Солҳои охир теъдоди нафароне, ки ба ҷарроҳии пластикӣ рӯ меоранд, дар ҳоли афзоиш аст. Маълум гардид, ки дар Тоҷикистон ҷарроҳии пластикии бинӣ ва рӯй, ки бо номи «фейслифтинг» машҳур аст, бештар анҷом дода мешавад. Баъзан бо маслиҳати косметологҳо беморон барои анҷом додани ҷарроҳии пластикӣ розӣ мешаванд. Аммо бобати зарари ҷарроҳии пластикӣ ҳангомаҳо зиёданд, ки касро ба андеша водор месозанд.
Дар мавриди суду зиёни ин гуна амалиёт Эркин Исмоилов, ҷарроҳи пластикии шуъбаи ҷарроҳии пластикии маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо чунин маълумот пешниҳод намуд.
Ҷарроҳии пластикии рӯй
Фейслифтинг (таранг кардани пӯсти рӯй) душвортарин ҷарроҳии пластикӣ ба ҳисоб меравад, ки он 4 – 5 соат тӯл мекашад. Ин навъи ҷарроҳиро низ бархе бо мақсади бартараф кардани нуқсонҳои дурушти рӯй, гурӯҳи дигар барои зебоӣ ва тағйир додани тарҳи рӯй истифода мебаранд. Анҷом додани ин намуди ҷарроҳӣ пас аз 28 - солагӣ иҷозат дода мешавад. Дар Тоҷикистон бештар нафарони аз 40 - сола боло аз ин навъи ҷарроҳӣ кор мегиранд. Синни мувофиқ барои гузарондани чунин амалиёти ҷарроҳӣ 40 - 45- солагӣ аст.
Ду намуди ин навъи ҷарроҳӣ маъмул аст. Амали ҷарроҳӣ аз рӯйи пӯсту бофтаҳои дохилӣ ва кашидани пӯсти рӯйи бофтаҳои чуқур, ки одатан онро SMAS – система меноманд. Муҳлати ҷарроҳии навъи якум то як сол аст, ки ёзиши зиёди пӯстро ба вуҷуд меорад. Ҷарроҳии дувум то 8 –10 сол ва ё умрбод боқӣ мемонад.
Оризаҳои баъди ҷарроҳӣ
Пас аз ҷарроҳӣ оризаҳо ба амал меоянд, ки то дергоҳ боқӣ мемонанд. Ёзиши пӯсти рӯй зиёд гардида, баъзан ба торҳои асаб латма мезанад. Агарчи чунин ҳолат муваққатӣ ҳам бошад, то бартараф гардидани он таъсири манфии хешро мегузорад. Инчунин, баъзан дар рӯй осори он боқӣ монда, аз беэҳтиётӣ метавонад заҳролудшавии хун ба вуқӯъ ояд.
Дар сурати анҷом додани ҷарроҳии пластикии рӯй набояд дар як вақт гирифтани пӯсти изофаи пилкони болоро амалӣ намуд, зеро пас аз ҷарроҳӣ рӯй варам карда, имкони дубора халта задани пӯст вуҷуд дорад. Дар як муддат анҷом додани ин ду намуди ҷарроҳӣ қатъиян манъ аст. Ҳамчунин, пас аз истифодаи сӯзандору барои зебоӣ ҷарроҳии пластикӣ набояд гузаронда шавад.
Фоидаи ҷарроҳии пластикии бинӣ
Дар соҳаи тиб ду навъи ҷарроҳии бинӣ мавҷуд аст: ринопластика ва септопластика. Ҳангоми афтидан ва ё ҷароҳат бардоштан бинӣ осеб дида, дар бисёре аз мавридҳо каҷ мешавад. Ҳамчунин, миёнадевори бинӣ шакли худро тағйир дода, роҳи нафасро маҳкам месозад. Дар ин сурат анҷом додани ҷарроҳии септопластика лозим меояд. Яъне, бо роҳи ҷарроҳӣ тағояки бинӣ рост ва сӯрохиҳои он васеъ карда мешавад, ки дар охир нафаскашии бемор озод мегардад. Ринопластика бо мақсади зебоиофарӣ анҷом дода мешавад: бинии калон ва ё аз ҳад хурдро ба тариқи ҷарроҳӣ муътадил карда, барҷастагии онро бартараф месозанд ва ғайра. Дар Тоҷикистон писарону духтарони аз 18 - сола боло аз ин навъи ҷарроҳӣ бештар истифода мебаранд.
Зиёни ҷарроҳии пластикии бинӣ
Ҳама намуди ҷарроҳии пластикӣ хатарзост. Ҷарроҳии пластикии бинӣ низ сарфи назар аз касбияти баланди табиби соҳа аз ин рӯйхат истисно нест. Тадқиқотҳо нишон додаанд, ки ҳеҷ як ҷарроҳи пластикӣ наметавонад 100 % кафолат диҳад. Пас аз ҷарроҳӣ мондани пай ва ё то дергоҳ боқӣ мондани варами он, нафастангӣ ва ғайра метавонад ба амал ояд. Дар ҳолати риоя накардани тавсияҳои духтур метавонад нуқсоне сар занад. Муҳимтар аз ҳама, ҷарроҳ бояд донад, ки аз ҳад зиёд хурд кардани бинӣ манъ аст. Зеро пӯсти бинӣ тира гардида, оризаҳо пайдо хоҳанд шуд. Барои бинии калонро муътадил кардан ҷарроҳӣ бояд ду маротиба сурат гирад, вале фосилаи байни онҳо набояд аз як сол кам бошад. Дар акси ҳол, оризаҳо пайдо гардида, кашиши пӯст таранг хоҳад шуд. Инчунин, то синни 18 ҷарроҳии ринопластика набояд анҷом дода шавад. Чунки дар ин давра устухонҳо дар ҳоли инкишоф қарор доранд ва бо мурури замон бинии хурдкардашуда ба ҷисми аллакай бузург мутобиқат нахоҳад кард.