02

Июн, 2025
Душанбе

02

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МӮЙИ ЗЕБО МЕХОҲЕД?

 

04 201914Ба ташвишҳои рӯзгор дода шуда, занону бонувон дар хусуси нигоҳубини мӯйи сарашон кам меандешанд. Дар назар бояд дошт, ки мӯйи сар танҳо барои зебоӣ набуда, якчанд вазифаи муҳимро дар организми мо иҷро менамоянд. Аввалан, мӯйҳо сари моро аз шуоҳои офтобӣ нигоҳ медоранду дар дуру дароз ҳифз кардани ҳар гуна маълумот дар хотираамон ёрӣ мерасонанд.

Мӯйи сари дарозу ғавс инъоми табиат аст, аммо, дар натиҷаи нодуруст нигоҳубини он, истифодаи химикатҳо ва норасоии витамину минералҳо дар бунияи инсон, мӯй борик мегардаду ба рехтан шурӯъ менамояд. Агар хоҳед, ки мӯйи саратон ғавсу дароз бошад, пас аз бахши тавсияи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» истифода бубаред.

Барои солимии мӯй шуморо лозим меояд аз тезиву шӯрӣ бипарҳезед. Давоми рӯз кабудиву сабзавот ва меваҷотро зиёд истеъмол намуда, ба андозаи 5 - 8 истакон об нӯшед. Бештар хӯрокҳои сабук (якум) бихӯред. Истеъмоли гӯшти гов, тухми харбуза, бодиринг, қаланфури булғорӣ низ барои афзоиши мӯйи сар ёрӣ мерасонад. Истеъмоли нони сиёҳ, тухми ҷӯшондашуда ва чормағз айни муддаост. Давоми ҳафта ду маротиба ба фитнес ва ё дар як рӯз ним соат таҳти навои мусиқӣ ба рақсидан шуғл биварзед.

Беҳтар аст, агар мӯйҳоятонро бо шампуну балзам камтар шӯед, зеро дар таркиби онҳо маводҳои кимиёвие мавҷуданд, ки сабаби рехтани мӯйи сар мегарданд. Шустани мӯи сар бо собуни сиёҳ ва ҷурғот тавсия дода мешавад. Пас аз шус­тан ба сар ҷурғот бимолед. Баъди 15 дақиқа онро бо оби ширгарм обгардон намоед. Ҷурғот решаи мӯйро мулоим намуда, резиши онро пешгирӣ менамояд. Мӯйи сари шумо ҷилонок гардида, зуд дароз мешавад.

 Бонувони азиз, бо мӯйҳои зебои худ саломатиатонро ҳифз намоед!

  

Марҷонаи Файз

:.  Зебоӣ 19.04.2019 06:44 1309

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz