02

Июн, 2025
Душанбе

02

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЗЕБОИИ РӮЙ АЗ ЗЕБОИИ РУҲ АСТ

 

Камчинӣ ё нарасидани ҳормони эстроген дар организм бонувонро метавонад ба чунин ҳолатҳо оварда расонад:

· Ошуфтаҳолӣ ва зуд тағийр ёфтани ҳолати рӯҳӣ;

· Фарбеҳшавии бадан;

· Зудхасташавӣ;

· Паст шудани худбаҳодиҳӣ ва беаҳамиятӣ ба зоҳири худ;

· Кам шудани эҳсосот.

Аз ин хотир, эстрогенро ҳормони ҷавонӣ низ мегӯянд. Зеро бо фаъол будани ин гурӯҳи ҳормон новобаста ба синну сол зан худро воқеан ҳам, ба маънои том зан эҳсос мекунад ва дар назари атрофиён дилкашу ҷаззоб менамояд. Вале бо ишораи ин аломатҳо набояд тахмин зад, ки миқдори эстроген дар бунияатон паст аст. Ошуфтаҳолӣ ва мондашавӣ шояд аломатҳои бемориҳои дигар низ бошад. Меъёри ҳормонҳо дар организмро танҳо дар сурати ташхиси лабораторӣ метавон муайян намуд ва фақат духтурон имкони табобату барқароркунии ҳормонҳоро доранд. Вале аллакай коршиносон таъкид кардаанд, ки таъсири ҳормонҳои сунъӣ каме сахттар аст, нисбат ба ҳормонҳои табиӣ. Мушкили асосии гормонотерапия (ҳормонбарқароркунӣ) дар он аст, ки бо мудаввом ворид намудани ҳормонҳои сунъӣ, бунияи зан аз коркарди ҳормонҳо мемонад. Аз ин рӯ, бо зоҳир шудани меъёри пастшавии эстроген дар худ беҳтар аст, ки меъёри онро бо истеъмоли хӯроки серғизо ва рустаниҳои шифобахш, ки таркибашон аз ҳормонҳои табиӣ бой аст, барқарор намуд. Инчунин барои барқарор кардани ҳормон, ки пас аз таваллуди кӯдак коркарди он дар организм суст шуда, боиси ошуфтаҳолии зан ва рехтани мӯйи сари ӯ мешавад, усули беҳтарин мебошад.

Се намуди ҳормонҳои рустанӣ бо экстрогенҳои фаъол инҳоянд: изофлавоноидҳо, лигнанҳо ва куместанҳо.

Эстрогенҳо дар кадом намуди маҳсулоти хӯрока бештар аст?

1. Зағир

Зағир бо миқдори зиёди ҳормонҳои рустанӣ доштанаш маҳсулоти №1 маҳсуб меёбад. Ғайр аз он ки барои фаъолияти ҳормонҳо таъсири муфид мерасонад, барои тоза кардани организми занҳо фоидабахш буда, хосияти зиддиомосӣ ва антиоксидантӣ дорад. Зағири кӯфтаро бо оби зиёд нӯшидан мумкин аст. Онро метавон бо асал илова намуда, истеъмол кард. Миқдори табобатиаш 2 қошуқи калон дар як рӯз мебошад. Ҳормони растанӣ дар кунҷит ва тухми офтобпараст ҳам вуҷуд дорад.

2. Лӯбиёгиҳо

Тамоми намуди лӯбиёгиҳо ба саломатии занон аз фоида кам нестанд, бахусус наск. Наск, ки таркибаш аз тритофан бой аст, бо ин хусусияти барҳам додани дипрессияро дорад.

3. Сабӯс

4. Қаҳва

5. Зардолуи хушк

Эстрогенҳо инчунин дар таркиби ин алафҳо мавҷуданд:

Мармарак(шалфей), розак(хмел), бобуна(ромашка), зирфун(липа), решаи ширинбия (корен солодки).

Солим бимонед!

Аноҳито

 

:.  Зебоӣ 25.01.2018 03:18 2342

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz