БартарафсозИИ
ожангҳои қиёфавӣ ва синнусолӣ
Маслиҳати табиби косметолог
Дилафрӯз Холбоева
Пайдо гардидани ожангҳои рӯй на танҳо бо мурури солҳо пайдо мешаванд, балки дар айёми ҷавонӣ низ метавонанд зуҳур намоянд. Баъзе нафарон ҳангоми муошират ва вокуниш ба ҳодисаҳои атроф эҳсоси ботинии хешро бо қиёфасозӣ ифода менамоянд. Дар чеҳраи онҳо новобаста ба ҷавонӣ нақши ожангҳои хурд ва ҳатто бузург падид меояд. Дар ҳар ду ҳолат барои бартараф кардани ожангҳои синнусолӣ ва қиёфавӣ мебояд ба табиби косметолог муроҷиат намуд.
Ожангҳои ҷабин (пешона)
Сабаби пайдоиши ожангҳои уфуқӣ дар ҷабин аз меъёр зиёд қиёфасозӣ ва бо имову ишора сухан рондан асту ҳам синну соли бузургтар. Усули таъсирбахше, ки барои рафъи он нигаронда шудааст, дар хона масҳи онро ба роҳ мондан мебошад, ки иҷрои он чандон душвор нест.
Пеш аз хоб, рӯи бистар ангуштони ҳар ду дастро рӯи пешона ҷафс гузошта, оҳиста – оҳиста аз марказ ба ду тарафи чаккаи сар молиш дода, баъдан ангуштонро аз ҳам ҷудо карда, чанд маротиба рӯи пешона масҳ кашидан лозим аст. Ин машқро мебояд то 20 бор иҷро намуд. Баъдан ба чунин тарз ангуштонро аз самти абрувон ба болои пешона 20 маротиба мебояд масҳ дод. Ин амалро ҳар рӯз анҷом дода, натиҷаашро пас аз ду ҳафта мушоҳида кардан мумкин аст.
Ожангҳои байни абрувон
Сабаби он қиёфасозии фаъол ва зиёд қавоқ андохтан аст. Мебоист, ки эҳсосоти хешро идора намуда, одати абру чин карданро фаромӯш сохт. Агар мушкил бошад, байни абрувон чанд муддат марҳам (пластир) часпондан мувофиқ аст, ки пӯстро таранг намуда, ба қавоқандозӣ роҳ намедиҳад. Дар ҳолати жарфтар будани ожангҳо мебояд ба мутахассис муроҷиат кард.
Панҷаҳои ғоз
Аксари бонувон баъди фасли гармо дар ду гӯшаи чашмони худ метавонанд ожангҳои монанд ба панҷаҳои ғозро мушоҳида намоянд. Шуои офтоб, напӯшидани айнакҳои муҳофизатӣ, синну сол, одати нимпӯш кардани чашмон ва пӯсти хушк онро сабаб аст. Аз ин рӯ, мубориза бо онҳо бояд аз рутубатсозии атрофи чашмон шурӯъ гардад. Ҳар субҳу шом ба атрофи чашмон малҳам молидан зарур аст.
Халтаожангҳо
Чунин ожангҳо аз ду паҳлуи лабон пайдо шуда, онро ожангҳои тамокукаш низ мегӯянд, зеро омили пайдошавии рахҳои амудии атрофи лабон аввалан сигоркашӣ ва ҳатто одати тавассути найча нӯшидани обу нӯшокиҳо низ мебошад. Барои пайдо нашудани ожангҳо чунин одатҳоро мебояд тарк кард ва дар мавриди чуқур будани онҳо машварати табиби косметолог айни муддао хоҳад буд.
Барои дурудароз нигоҳ доштани накҳати атр, онро ба мӯй, пушти гӯш ва банди даст мепошанд.
Туш, агар ба атрофи чашм расад, онро метавон бо ёрии пахтачӯбча ба осонӣ пок кард, барои ин андаке мебояд интизор шуд, то ранг хушкад.
Барои аз тирагиҳои зери чашмон раҳоӣ ёфтан, коғазхалтаҳои гарм ва хунуки чой хеле мувофиқанд. Онҳоро метавонед муддати 5 дақиқа ба зери чашмон гузоред.
Барои дуруст ранг кардани мижгонҳо тушро аз реша ба боло дар шакли морпеч молидан зарур аст. Барои он, ки чашмон бодомӣ намоянд, чӯткаи тушро на ба боло, балки ба самти чаккаҳои сар молидан лозим аст.
Чарби моҳӣ барои бартараф кардани нӯги мӯйҳои гулкарда хеле мувофиқ аст. Пеш аз саршӯӣ муддати 10 дақиқа чарбуро ба нӯги мӯйҳо молед.
Пеш аз ороиши рӯй ба лабон малҳам молед. Ҳангоме ки навбат ба лабсурхкунак мерасад, лабон то ин дам нарму маҳин мегарданд ва рангкунии лаб шинаму нозук меояд.
Барои зудтар хушк кардани лаки нохун ба косача оби хунук гирифта, ба он пораи ях андозед ва баъди молидани лак нохунҳоро дар об нигоҳ доред.