Озодабону Алимшоева, раиси бахши занон ва кор бо оилаи ноҳияи Шуғнон. Дар бораи ҳаёти занон бо ин бонуи соҳибтаҷриба ва масъулиятшиносу ташаббускор ҳамсуҳбат шудем.
- Зан дар ноҳияи Шуғнон аз чӣ мақоме бархӯрдор аст?
-Занон дар ноҳияи Шуғнон ҳанӯз аз солҳои 30-юми асри гузашта дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ширкат меварзиданд, вале теъдодашон дар мақоми роҳбарӣ ва интихобӣ кам буд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба боло бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои ширкати фаъоли онҳо дар корҳои давлатдорӣ имконияти боз ҳам васеъ фароҳам овард. Дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва соҳибкорӣ теъдоди занон афзоиш ёфта, саҳми онҳо дар мақоми роҳбарикунанда қариб ба мардон баробар мешавад ва ба 40 дарсад мерасад, ки нишондиҳандаи баландтарин байни ноҳияҳо дар вилоят аст.
Бонувони ноҳия ташаббускор, меҳнатдӯст ва эҷодкоранд. Аз ҳар имконияти хурд барои беҳбуд бахшидани рӯзгорашон истифода мебаранд ва ин аст, ки шумораи ҳар чи бештари занон рӯ ба ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ меоваранд.
-Шумораи донишҷӯдухтарон дар макотиби олӣ зиёд мешавад ва аз ҷавонписарон ҳам мегузарад. Шавқи духтарон ба донишомӯзӣ дар чист?
-Айни ҳол дар макотиби олӣ ва миёнаи махсуси кишвар ва берун аз он 1023 донишҷӯдухтари бадахшонӣ таҳсил мекунад. Бо Квотаи президентӣ 180 духтар аз оилаҳои камбизоат ва маҳалҳои дурдасти ноҳия ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Ягон ҳодисаи аз таҳсил дар мактаби миёна берун мондани духтарон вуҷуд надорад. Анъанаи мардуми Шуғнон аст, ки агар дар хона ду фарзанд бошаду яке духтар ва чун имконияти модии фақат нафареро соҳиби таҳсилоти олӣ гардондан муяссар ояд, хонаводаҳо онро ба духтар тарҷеҳ медиҳанд. Барои духтарони соҳибтаҳсилот имконияти корёбӣ зиёдтар асту ҷавонписарон ҳам бештар духтарони дипломдорро хостгор мешаванд. Ин аст, ки шумораи духтарон дар макотиби олӣ дар ҳоли афзудан аст.
- Воқеан, маҳсулоти ҳунармандону соҳибкорони ноҳия яке аз гӯшаҳои беҳтарини ҷашни наврӯзӣ дар вилоят эътироф гардид...
- Дар намоишу фурӯши имсолаи наврӯзӣ зиёда аз 40 зани ҳунарманд маҳсулоти хешро ба маъраз гузошт. Ҷашнҳои миллӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ имконияти хубе барои муаррифӣ ва фурӯши маҳсулот асту ҳунармандон бо мароқ аз чунин чорабиниҳо истифода мебаранд. Соли гузашта 13 бонуи ҳунарманди ноҳия бо маҳсулоти истеҳсолнамудааш дар Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ширкат варзида, даромади хуб аз фурӯши дастранҷи хеш дарёфт. Тасмим дорем теъдоди бештари бонувони ҳунармандро ба Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, ки баргузориаш дар вилояти Хатлон тобистони соли ҷорӣ дар назар аст, сафарбар намоем.
Дар ноҳия 197 зан ба соҳибкории истеҳсолӣ машғул аст ва онҳо маҳсулоти бофандагӣ, дӯзандагӣ, муҳраҳои гуногун аз сангҳои ороишӣ, шарбату нӯшобаҳо аз меваи фаровони маҳаллиро ба бозор мебароранд. Ҳамасола ба манзури дастгирии соҳибкорӣ дар байни занон аз хазинаи Президенти Тоҷикистон грантҳо ҷудо гардида, танҳо давоми чор соли охир шаш бонуи соҳибкор аз ин имкон бархӯрдор гардиданд.
Ноҳия дар иҷрои сифатноки нақшаи андозҳои солона ба натиҷаҳои баланд ноил шуда, саҳми занони соҳибкор дар ғанӣ намудани буҷети ноҳия чашмгир аст.
- Фаъолияти касбии Шумо чӣ гуна оғоз шуд?
-Пас аз хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе соли 1983 дар деҳаи Манеми ноҳия ба омӯзгорӣ пардохтам. Сипас, сарвари литсей-интернати хонандагони болаёқати назди мактаби рақами 12 таъйин гардидам. Кӯшиш менамудам, ки барои талабагони болаёқат ва омӯзгорон муҳити рақобати созанда ва эҷодӣ фароҳам созам. Ҳамзамон, ба кабудизоркунӣ ва ободонии гирду атрофи муассисаи таълимӣ диққати зиёд медодам. Шояд натиҷаҳои таълимӣ ва қобилияти ташкилотчигиамро ба назар гирифта маро ба вазифаи муовини раиси ноҳия лоиқ донистанд ва 8 сол ин масъулиятро бар дӯш доштам. Ду сол аст, ки сардори бахши кор бо занон ва оила ҳастам.
-Дар баробари роҳбар будан, Шумо чун модар фарзандони хуб ба камол расондед. Дар ноҳия дар мавриди «модаршоҳӣ» бисёр сухан мегӯянд ва бигӯед, ки дар хонаводаатон кӣ меҳтар аст - зан ва ё шавҳар?
-Мард сутуни хонадон аст ва чун меҳтари хонавода бояд аз ҷониби зану фарзандон эътироф шавад. Агарчӣ вазифаам аз шавҳарам баландтар аст, ин маънои онро надорад, ки ман аз ӯ болотарам. Дар хона ман зан ҳастам ва ӯ марди хонавода.
-Муҳоҷирати занон ҳанӯз ваҷҳи нигаронист ва барои коҳиши ин раванд мақомоти маҳаллӣ чӣ тадбирҳо меандешад?
-Муҳоҷират ҳамчун ҳалли мушкилоти иқтисодӣ барои кишварҳои дар ҳоли рушд ҷанбаҳои мусбатро ҳам дорост. Вале, тамоюлҳои манфӣ ва зиёновари он бештаранд. Бахусуc, вақте занон муҳоҷиратро ихтиёр мекунанду шумораашон зиёд мешавад, ин раванд нигаронии амиқ ба бор меорад. Рисолати асосии зан тарбияи насли солим аст. Бештари заноне, ки ба муҳоҷират мераванд, фарзандонашонро дар тарбияи падару модар ва ё хусуру хушдоманашон мемонанд. Чунин бачаҳои «бобо» ва «бибӣ» солҳо тарбияи падару модари воқеиашонро намебинанду волидонашон бо фиристодани маблағ иктифо мекунанд. Аммо, тавре мегӯянд, «тифливу домони модар хуб биҳиште будааст». Ҳаёт собит сохтааст, фарзандоне, ки дар канори волидон ба воя мерасанд, имконияти бештари рушди моддӣ ва маънавӣ дошта, ба таъсири омилҳои беруна тобовартаранд.
Ба хотири коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва беҳтар сохтани некуаҳволии мардуми кишвар ва коҳиш додани камбизоатӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳо амалӣ намуд. Беҳбуд ёфтани сатҳи зиндагии мардумро дар ҷумҳуриамон дар мисоли ноҳияи Шуғнон баръало дидан мумкин аст. Бо супориши Сарвари давлат дар муддати кӯтоҳ соҳиби манзилҳои истиқоматии дорои тамоми шароитҳои мусоид гардидани 82 хонаводаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Барсем ва барқарор сохтани ҳаракати нақлиёт дар масири аҳамияти байналмилалӣ, ки аз ин ҷо мегузарад, мисоли барҷастаи тавонмандии Ҳукумати кишвар буда, сокинон аз тамоми вилоят ва манотиқи ҷумҳурӣ дар ин кори хайр ҳиссагузор шуданд.
Ба манзури соҳибкасб ва корёб шудани занон бо ёрии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ намояндагони ин қишри ҷомеа ба омӯзиши касбҳои гуногун фаро гирифта мешаванд. Сафи бонувоне, ки аз ҳисоби фаъолиятҳои соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ даромад ба даст меоранд, меафзояд ва ин омил, бешубҳа, ба беҳбуд ёфтани сатҳи зиндагӣ ва коҳиши раванди муҳоҷират дар байни занон сабаб мешавад.
- Кадом сифати бонувонро махсус зикр кардан мехостед?
-Бонувони ноҳия ташаббускор ва тозакоранд. Агар мардон дар кабудизоркунӣ саъй варзанд, бонувон дастҷамъона вақт ба вақт дар тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи маҳали зист ва гулпӯш намудани он саҳм мегузоранд. Ҳар нафаре вориди шаҳр ва ё деҳот мегардад, аз тозагии кӯчаву ҳавлиҳо дар бораи бошандагони маҳал тасаввурот пайдо мекунад. Боиси хушнудист, ки дар озмуни ҷумҳуриявии деҳа, ҷамоат ва шаҳраки беҳтарин деҳаи навбунёди Раҳмонобод, Ҷамоати деҳоти Поршинев ва шаҳраки Ваҳдат- маркази ноҳияи Шуғнон соҳиби ҷоиза гардиданд, ки рӯйдоди мазкур аз саъю талоши ҳамарӯзаи сокинон, аз ҷумла бонувон дар ободониву кабудизоркунӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист дарак медиҳад.
М.САИД,
ноҳияи Шуғнон