02

Июн, 2025
Душанбе

02

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

СИРРИ ЗЕБОИИ БОНУВОНИ ШВЕДӢ

 

Дар хусуси он ки бонувони шведӣ аз нигоҳи зебоӣ дар олами мӯд ва фаъолият дар синамо мавқеи муайянро ишғол мекунанд, ҷои баҳс нест. Бонувон дар ин давлати тараққиқарда даҳсолаҳо инҷониб аз озодиҳо бархурдоранд. Онҳо метавонанд дилхоҳ ихтисосро интихоб кунанд ва бо меҳнати ҳалол на камтар аз мардон даромад дошта бошанд. Занҳои шведӣ сари ин мавзӯъ ба худ эътимоди бештаре доранд. Аммо…

Дар пӯшишу интихоби либос ва ороиши мӯю рӯй шояд бонувони шведӣ нисбат ба баъзе манотиқи олам камтар таваҷҷуҳ зоҳир бикунанд. Зеро барои онҳо муҳимияти роҳат будани либосу пойафзол дар ҷои аввал аст, на зебо буданаш. Дар назари аввал чунин менамояд, ки занон ин ҷо ба симои зоҳириашон чандон диққат намедиҳанд. Бонувони шведӣ бештар сари мавзӯи истеъмоли дурусти ғизо ва тарбияи бадан ҳассосанд. Машғул шудан ба варзиш, интихоби либосҳои оддии аз пахта омодашуда, рангу малҳам, ороишоти табииро бештар меписанданд. Нигоҳубини пӯсту рӯйро дар Шветсия ҳанӯз аз овони хурдсолӣ оғоз мекунанд, чунки иқлими кишвар тақозо менамояд. Шамоли хунук ва зимистони дароз боис мегардад, ки бонувон ҳамеша аз малҳамҳои нармкунанда истифода кунанд.

Истеъмоли дурусту манфиатноки ғизо ин дар мадди аввали аҳолӣ меистад ва давлат маҳсулоти воридшавандаро таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад. Бештар ҳукумат пуштибонӣ аз истеҳсолкунандагони дохилӣ мекунад ва дар фурӯшгоҳҳо ҳам асосан маҳсулоти ватанӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Меваю сабзавоти беруна дар бозори истеъмолии Шветсия камтар ба чашм мерасанд. Байни мардум тарғибу ташвиқи шадиде дар мавзӯи эҳтиёт аз истеъмоли маҳсулоти бесифат ва хӯрокҳои зараровар бурда мешавад. Ҳар кӯдаки шведӣ аз зарари обҳои ширини газнок ва хӯрокҳои сарироҳӣ ё ба истилоҳ «фастфуд» огаҳӣ дорад.

Хӯроки асосии аҳолии Шветсия моҳӣ мебошад, ки таркибаш аз равғани кислотаи «омега-3» ва «коферментом» бой буда, инсонро на танҳо аз гирифторшавӣ ба бемориҳои қалб эмин медорад, инчунин барои пӯсти рӯй, мӯй ва нохунҳо муфид аст. Ҳар сол аз боғзорҳои махсус дӯлона, марминҷон ва клюкваи зиёде ҷамъоварӣ мешаванд, ки таркиби онҳо аз оксидантҳо ва витаминҳои А, С, В1, В2 ва РР хеле бой мебошанд. Истеъмоли ин буттамеваҳо иммунитети инсонро баланд карда, пӯсти рӯйро ҷиллонок мегардонад. Аз ин намуди буттамеваҳо, махсусан аз дӯлона бонувони шведӣ ҳар гуна малҳаму ниқобҳо низ омода менамоянд, ки истифодабариашон манфиатнок аст.

Малҳам аз дӯлона:

Меваи тарру тозаи дӯлона (ё яхкунонидашудааш)-ро майда карда, аз элак гузаронед. Малҳамро ба рӯятон молида, баъди 15-20 дақиқа онро бо оби ширгарм шӯед. Мисли бонувони шведӣ таровату зебоии хосе ба чеҳраатон зам месозед. Малҳами дӯлона пӯстро ҷило бахшида, афсурдагӣ ва таъсири сармозадагиро аз пӯсти рӯй бартараф менамояд.

Хуллас, бонувони шведӣ аслан истифода ва истеъмоли маҳсулоти табииро бештар дӯст медоранд. Ҳамин аст, ки бонувони 40, 50, ва ҳатто 60 солаи шведӣ на танҳо симои зебо доранд, инчунин худро дар ин синну сол комилан бардаму солим эҳсос мекунанд.

Қутбия

 

:.  Зебоӣ 14.03.2017 06:02 1976

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz