01

Июн, 2025
Якшанбе

01

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК

 

Қазон шаҳрест дар канори рудхонаҳои дарёи Кама ва Волга, ки бо табиати зебову иқлими муътадилаш, бо биноҳои дар асоси меъмории таърихии мардуми шарқ сохтаашон, диққати сайёҳони бешуморро ба худ ҷалб мекунад. Дар як сол кишвари Тотористонро зиёда аз се миллион сайёҳ дидан карда, бо таассуроти хуш бармегардад.

Мо дар бораи ташаб­бускориҳои ҷамъияти тоҷикони Қазон, ки пайваста бо ширкати васеи занону духтарони тоҷик чорабиниҳои муҳими фарҳангиро доир мекунанд, бисёр шунида будем ва хостем аз наздик бо фаъолияти он ошно шавем. Дидори мо зимни баргузории озмуни «Зебосанам» сурат гирифт, ки бо ташаббуси фаъолони Ҷамъияти тоҷикон, Ҳикматулло Гадоев - аъзои ассамблеяи халқҳои Тотористон, Амриддин Камолов сарвари соз­мони ҷавонони тоҷики муқими Тотористон, бонувони фаъоли тоҷик Шаҳригул Наботова, Азиза Абдуҷабборова, Фирӯза Анварова дар Кохи калони «Хонаи дӯстии халқҳо»-и ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардида буд. дар ин чорабинӣ зиёда аз даҳҳо ҷавондухтарони тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Қазон таҳсил мекунанд, ширкат варзида, дар доираи шартҳои озмун бо шумули пухтану пешниҳоди таомҳои миллии тоҷикӣ ва дигар халқҳо, дӯзандагӣ, покизарӯзгорӣ, нигоҳубини тифл, сурудхонӣ, қироати шеър бо забонҳои тоҷикию русӣ, тоторӣ, англисӣ, либоспӯшӣ бо чанд тарз, дарзмоли либосҳои мардонаву занона, забондонӣ, муаррифии манзараҳои зебои табиати нотакрору мавзеъҳои таърихии куҳандиёри Тоҷи­кистони маҳбуб иштирок намуданд.

Диққати тамошобинону аъзои ҳакамонро пеш аз ҳама рангорангии либоспӯшию ҳунари кадбонугию забондонӣ, рақсҳои дилошӯби духтарони тоҷик - Нигина Ғиёсова, Нигора Нуруллоева, Диана Нуруллина, Сипаргис Зикирёева, Умеда Каримова, Алфия Нурова ҷалб кард. Хусусан Нилуфар Анварова, ки донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи кишоварзии Тотористон мебошад, ҳама шартҳои озмунро олӣ иҷро кард ва дар миёни даҳҳо гулдухтарони тамоми миллатҳои дигар мақоми аввалро гирифт. Чӣ тавре зимни суҳбат ба мо раиси тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон, марди ватандӯсту ташаббускор Ҳикматулло Гадоев, раиси бонувони тоҷики Қазон Ш. Наботова иброз дош­танд, гузаронидани чунин чорабиниҳо на фақат дар такмили ҳувияти ватандӯстии насли ҷавони тоҷик, балки дар шинохти Тоҷикистон, рушди сайёҳӣ ва таваҷҷуҳи бештари сайёҳону меҳмонон ба Ватани офтобиву диёри афсонавии мо нақши муҳим дорад. Нилуфарро дар донишгоҳи кишоварзӣ устодону ҳамсабақон чун донишҷӯи фаъол ситоиш карданд. Ва ҳам маълум гашт, ки умуман донишҷӯдухтарони тоҷики Қазон бо ахлоқу одоби ҳамида, таҳсили хуб тавонис­таанд номи миллати тоҷикро дар миёни хамсабақону мардуми Тотористон ва берун аз он муаррифӣ кунанд.

- Мутмаин метавонам гуфт, ки забондонӣ, кадбонугиро ба ҳар духтари тоҷик модарон ҳанӯз аз овони кӯдакию наврасӣ меомӯзонанд. Маҳз ҳамин ҳунар ва донистаҳо оид ба мавзеъҳои таърихии Ватан боис гардиданд, ки миёни даҳҳо гулдухтарони озмун дастболо гардам, – мегӯяд Нилуфари Анвар.

Дар ҷараёни табодули афкор ӯ иқрор омад, ки дар озмуну маҳфилҳои дигар низ ҳамчун тоҷикдухтар иштирок мекунад.

Тоҷикдухтари шуҳратёри дигар, барандаи чандин мусо­биқаҳои минтақавию уму­мироссиягӣ дар намуди таэквондо Азиза Абдуҷабборова мебошад. Ӯ тавониста, ки камарбанди сиёҳро ба худ ихтисос диҳад.

- Гузарондани чунин оз­мунҳои фарҳангӣ ва ширкати васеи тамошогарони гуногунмиллат дар озмунҳо ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба мавзеъҳои таърихии Тоҷикистони маҳбуб ва анъанаҳои миллии тоҷикон нақши муҳим доранд, - мегӯяд Азиза.

Зимнан роҳбарияти созмон­ҳои тоҷикон ва аъзои фаъоли он Азиза Абдуҷабборова, Фирӯза Абдуллоева, Шаҳригул Наботова ва дигарон бо донишҷӯдухтарони навтаҳсил маҳфилҳои суҳбату машварат доир мекунанд, то анъанаҳои миллии худ, ахлоқи ҳамидаи худро ҳифз кунанду пок бошанд.

- Боиси хушнудист, ки дар донишгоҳҳову мактабҳои миёнаи касбии Тотористон садҳо ҷавондухтарони тоҷик дар самтҳои тиббӣ, ҳуқуқшиносӣ, менеҷерӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ маҳз тавассути квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд. Ин бори дигар аз сиёсати одилонаву хирадмандонаи Пешвои миллат дар нисбати насли ҷавони миллати тоҷик, ба вижа духтарони ташнаи дониш дарак медиҳад, - ҳароратангез гуфт дар ҷараёни суҳбат Ҳикматулло Гадоев.

С. Боқиева,
шаҳри Қазон

 

:.  Зебоӣ 22.06.2018 03:34 1827

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz