02

Июн, 2025
Душанбе

02

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС

Иштибоҳи бонувон ҳангоми нигоҳубини пӯсти рӯй


«Пӯсти рӯй мисли пироҳанест, ки аз табиат ба мо эҳдо гашта. Пироҳани ягона ва якумрӣ, ки дар қиёс ба либос наметавон онро иваз кард. Нигаҳ доштани таровату зебоии рӯй танҳо тавассути нигоҳубини дуруст даст хоҳад дод», - гуфтааст табиб ва косметологи шинохтаи рус Олга Фем, ки чанд тавсияи муфидро дар мавриди нигоҳубини дурусти пӯсти рӯй дар шароити хона пешниҳод менамояд.

    --5Нигоҳубини пӯсти рӯй ҳатман рӯзе ду маротиба бояд ба ӌо оварда шавад: саҳар ва бегоҳ. Он бояд ба одати муқаррарӣ табдил ёбад (то 3 дақиқа). Тамоми воситаҳои косметикӣ бояд бо хатҳои махсуси масҳдиҳӣ сурат гирад – ин хатҳои пӯсти рӯй ба ёзандагӣ устуворанд ва берун аз ин хатҳо ба рӯй молидани малҳамҳо ва ғайра ҳамарӯза пӯсти рӯйро кашиш дода, онро бармаҳал пурожанг менамояд. Ин хатҳоро дар хотир доштан чандон душвор нест, қариб ҳамаи онҳо аз маркази рӯй ба ду тарафи гӯшҳо масҳ дода мешаванд. Ба истиснои пӯсти атрофи чашмон, ки баръакс, аз берун ба самти дарун бояд ҳаракат кунанд. Воситаҳои косметикӣ бояд бо чунин тарз ба рӯй молида шаванд. Ба қисми пеши гардан малҳамҳоро аз поён ба боло ва паҳлуҳои онро баръакс, аз боло ба поён мемоланд. Бо нармии нӯги ангуштон ба рӯй маҳин молидани малҳамҳо мувофиқ буда, ба ӌойҳои нафиси пӯст, масалан атрофи чашмон воситаҳои косметикиро на молидан, балки бо нӯги ангуштон бо ҳаракатҳои сабук нуқтагузорӣ кардан зарур аст.

    Ин ду қоида – нигоҳубини пайваста ва техникаи дурусти молидани воситаҳои косметикӣ ба рӯй аз гаронбаҳотарин малҳамҳо дида, муҳимтар ба ҳисоб мераванд. Нигоҳубини рӯй дар навбати худ 3 марҳиларо фаро мегирад:

    1. Тоза кардани рӯй.

    Он ду маротиба – саҳар ва бегоҳ бояд сурат гирад. Бо дастони тоза рӯйро поккорӣ намудан муҳим аст. Агар аз косметикаҳо истифода баред, бегоҳ онро бо воситаҳои махсус рафъ намоед. Баъдан рӯйро бо оби ба ҳарорати хона мутобиқ шӯед ва сачоқро оҳиста-оҳиста ба рӯй расонед, то обро ба худ ӌабад – бо сачоқ молиш додани рӯй пӯстро меё­зонад.

    2. Муқаввӣ кардани пӯст.

    Баъди шустушӯй онро обдиҳии пӯст меноманд. Об набояд дурушт ва хлордор (аз зери ӌумак) бошад. Оби чашма, ки аксаран дар деҳот дастрас аст, барои муқаввӣ (қувват) - додани пӯст беҳтарин мебошад. Обҳои маъданӣ низ метавонанд ӌойи онро иваз намоянд.

 --6   3. Рутубат додани рӯй.

 

    Саҳар ва бегоҳ бояд анӌом дода шавад. Зеро норасоии намӣ пӯстро хушк карда, чандирӣ ва тарангии онро аз байн мебараду боиси бармаҳал пайдо кардани чину ожангҳо мегардад. Дар ин кор малҳамҳои рӯзона ва шабона ёрирасони моянд. Аз воситаҳои табиӣ низ малҳамҳои зиёдро метавон дар шароити хона омода кард, ки дар деҳот даст­раси ҳамагонанд.

Иштибоҳи бонувон ҳангоми нигоҳубини пӯсти рӯй

:.  Зебоӣ 11.06.2020 06:17 1107

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz