МАСЛИҲАТ
нувон каме мушкилї пеш меояд. Зеро дар ин айём пўсти рўй хушк гардида, пўстпартої ба назар мерасад. Њамчунин, дар рўй доѓњои пигментї падид омада, ожангњои нав пайдо мегарданд ва ё ожангњои куњна жарфтар мешаванд. Ба аќидаи мутахассисон сабаби ин омилњо таъсири аз њад зиёди нурњои ултрабунафш аст. Вобаста ба нигоњубини пўсти рўй дар фасли бањор мутахассиси духтурхонаи табобатии косметологї Нигина Зайдова чунин маслињат медињад:
- Пўсти рўйро дар фасли бањор бояд нарм нигоњ дошт. Аз малњамњои барои пўст мувофиќ ва бар зидди нурњои ултрабунафш фаровон истифода бояд бурд. Шурўъ аз моњи март метавонед аз малњамњои 30 SPF, ки бар зидди нурњои офтобанд, истифода баред. Барои пайдо нагаштани ожангњои гирди чашм, ба чашм айнаки муњофизаткунанда аз офтобро мондан зарур меояд. Бо вуљуд дар хотир бояд гирифт, ки зебої аз организм вобастагии зиёд дорад. Аз ин рў, рўзе на камтар аз 2 литр об нўшидан зарур аст. Ин меъёр барои нигоњ доштани њамаи равандњои мубодилаи моддањо кофист. Њамчунин, аз нўшобањои мевагї низ фаровон истифода мебояд бурд. Чойи кабуд низ аз антиоксидантњо бой буда, пўстро аз равандњои пиршавии бармањал њифз менамояд.
Бино ба аќидаи табиб, дар фасли бањор пўст аз норасоии витамин ранљ мебарад. Аз ин љост, ки гузарондани курси витаминњо зарар нахоњад кард, аммо ќабл аз њама бояд бо духтур маслињат намуд. Ѓизоњои солим, мевањои тару тоза, сабзавот, кабудињо барои таровати рўй наќши муњим мебозанд. Ёдрас мешавем, ки малњами рўзонаро ним соат пеш аз берун баромадан ва малњами шабонаро ду соат пеш аз хоб ба рўй молидан њатмист. Зеро ин муддат пўсти рўй онро хуб љабида мегирад.
Ниқобҳо
Пўсти хушк
Ќабл аз молидани ниќобњо пўсти рўйро наѓзакак тоза кардан зарур аст.
1 ќошуќ равѓани зайтунро бо як зардии тухм ва ним ќошуќ оби минералї омехта, бо пахта маскаро ба рўй молед. Пас аз 15 даќиќа рўйро бо чойи хунуки кабуд бишўед. Ин ниќоб пўсти рўйро хуб намуда, чандирии онро барќарор менамояд.
Пўсти
равѓанин
1 ќошуќ афшурдаи лимўро бо як ќошуќ творог якљоя намуда, ба рўй молед, пас аз 10–12 даќиќа рўйро бо оби ширгарм шўед.
Пўсти муќаррарї
1 дона себро аз тарошак гузаронда, бо 2 ќошуќ равѓани зайтун ва як сафедии тухм омехта, муддати 30 даќиќа дар рўй нигоњ доред.