02

Июн, 2025
Душанбе

02

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БО ЧЕҲРАИ ЗЕБО ДАР ТИРАМОҲ

 11 201941

Бо фарорасии фасли тирамоҳ бонувон мекӯшанд рӯяшон зебову пуртароват бошад. Дар ин бора аз табиби дерматокосметологи маркази шаҳрии бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ Дилафрӯз Холбоева маслиҳат пурсидем.

Тавре ӯ мегӯяд, нигоҳубини пӯсти рӯй дар тирамоҳ заҳмати зиёдро тақозо менамояд. Тирамоҳ марҳилаи хоси омодасозии пӯст барои фасли зимистон аст. Агар ин марҳила бомуваффақият анҷом ёбад, пӯст бо равған ва намӣ пурра ғизо гирад, аз хушкӣ пешгирӣ карда мешавад. Аввалан, бояд намуди пӯстро муайан намуда, вобаста ба он ғизодиҳӣ, рутубатсозӣ ва пок намуданро ба роҳ монд.

Барои мутобиқати пӯст ба мавсими нав, бояд аз малҳамҳои нармкунанда истифода бурд. Пас аз шустани рӯй зуд малҳамро молед. Ин раванд­ро бояд 30–40 дақиқа пеш аз ба кӯча баромадан анҷом дод.

Ҳамчунин, зарур аст, ки рӯйро бо оби хунук бишӯед. Барои пок намудани ороиш аз маҳсулоти махсусе, ки ба намуди пӯстатон мувофиқ аст, барои мисол оби минералӣ, равғани гидрофилӣ истифода бареду собун назанед.

Бонувони азиз, ин ҷо чанд намуди ниқобро бароятон пешниҳод менамоем, ки дар хона метавонед аз онҳо истифода баред.


11 201918


Ниқоб барои пӯсти мушкилдошта:

Полудаи бананро бо ним қошуқча сода ва хокаи зардчӯба илова карда, аз он маҳлул омода менамоем. Онро ба рӯйи покиза 10 дақиқа нигоҳ дошта, сипас бо оби ширгарм мешӯем.

Ниқоб барои пӯсти мулоиму намнок:

Бодиринги калонро ду қисм карда, ним ҳиссаи онро аз тарошак мегузаронем, ба он 1/4 истакон шир, як қошуқи ошӣ асал ва шакари қаҳваранг илова менамоем. Ниқоби мазкурро дар рӯйи тозашуда мемолем ва пас аз гузаштани 10 дақика бо оби ширгарм мешӯем.

Ниқоб барои пӯсти ҳассос:

Як қошуқи ошӣ йогурт, 1 қошуқча асал ва хокаи какаоро бо ҳам омехта, малҳами омодашударо мисли дигар малҳамҳо ба рӯй мемолем. Дар хотир бояд дошт, ки пеш аз молидани малҳам пӯсти рӯйро тоза намуда, сипас ниқоб молидан зарур аст. Бо оби ширгарм мешӯем.

Ниқоб барои пӯсти равғанин:

Ба ним истакон ярмаи ҷави русии (овсянка) буғпазшуда, як дона тухм ва як қошуқи ошӣ шарбати лимӯ зам менамоем. Сипас, онро ба рӯйи тоза молида, пас аз 10 дақиқа бо оби ширгарм мешӯем.

Ниқоб барои пӯсти хушк:

Ним қошуқ полудаи авокадоро бо 1 қошуқча йогурт омехта, ба он 1 қошуқча равғани зайтун ва як қошуқча асал якҷоя менамоем, ба рӯи тозашуда молида пас аз 10 дақиқа бо оби гарм мешӯем.

Барои омода намудани пӯст ба мавсими тирамоҳу зимистон аз усули биоревитализатсия метавонед истифода бурд. Он ба пӯст тақвият бахшида, намнокиро нигоҳ медорад. Биоревитализатсия на танҳо пӯсти рӯйро намнок нигоҳ медорад, балки аз доғҳои пигментӣ, офтобзадагӣ, ҳамчунин барои халос шудан аз ожангҳои хурд ёрӣ мерасонад.

 

 Меҳрона

:.  Зебоӣ 22.11.2019 09:51 1170

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz