01

Июн, 2025
Якшанбе

01

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЧАРО МӮЙҲОИ САР МЕРЕЗАНД?

 

Nigohubini-Muei-SarМӯйи сари инсон моҳе тақрибан то 1 см дароз шуда, муҳлати муайяне месабзаду боз мерезад. Бар ивази мӯйҳои рехта мӯйи нав мебарояд. Мӯйи сари мардон 2 сол ва аз бонувон 4 - 5 сол умр доранд. Ҳаррӯз ба ҳисоби миёна аз 30 то 50 тори мӯйи сар фурӯ мерезад. Исбот шудааст, ки мӯй дар фаслҳои баҳору тобистон тезтар месабзад.

Мӯйи солим тавоноии бардоштани 100 -200 грамм борро дорад. Барои солиму зебо нигоҳ доштани мӯйи сар чанд тавсияҳо пешниҳод карда мешавад.

Ҳангоми шӯстани мӯй ҳарорати об набояд аз 50-55 дараҷа баланд бошад. Собуни зиёд ба мӯй задан онро зудшикану хушк мегардонад.

Агар мӯйи шумо хушк бошад, бояд аз собунҳое истифода кард, ки дар таркибаш равғани зиёд дошта бошад. Ё метавонед зардии тухмро бо оби ширгарм омехта, ба мӯйҳо моледу пас аз 5- 10 дақиқа шӯед. Ҷурғот низ ба мӯйи хушк манфиатбахш аст. Мӯйи хушкро бо оби шарбати лимӯ ё сиркодор (1 қошуқ ба 1 л об) чайқонед.

Мӯйи равғаниро бо ҳама навъҳои собун (қатронӣ, шампун, собунҳои обакӣ ва ғ.) метавон шӯст. Тақрибан 2- 3 соат пеш аз шӯстани мӯйи равғанӣ ба пӯсти сар молидани шираи сабр (алоэ), сабзӣ, пиёз нафъи зиёд дорад.

Мӯйи аз меъёр зиёд равғаниро ба обе, ки спирти навшодир дорад (1 қошуқча дар 1 л об) метавон шӯст.

Пас аз шустушӯ беҳтар он аст, ки мӯйҳо ба таври табиӣ хушк шаванд. Истифодаи асбоби мӯйхушккунӣ тавсия дода намешавад, зеро он мӯйро хушкона, камқуват месозад.

Дуруст шона кардани мӯй ба сабзиши бардавоми он таъсир мерасонад. Ҳангоми дағалона шона кардани мӯй он меканад ва гиреҳ мезанад. Мӯйи дарозро аз нӯгаш шонакарданро оғоз мекунанд, мӯйи кӯтоҳро бошад аз бехи мӯй. Мутахасиссон бештар шонаҳои чӯбинро тавсия медиҳанд.

Мӯйро сахт шона задану бастан ё сахт бофтан мумкин нест. Ҳар рӯз бояд муддати 5 - 7 дақиқа сарро бо ҳаракати даврашакл маҳс кардан зарур аст.

Пӯшидани кӯлоҳҳои вазнин ва танг тавсия дода намешавад, зеро он метавонад боиси рехтани мӯйҳо гардад. Муддати дуру дароз сари урён зери шуои офтоб гаштугузор кардан мӯйҳоро зудшикану камнур месозад.

Барои бармаҳал сафед нашудани мӯйҳо ҳафтае то 2 маротиба онҳоро бо оби ҷӯшонидашудаи барги чормағз шустан муфид аст.

Мӯйҳои солим аз сиҳатии организм зиёд вобаста аст. Шумо бояд хоби бароҳат, сайругашти ҳаррӯза, хӯроки серғизо ва ба варзиш шуғл дошта бошед.

 

                                                                             Ф. ВОСЕЕВА

 

:.  Зебоӣ 18.05.2021 10:16 893

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz