01

Июн, 2025
Якшанбе

01

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЗЕБОӢ

 

Zeboi-KosmetologТафсири калимаи «зебоӣ» - ро ҳар нафар ба таври худ мефаҳмад. Дар ҷаҳони муосир бештари бонувон барои зебо шудани рӯй ба ҳар гуна ҷарроҳии пластикӣ, лабу абрувон, мӯю нохуни сунъӣ рӯ меоранд. Ҳангоме бонувон ба тарзи ягона ҷарроҳиву ороиш меёбанд, рӯю абру, мӯю миҷгон ва лабҳояшон ба ҳамдигар монанд мешаванд, ки ин боиси аз байн рафтани фардияти занону духтарон мегардад.

Ҷарроҳии пластикӣ

Табиб қодир аст, ба воситаи ҷарроҳии пластикӣ тамоми ҷузъиёти андомро тағйир диҳад. Ин тағйирёбӣ ба кас аз ҷиҳати ҷисмониву равонӣ таъсири хуб мерасонад. Зоҳиран, зебо шудани чеҳра бовариву эътиқоди касро ба худаш зиёд мегардонад. Бахусус ҳангоме, ки одам ягон камбудии модарзодӣ ва ё аз садамае ҷароҳат бардоштааст, ҷарроҳии пластикӣ барои бартараф кардани ин гуна нуқсҳо муфид аст. Ҳамчунон, ҷарроҳии пластикӣ имкон медиҳад қиёфа то як муддати муайян ҷавон бимонад.

Камбудиҳои ҷарроҳии пластикӣ

Ҳар як организм махсусиятҳои хоси худро дорад. Бинобар ин, гоҳҳо сарфи назар аз таҷрибаву сифати кори табиб, ҷарроҳӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Дар натиҷа ҳар гуна мушкилиҳо пайдо мешаванд. Бештари муштариён пас аз ҷарроҳии пластикӣ ба ҳолати стресс гирифтор мешаванд. Сабаби стресс ин ихтилофи назари онҳо дар бораи тағйироти бавуҷудомада мегардад. Зеро раванди пиршавӣ на танҳо зуҳуроти зоҳирӣ, балки ботиниро низ пеш меорад.

Сӯзандоруи зебоӣ

Бархе аз бонувон барои барқарор намудани таровату зебоӣ ва барҳам задани ожангҳои чеҳра, аз ҳар гуна сӯзандоруҳо, аз қабили коллагенҳо, кислотаи гиалуронӣ, озонотерапия, плазмолифтинг, липолифтинг ва мезонит истифода мебаранд. Сӯзандору вобаста ба хоҳишу талаботи муштарӣ дар алоқамандӣ бо вазъи саломатӣ интихоб карда мешавад. Он имконияти пӯстро ҷавон, мустаҳкам ва мулоим карданро дорад. Дар баробари ин, пас аз гузарондани сӯзандоруи зебоӣ мушакҳои рӯй як муддати муайян аз ҳаракат бозмемонанд. Бинобар ин, ҳангоми хандидану асабоният чини пешониву ожангҳо ба назар намерасанд.

           Таъсири манфӣ

Таъсири доруҳои зебоибахш тӯлонӣ набуда, як давраи муайянро фаро мегирад. Истифодаи пай дар пайи он пӯстро заиф мегардонад. Дар рӯй ҳар гуна доғҳо пайдо мешаванд. Чеҳраву қиёфаи ҳар фард гуногун буда, махсусиятҳои худро доранд. Бинобар ин, мутахассисро зарур меояд, ки дар алоҳидагӣ бо муштарӣ кор гирад. Аз он сабаб, ки дар ин самт мутахассисони ботаҷриба каманд, қиёфаи рӯи бисёре аз бонувон имрӯз ғайритабиӣ ва ба ҳамдигар монанд аст.

Ба нафароне, ки аз бемориҳои сироятӣ, хун, гурда, диабети қанд, саратон ва ё таби баланд азият мекашанд, истифодаи сӯзандоруи зебоӣ тавсия дода намешавад.

Доруҳо бояд дар ҷои махсус нигоҳ дошта шаванд. Ҳангоми зиёд истифода бурдан аз сӯзандоруи зебоӣ ва ё гоҳҳо бо сабаби муроҷиат накардан ба мутахассиси касбӣ муштариён ба мушкилиҳои зиёде, ба монанди нафастангӣ, лакнат дар гуфтор ва функсияҳои ғизохӯрӣ, доғҳои фаровони пӯст, хориш дар минтақаи истифодаи сӯзандору,тез - тез набззанӣ ва эҳсоси хастагӣ дучор меоянд.

 Имрӯз дар бозори зебоӣ маҳсулоти қалбакӣ беҳад зиёданд. Бинобар ин, қабл аз истифодаи он аз мутахассис ному сифат ва муҳлати истифодаи маҳсулотро пурсед. Сӯзандоруҳоро танҳо табиб – косметологе гузаронад, ки таҷрибаи кории хуб дошта, оид ба гузарондани чунин амалиёт сертификати махсус дорад. Пеш аз амалиёт муштарӣ метавонад, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи косметологро роҷеъ ба ин мавзуъ дида барояд.

Мутахассисе, ки барои обрӯи худ кор мекунаду нисбат ба вазъи саломатии беморонаш ғамхор аст, қиёфаи шуморо ба куллӣ тағйир намедиҳад, балки танҳо камбудиҳои онро бартараф менамояд. Ислоҳ бояд ҳисси ихтилофро ба вуҷуд наорад, зебоии табииро барҳам надиҳад. Зебоии табиӣ ин саломатии хуб, табъи хуш ва табассуми дилкушост. Чеҳраи ҳар шахс таҷассумгари фардияти ӯст. Нигоҳубини дурусти пӯст имконоти солҳои дароз ҷавон, тару тоза ва зебо мондан мебошад.

Шаҳноз

:.  Зебоӣ 23.02.2022 06:08 675

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz