҷавонӣ ва симои беназири тоҷиконаи худро эҳтиром гузоред, он гоҳ ба шаъну шараф, иззату эҳтиром ва саломатии шумо ягон хатаре таҳдид нахоҳад кард.
Моҳсафари ЯҲЁЗОД