02

Июн, 2025
Душанбе

02

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БА НАЗДИКОНАТОН ТУҲФА КУНЕД!

Tuhfa

   Фаро расидани баҳор бо иду љашнҳояш олами рангинеро барои инсоният тақдим менамояд. Бо эҳё гаштани табиат ва сарсабзию хуррамии олам фараҳу шодӣ аз қалби ҳар нафар лабрез мегардад. Ба хотири боз ҳам хурсандиҳоро бо ҳам пайвастану шодӣ афзудан одамон ба якдигар туҳфаҳо ҳадя менамоянд.

   Дар арафаи Иди Модарон бо чанд бонуе ҳамсуҳбат шудем ва аз онҳо пурсон гаштем, ки чӣ туҳфаеро аз наздикони хеш интизоранд? Посухҳо гуногун буданд…

     Заррина Қодирова, сокини шаҳри Ваҳдат

- Барои ҳар зан саломатии аҳли хонаводааш беҳтарин туҳфа аст. Таманнои онро дорам, ки ин неъмати бебаҳо безавол бошад. Баъдан, интизори туҳфае аз шахси наздик ҳастам, ки шояд гуфтанаш махфӣ монад. (Механдад). Он нафар медонад, ки чи туҳфае ба дилам мувофиқ аст. Хайр, мегӯям, бигзор барои шумо махфӣ набошад. Ман интизори чиптаи сафар ба кишвари Туркия ҳастам…

       Раънои Мубориз, шоира

     - Аз хурдӣ ёд дорам, ки дар ҳар љашн ё зодрӯзам агар китоб тақдимам мекарданд, ба қавле дар курта намеӯунҷидам. Ҳанӯз ҳам ин хислат маро тарк нагуфтааст. Ва дар рӯзи «Иди Модар» низ аз наздиконам китобро ҳамчун армуӯони беҳтарин интизорам. Аксари бонувон ҳадя шудани гулро аз љониби дӯстону наздикон хуш доранд. Вале ман гулро чандон хуш надорам, зеро гул пас аз рӯзе мемирад, аммо китоб намиранда аст.

   Бунафша Дӯстова, сокини шаҳри Ҳисор

   - Одатан аз туҳфаҳо бонувон бештар гул ва атрро дӯст медоранд. Тақдими гулро аз љониби пайвандонам интизорам. Гулро дӯст медорам ва ҳар ид гулдастаи зеборо ҳадя мегирам.

   Моҳира, сокини ноҳияи Рӯдакӣ

   - Ёд дорам, ки боре шавҳарам дар рӯзи «Иди Модар» ҳамчун туҳфа бароям мошинаи либосшӯӣ тақдим намуда буд. Ростӣ, аз ин туҳфаи ѓайриинтизор хушам наомад. Баръакс, сахт хафа шудам, агарчи мошинаи либосшӯӣ кори маро ҳам осон менамуд. Зеро ҳар сол шавҳарам асосан ба ман гул, атр ё ягон љавоҳирот ҳадя мекард ва он ид низ ҳамон гуна туҳфаро интизор будам.

   Ва то ҳанӯз ҳам туҳфаи дӯстдоштаам гул ва атр мондааст, ки ҳар сол аз љониби ҳамсарам ба ман ҳадя мегардад.

Аноҳито

 

 

:.  Зебоӣ 04.03.2021 08:39 880

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz