Боиси тазаккур аст, ки санъати ороишии занони тоҷик низ таърихи фарохтар аз Мисри қадимро дорост. Ҳафриёти бостоншиносон нишон медиҳад, ки 5500 сол муқаддам дар Саразми Панҷакент низ занон аз санъати ороишии рӯю бадан огаҳӣ доштаанд. Дар ин ҷо бостоншиносон мадфани занеро пайдо кардаанд, ки тақрибан 22 –25 сола буда, дар дохили қабри ӯ ҷавоҳир ва ороишоти зиёде маҳфуз мондааст. Аз ин бармеояд, ки санъати ороишӣ дар ин сарзамин қабл аз дигар тамаддун ривоҷ ёфта буд.
Имрӯзҳо низ ҳар як бону новобаста ба сол, миллат, мақом дар ҷомеа ва шароити зист мехоҳад ҳамеша зебову дилкаш бошад. Лек аксаран акси худро дар оина дида, мо аз баъзе тағйироту нуқсҳо нороҳат мегардем. Доғҳои дар рӯй баногаҳ пайдошуда, ожангҳои майда-чуйда, аз камхобӣ халтазании зери чашмон табъи моро хира мегардонад. Кас намехоҳад, ки ки чунин камбудиҳо мадди назари атрофиён бошад.
Дар чунин ҳолат воситаҳои ороишӣ ё худ ба истилоҳ косметикӣ ба мо ёрӣ мерасонад. Муҳимтар аз ҳама қоидаҳои махсуси оро додани рӯйро донистан ва меъёри онро риоя кардан басо муфид хоҳад буд, то ки рӯй шабеҳи ниқоби расмкашӣ нагардад. Ғайр аз ин, ороиши рӯй бояд ба либос, мӯйи сар, замон ва воқеа мувофиқ бошад. Масалан, агар дар 20 солагӣ малҳамҳои зидди ожанг, ки барои занони аз 40-сола боло пешбинӣ шудаанд, истифода баред, тааҷҷубовар нест, ки дар синни бузургтар ин малҳамҳо бетаъсир мегарданд ва ба воситаҳои таъсирнокиашон зиёдтар эҳтиёҷ пайдо хоҳед кард.
Интихоби дурусти воситаҳои ороишӣ муҳим буда, ба таври инфиродӣ созгор меоянд. Мутаассифона, аксарияти занон баъзан чунин воситаҳои ороиширо нодуруст интихоб менамоянду бо тавсияи дӯстон, рекламаҳо, фурӯшандагони мағозаҳо ва ҳатто ба ороиши зебои қуттиҳо эътибор медиҳанд, ки натиҷаи дилхоҳро наметавонанд ба даст оранд.
Пардозгарони касбӣ бар он назаранд, ки тавассути воситаҳои косметикӣ ба куллӣ тамоми камбудиву нуқсони рӯйро метавон ноаён кард. Онҳо ороиши рӯйро ба навъҳои рӯзона ва бегоҳирӯзӣ ҷудо намудаанд.
Пеш аз шурӯъ кардани ороиш рӯйро шустан ва тоза кардан ҳатмист. Ҳини шустушӯи рӯй об набояд сард ва ҷӯш бошад, зеро онҳо мувозинати пӯсти рӯй ва фаъолияти рагҳои хурдтаринро вайрон месозанд. Оби андаке гарм беҳтар аст. Баъди шустан рӯйро хушк карда, ба он креми рутубатдиҳанда мемоланд. Пас аз ин креми тасҳеҳдиҳандаро (корректор) истифода мебаранд, ки он метавонад рагҳои хурдтарини васеъшуда ва доғҳои рӯйро пинҳон намояд. Ин навъи крем ранги пӯстро пеш аз креми тобишдиҳандаро истифода кардан ҳамвор месозад. Онро ба тамоми рӯй ва гардан ҳамвору якзайл молидан зарур аст.
Креми тобишдиҳанда (тоналный) – асоси ороиши рӯй маҳсуб меёбад. Кремро чуноне интихоб кардан зарур аст, ки он бояд ҳамранги рӯй ва ё андаке аз он равшантар бошад. Креми тобишдиҳанда ранги аслии рӯйро зинда месозад, рутубатро нигоҳ медорад ва пайдоиши ҷилои равғанинро пешгирӣ менамояд. Кремро ба рӯй, гардан, лабон ва дар ҳошияе, ки мӯйҳо месабзанд, ба хубӣ ҳамвор молидан лозим аст.
Бо ёрии коррексияи «равшан» ва «тираранг» метавон рӯйро зебо ва камбудиҳои онро пинҳон кард. Муҳимаш тамоми хатҳои кашидаи рӯйро ҳамвор кардан зарур аст, то ки ба чашм зуд барнахӯранд. Метавон ба рӯй андаке об пошид - ин амал имкон медиҳад, ки рӯй тару тоза намояд.
Сурхиро пеш аз упо ба рухсораҳо молидан дуруст аст, зеро чунин тарзи ороиш ба табиӣ наздик буда, намегузорад ки сурхӣ пеш аз муҳлат нопадид гардад. Ҳамчунин гард ва ифлосиҳои берун ба ковокиҳои пӯсти рӯй ворид намегардад. Упоро пас аз креми тобишдиҳанда ба рӯй мемоланд, дар акси ҳол он дуруст нанишаста, пӯсти рӯй доғдор ба назар мерасад. Ранги упо бояд ҳамранги рӯй ва ё андаке аз он равшантар бошад. Баъзан упоҳо метавонанд рангҳои бунафш, сабз, гулобии равшан ва зарди нориҷӣ бошанд. Ин рангу тобишҳоро пардозгарони касбӣ барои ба вуҷуд овардани тобишҳои махсус истифода менамоянд. Упоҳои ҷилодори зарин ва нуқрафомро дар қисми мобайнии рӯй намемоланд.
Баъзан метавон мушоҳида кард, ки бонувон чашмони зебои худро нодуруст ороиш медиҳанд, ки дар натиҷа хусни табиӣ коста гардида, симои онҳо дурушт ба назар мерасад. Надонистани қоидаҳои ородиҳии чашмон чунин натиҷаҳоро ба бор медиҳад. Рангҳои ороишии чашмонро ба таври зайл истифода менамоянд: рангҳои тиратарро ба пилки чашмон молида, рангу тобишҳои равшантари онро болои пилки чашм ва зери абрувон мемоланд. Бо ёрии қалам ҳошияи чашмонро баробари ҳошияи мижгонҳо мекашанд. Сипас, тушро бо ҳаракатҳои махсус ба мижгон мемоланд, то ки дарозии онҳо зикр гардад. Пас аз оне, ки туш хушк мешавад, онро бо шоначаи махсус шона месозанд.
Ороиши лабон зинаи охирини ороиши рӯй ба хисоб меравад. Лабони нозук ва дуруст ҳошиякашидашуда ба ҳусни табиӣ тароват зам менамояд. Лабсурхкунаки мувофиқро метавон тавассути намунаҳои дар лавҳабудаи мағозаҳо интихоб кард. Ҳангоми ранг кардани лабон тобиши онро бо макони сафаратон мутобиқ намоед. Дар ҳавои хунуки рӯзона рангҳои осмонӣ ва кабуди лабсурхкунак на он қадар хуб ба назар мерасанд ва дар ҳавои гарм аз тобишҳои норинҷӣ ва қаҳваранг худдорӣ мебояд кард. Ҳар қадаре, ки пӯсти рӯй тиратар бошад, ранги лабсурхкунак равшантар бояд интихоб гардад. Ранги баланди лабсурхкунак бошад баръакс, пӯсти сафедро бештар коҳишдода нишон медиҳад. Рангҳои баланди лабсурхкунак барои ҷавондухтарон дурушт хоҳад буд. Ҷилоҳои обакӣ барои лабон ва ё лабсурхкунакҳои нафис ва камранг барои онҳо мувофиқтар аст. Аз истифодаи рангҳои тираи баланди лабсурхкунак низ мебояд худдорӣ кард.
Нафароне, ки услуби инфиродии худро ҳанӯз интихоб накардаанду ҳангоми истифодаи рангубори ороишии рӯй бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардидаанд, беҳтар он аст, ки аз машварати пардозгари касбӣ истифода баранд, то ки дар оянда аниқ донанд, ки кадоме аз рангҳо ба пӯсти рӯи онҳо бештар мувофиқ аст, то ки сиҳатӣ, ҷавонӣ ва зебоии худро тӯли солҳо нигоҳ доранд.
Таҳияи Ситора