Маслињати косметолог
Аксаран бонувон бе машварати табибони соња нигоњубини пӯсти рӯй, дастон ва атрофи гарданро мустаќилона ба роњ мемонанд ва ё умуман онро амали нозарур мењисобанду саргарми кори рӯзгор фаромӯш месозанд, ки њатто ба ойина нигаранд.
Ќадами нахустини бонувон он аст, ки њатман барои машварат ба табиби косметолог муроҷиат намоянд ва барои солимии пӯст ва зебоии худ ваќт ҷудо намоянд.
Њангоме ки бонувон аз ягон беморї азият мекашанд, ба табиб муроҷиат менамоянд ва баъди машварат ва ташхис табобатро ба роњ монда, сињат мешаванд. Аммо дар њолати доғ, ожангњо ва доначањо пайдо кардани рӯй, тағйирёбии ранги пӯст, аз меъёр сермӯй шудани чењра ва ғайра ба табиби косметолог муроҷиат карданро зарур намешуморанд. Ин хатои мањз аст, зеро омилњои зиёде вуҷуд доранд, ки мањз онњо пӯсти рӯйро ба тағйирот дучор месозанд, ба мисли вайроншавии узвњои њозима, фаъолияти њормонњо баъд аз таваллуд, бемории ҷоғар, камхунї, норасоии витаминњо ва амсоли инњо. Ба ҷуз ин, мутахассис навъи пӯсти шахсро даќиќ муайян намуда, тарзи дурусти нигоњубини онро тавсия медињад.
Табобат ваќт мехоњад
Чун ваќти муолиҷа фаро мерасад, бонувон баъди як давраи табобат мехоњанд натиҷаи дилхоњро њар чи зудтар ба даст оранд. Бо мурури солњо пӯст пир мегардад ва дар фурсати кӯтоњ онро барќарор кардан ғайриимкон аст. Тирагии пӯсти рӯй, пажмурдагї, ожангњои нав, «овезон» шудани бофтањо, намоён шудани бағбағаи иловагї, дарњам рафтани лабњову аз байн рафтани андозаи онњо пайдарњам зоњир шудаанд ва њар кадоми он бояд дар алоњидагї њалли худро ёбанд.
Кафолати муваффаќият он аст, ки аввал табиби хуберо пайдо карда, зинањои муолиҷаро гузашта, натиҷаи дилхоњро ба даст орем. Албатта, ќисме аз муолиҷаро метавонем дар як ваќт анҷом дињем, ки ин, бешубња, натиҷаро наздик месозад, аммо офиятбахшї ваќти бештар мехоњад ва бо арзиши ќимат ба даст меояд.
Аз кадом усуле, ки табиб кор мегирад, ангуштон он амалро ба таври худ иҷро менамоянд. Яъне њамон тавр, ки танњо худи ӯ метавонад њолати кунунии мизоҷ: зичии бофтањо, ёзандагї, мавҷудияти доруњои ќаблан воридкардашуда, бофтањои пайваст, тонуси мушакњо ва ғайра барои натиҷаи дилхоњро ба даст овардан таъсир мерасонад.
Тоза кардани рӯй
Чї тавр метавон фањмид, ки фурсати тоза кардани рӯй фаро расидааст? Албатта, њамаи ин аз навъи пӯст ва усули таъсиррасонї вобаста аст. Њар ќадаре, ки тозакунї амиќтар бошад, њамон ќадар муолиҷа кам гузаронда мешавад.
Нафарони пӯсти равғанин ва мушкилдошта бо фосилаи 1 - 3 моњ ба табиби косметолог бояд муроҷиат намоянд. Усулњои таъсирбахши тозакунии рӯй барои чунин нафарон – поксозии омехта ва ё механикї мебошад. Нафароне, ки пӯсти хушк ва муътадил доранд, муолиҷаро мувофиќи нишондодњо метавонанд ба роњ монанд.
Навъњои поксозии пӯст
Ду навъи тозакунии рӯй мавҷуд аст: тозакунии ултрасадої ва детокс. Якумї усули муосир, зуд ва безарари дастгоњї мебошад, ки мушкилињои гуногуни пӯсти рӯйро бартараф месозад. Ин усул зери таъсири ултрасадої сурат мегирад. Њангоми муолиҷа мавҷњо ларзиши пӯстро ба вуҷуд меоранд, ки суръати муайян доранд. Детокс – тозакунии амиќ ва пурраи пӯсти рӯй аз моддањои зањролуд аст, ки тариќи масњ, малњамниќоб ва пилинг (тозакунии пӯсти шахшӯли ќабати болоии рӯй) ба роњ монда мешавад. Ин усул барои бартараф намудани ожангњои хурд, варами рӯй ва пажмурдагии пӯст нигаронда шудааст.
Чуноне ки бадан ва мӯйњои худро пок месозем, тоза кардани пӯсти рӯй њам мисли онњо аз амалњои гигиенї мањсуб меёбад, ки ба фарќ аз онњо васеътар ва амиќтар ба роњ монда мешавад.
Сирати зеборо сурати зебо мебояд, гуфтаанд, ки яке дигареро пурра менамояд. Зеро симои зан пеши њамсар пайваста чун олињаи нафосату назокату заковат њамеша зебову ботароват бояд бошад...
(Идома дорад)