Кафидани пошнаи пой ба ҷуз ҳолати нофо- рам ва дардовар будан, нафосату зебоии кас, бахусус бонувонро ба назар коста мегардонад. Раҳо ёфтан аз тарқиши пойҳо роҳи осоне дорад, ба ҷуз он ки дар натиҷаи ягон беморӣ пайдо шудаанд, ба монанди диабети қанд, камхунӣ аз норасоии оҳан, камшавии витамин дар организм, бемориҳои замбурӯғӣ ва бемориҳои пӯсте, ки бо касалиҳои замбурӯғӣ алоқаманд нестанд. Ҳамчунин, кафидани пошнаи пой метавонад бо таъсири омилҳои берунӣ ба вуҷуд ояд, амсоли заҳмати вазнини ҷисмонӣ, ки муддати тулонӣ ба пойҳо рост будан ё кашидани бори вазнин рост меояд. Ё худ пойҳо нодуруст ва номунтазам нигоҳубин карда мешаванд.
Пас, чӣ бояд кард?
Ҳар рӯз пойҳоро шуста, ба онҳо крем ва малҳамҳои ғизодиҳанда молед. Моҳе як маротиба назди пардозгари пойҳо равед ё дар хона бо ёрии санги ҷилбур, сӯҳонча ва ё дастмолкадуи дурушт пӯсти пошнаҳоро тоза намоед. ; Пойафзоли бароҳат ва босифат пӯшед. Пойафзолҳое, ки ним ё як андоза аз пойҳо хурданд, пӯшидан мумкин нест, зеро онҳо ба пошна фишор оварда, онҳоро дурушт ва шаклашонро тағйир медиҳанд. Дар натиҷа пошнаҳо покӯб гашта, тарқишдор мегарданд. ; Реҷаи қабули ғизо бояд риоя гардад. Хушкии пойҳо ба ҳолати умумии организм сахт алоқаманд аст. Ба қадри кифоя бояд об нӯшид. Меъёри онро муайян кардан осон аст: ба 1 кг вазни бадан 30 мл об зарур аст. Хӯрокхӯрӣ бояд бо меъёр буда, мувозинати моддаҳои ғизоӣ нигоҳ дошта шавад.
Усулҳои косметикӣ барои бартараф кардани тарқиши пошнаҳо
Буғдиҳии пойҳо
Усули осон ва таъсирбахш буғдиҳии пойҳост. Ин амал дар як ҳафта танҳо ду маротиба анҷом дода шавад. Ба тағорачаи оби гарм собуни реза ё обӣ рехта, пойҳоро муддати 15 - 20 дақиқа даруни он нигоҳ доред. Пойҳоро хушк карда, ба онҳо крем ё малҳамҳои ғизодиҳанда молед ва ҷуробҳои пахтагӣ пӯшед. Коркард Пӯсти шахшӯл ва дурушти пошнаҳоро бо ёрии теға ва поку тоза кардан басо хатарзост. Беҳтараш аз санги ҷилбур, сӯҳонча ва ё дастмолкадуи дурушт истифода баред. Молидани малҳамҳоро фаромӯш насозед. Тарбандӣ бо картошка Пойҳоро шуста, ба ҷойҳои кафида пӯсти картошкаро гузоред. Сипас, пойҳоро бо пардачаҳои селофанӣ баста, муддати 30–60 дақиқа нигоҳ доред.
Ниқоб барои пойҳо
Ними бананро майда карда, бо як қошуқча асал омехта намоед. Онро ба ҷойҳои кафидаи пой молида, 40 дақиқа нигоҳ доред. Сипас, пойҳоро шуста, барои рутубат додан крем молед.
СИМИН