Дар фасли тобистон аксари бонувон аз хушк шудани пӯсти рӯй, офтобзадагии рӯй шикоят мебаранд. Роӌеъ ба ин мавзӯъ суҳбате дорем бо табиби косметолог Наргис Мамадӌонова, ки дар ин пеша собиқаи кории 10 сола дораду дар шаҳри Хуӌанд фаъолият менамояд. Бо тавсияи косметолог бонувон дар шароити хона метавонанд роҳи ҳалли мушкилии худро ёбанд.
- Оё тоза кардани пӯсти рӯй махсусиятҳои хоси худро дорад?
- Поксозӣ калиди пӯсти солим аст. Бо баъзе сабабҳо, аксар занон ин марҳиларо аз даст медиҳанд ё ба таври кофӣ ба он муносибат намекунанд. Барои пуртаровату зебо мондани пӯсти рӯй бонувон бояд вақтро дареғ надоранд. Сараввал пӯсти рӯйро аз маводи косметикӣ хуб тоза намудан зурур аст. Агар пӯсти шумо равғанин аст, онро бо кафк ё скраб тоза намоед, нафарони пӯсти хушкдошта, бо оби одӣ тоза намоянд. Ҳамчунин, метавонед бо лосион ё тоник пӯсти рӯйро тоза созед. Вақте ки пӯст хуб тоза мешавад, малҳамро хуб қабул менамояд. Бонувон бояд тарзи дурусти молидани малҳамҳоро донанд. Бо дастони тоза бодиққатона малҳамро ба қисми пеши гардан аз поён ба боло бо хатҳои маҳс ва паҳлуҳои онро аз боло ба поён моланд. Ба ӌойҳои нафиси пӯст, масалан атрофи чашмонро бо нӯги ангуштон бо ҳаракатҳои сабук нуқтагузорӣ намудан лозим аст.
- Барои пуртароват будани пӯсти рӯй дар фасли гармо чӣ корҳоро бояд анӌом диҳем?
- Дар шароити хона бонувон аз сабзавоту меваӌот метавонанд ниқобҳое омода созанд, ки ба пӯсти рӯй фоидаовар бошад. Барои таҳияи ниқоб шуморо лозим меояд:
1 дона помидор;
1 дона бодиринг;
2 қошуқ орди нахӯд;
1 қошуқ хокаи зарчӯба;
1 қошуқ асал;
4 қатра оби лимӯ;
1 қошуқ творог (барои пӯсти хушк) ё сметана (барои пӯсти равғанин) – ро омода созед.
Помидору бодирингро майда аз тарошак гузаронда, ба он орди нахӯд, зарчӯба, асал, оби лимӯ ва творог ё сметанаро якӌоя намуда, ба пӯсти рӯй мемолем. Пас аз 20 дақиқа рӯйро бо оби табиӣ мешӯем.
- Офтобзадагии пӯсти рӯйро чӣ тавр рафъ созем?
- Фоидаи калони гули сабр (алоэ)-ро дар тиб мову шумо хуб медонем. Ин рустанӣ дар косметология низ васеъ истифода мешавад. Ба шумо роҳи аз ҳама осони нест намудани офтобзадагиро тавсия медиҳам.
Афшурдаи гули алоэро бо чанд қатра оби лимӯ якӌоя намуда, ба пӯсти рӯятон молед ва муддати 20 дақиқа интизор шавед. Пас, бо оби хунук рӯйро шӯед. Баъди ин малҳам ба рӯй молидани ниқоби нармкунанда лозим нест, зеро худи алоэ ин хусусиятро дорад.
- Пас аз бемориҳои мавсимӣ пӯсти рӯй тағйир меёбад. Онро чӣ гуна ба ҳолати аввала баргардондан мумкин аст?
- 1 дона банани пухта расидаро бо як қошуқ сметана ва чанд қатра оби лимӯ якӌоя менамоем. Тарзи молидани ин ниқоб каме дигар хел аст. Сараввал ниқобро дар рӯй молида, то хушк шуданаш мунтазир мешавем. Баъди хушк шуданаш, боз як қабати дигар аз болояш мемолем. Ҳамин тавр ҳамаи ниқобро ба рӯй мемолем. Ин раванд тақрибан як соатро фаро мегирад. Пас аз хушк шудани қабати охирини ниқоб, рӯйро бо оби муқаррарӣ мешӯем.
Фарзона