01

Июн, 2025
Якшанбе

01

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МУБОРИЗА БО ФАРБЕҲӢ, КОРЕСТ МУШКИЛ

 

Тибқи омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо 38 фисади фавт ба гирифторбудагони бемориҳои қалбу рагҳои хунгард, 8 фисад аз фавти бемориҳои саратон, 4 фисад ба бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ ва 1 фисад ба бемориҳои диабети қанд нисбат дода шудааст. Аз фарбеҳӣ ва вазни зиёдатӣ 31 фисади аз синни 20-сола болои аҳолӣ ранҷ мекашанд, ки теъдоди бештарашон шаҳрнишин мебошанд. Теъдоди зиёди фарбеҳшавӣ дар байни аҳолии шаҳри Душанбе бахусус, занону кӯдакон ба қайд гирифта шудааст.

Табибон бар онанд, ки камҳаракатӣ, истеъмоли ғизоҳои серравған, қаннодӣ ва хамирӣ, пурхӯрӣ, истифодаи ҳар гуна ҳабҳо, ки иллати ҳормонҳоро ба вуҷуд меоварад, боиси фарбеҳӣ дар буняи инсон мегардад.

Аломатҳои фарбеҳӣ: аввалин аломати эҳсосшавандаро дар афзоиши миқдори зиёди равған дар ҳар ҷои бадан, ба мисоли шикам, пистон ва ронҳои пой дидан мумкин аст. Баъдан, нафастангӣ ҳангоми иҷрои амалҳои ҷисмонӣ ҳис карда мешавад ва қобилияти корӣ суст мегардад. Фишори хун боло рафта, қабзияти меъда ба миён меояд ва рагу пайвандҳо дардманд мешаванд.

Роҳҳои пешгирӣ аз фарбеҳӣ

Аз хӯрдани ҳар гуна шириниҳо ва таомҳои серравған даст кашед. Бештар сабзавот ва мева истеъмол кунед.

Сайру сайёҳат, пиёдагардӣ, давидан ва машғул шудан ба машқҳои ҷисмонӣ бар фоидаи кор аст.

Бо истифода аз тибби халқӣ ва истеъмоли гулу гиёҳҳо метавон ҷараёни фарбеҳиро дар бадан пешгирӣ кард. Аз лимӯ ва имбир чой омода намоед ва бештар оби ҷӯшонидашударо нӯшед. Истеъмоли ширу ҷурғот низ хуб аст.

Онҳое, ки авлодан бемории фарбеҳӣ доранд, мебоист хӯрокҳои камғизоро истеъмол намоянд ва ба реҷаи истеъмоли таомро риоя кунанд.

Бонувони азиз, ҳусну тароват ва қомати мавзунро нигоҳ доред. Чаро ки вақте ба фарбеҳӣ гирифтор шудед, халосӣ аз вазни зиёд корест, мушкил.

Таҳияи Аноҳито

 

:.  Зебоӣ 30.05.2018 07:41 1860

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz