02

Июн, 2025
Душанбе

02

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НИГОҲУБИНИ ПӮСТИ ДАСТУ РӮЙ ДАР БАҲОРОН

 

Ниқоби баҳорӣ аз помидор

04 201942

Азбаски дар фасли баҳор пӯсти рӯй нозук мегардад, зуд равған ҷудо карда месӯзад. Барои рафъи равғани пӯсти рӯй чунин ниқобро пешниҳод менамоем.

Як дона помидорро аз турбтарошак гузаронда, ба он як қошуқи чойӣ афшураи лимонро илова менамоем. Пас, ба ҳамин миқдор шарбати сабзӣ зам карда мешавад. Ниқоби омодашударо ба рӯй молида, 10 дақиқа нигоҳ медорем ва бо оби ширгарм мешӯем. Ин намуди малҳам ҳамчунин рӯйро сафед менамояд.

 

Малҳами бодирингӣ

04 201948

2 дона бодирингро аз чашмаки майдаи турбтарошак мегузаронем ва ба он як қошуқи ошӣ сметана ё қаймоқро илова карда, якҷоя менамоем. Онро ба рӯй молида, 10–20 дақиқа нигоҳ медорем. Баъд аз ҷабида гирифтани малҳам, рӯйро бо оби ширгарм мешӯем. Ин намуди малҳам доғҳои дар фасли баҳор пайдошударо рафъ месозад.

Ниқоби себӣ

2 дона себро аз турбтарошак гузаронда, шарбаташро бо дока биполед. Ба шарбати омодашудаи себӣ, пахтаи мулоимро тар намуда, ба рӯятон бимолед. Ин амалро дар давоми 10 рӯз ду маротибагӣ такрор намоед. Доғҳои кунҷитак ва сурхии рӯятон нопадид мегардад.


Нигоҳубини пӯсти даст

04 201943

Айёми баҳор ба пӯсти даст низ таъсири хешро гузошта, онро шахшӯл менамояд. Барои рафъи чунин мушкилӣ аз ниқоби мазкур истифода баред.

Як қошуқи калони ошӣ асалро бо ду қошуқи ошии равғани растанӣ, як дона зардии тухм ва якчанд чакра оби лимӯ омехта мекунем. Ниқоби омодашударо ба дастон молида, болояшро бо матои қоғазӣ мепӯшонем. Пас аз ҷабиши малҳам, онро бо дастпоккунаки тар тоза карда, 5 дақиқа дастонро роҳат мегузорем. Беҳтар аст, ин ниқобро шабона истифода бубаред.

 

Ниқоби асалӣ

50 грамм асалро бо 50 грамм равғани зайтун якҷоя намуда, ба он зардии як дона тухмро илова намоед. Пас аз каме мулоим шудани малҳам, онро ба дастон бимолед. Бо сипари шудани 20 -дақиқа аввал бо оби ширгарм ва пас бо оби хунук шустан лозим. Ин намуди малҳам пӯсти дастонро маҳин намуда, аз хушкшавӣ эмин нигоҳ медорад.

 

Ниқобҳо барои пой

04 20193

Барои пур намудани ҷойҳои кафидаи пой малҳами мазкур айни муддаост. Пӯсти картошкаро тоза шуста, ба он каме об илова намоед. Баъд онро болои алови паст гузошта, то мулоим шуданаш ҷӯшонед. Сипас, дар оби ҷӯшомада содаи истеъмолӣ андозеду пойҳоятонро дар ҳаври он бигиред. Баъд аз мулоим шудани пойҳо, пӯсти ҷӯшонидаро бимолед. Бо гузашти 20–30 дақиқа пойҳоятонро бо оби ширгарм бишӯед.


Рафъи хастагӣ ва шахшӯлии пой

Барги ду дона карамро дар асбоби блендер майда намуда, болои пойҳоятон гузоред. Онро бо селофани полиэтиленӣ печонед ва ҷӯроб бипӯшед. Бо гузашти як соат, метавонед пойҳоятонро бишӯед. Ин амал хастагӣ ва шахшӯлии пойҳоро бартараф месозад.

:.  Зебоӣ 22.04.2019 10:08 1159

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz