02

Июн, 2025
Душанбе

02

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

СУДУ ЗИЁНИ ПАРҲЕЗ АЗ ФАРБЕҲӢ

          Хатои одамоне, ки хароб шудан мехоҳанд, ин аст, ки мутаассифона, бештар вақт парҳези эшон натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, агар диҳад ҳам, вазни партофтаи онҳо дар кӯтоҳтарин муддат барқарор мешавад. Баъзан дар вақти риояи парҳез вазъи саломатии онҳо то ҳадде ногаҳон бад мешавад, ки маҷбуранд ба табибон муроҷиат намоянд. Мехоҳед бидонед, ки барои чӣ ин ҳодиса рух медиҳад?

Гуруснагӣ. Фикр мекунед, ки чӣ қадар кам хӯрок хӯред, ҳамон қадар зиёдтар хароб мешавед? Як андоза ин амал ҳақиқат дорад, аммо, ҳаминро донистан лозим аст, ки агар ба организм калория кам ворид шавад, организм захираи равғани худро ҳазм карда, хароб мешавад. Вале барои ҳазми ана ҳамон равғани худи организм низ ферментҳои махсус лозиманд. Бояд гуфт, ки он ферментҳо дар организми худи инсон мавҷуданд, вале барои синтез шудани онҳо сафеда, равған, витамин ва микроэелентҳо лозиманд. Дар сурати нарасидани яке аз элементҳои номбаршуда хароб шудан ғайриимкон аст. Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки барои харобшавӣ гуруснанишинӣ кардан ҷоиз нест.

Экспресс-диета. Ин усул яке аз роҳҳои мӯдшуда харобшавӣ байни занон дар замони муосир маҳсуб меёбад. Вақте Шумо ба воситаи ҳаб ё нӯшокие дар муддати бениҳоят кӯтоҳ 7-10 рӯз то 5-10 кг вазни худро мепартоед, бидонед, ки вазни партофтаи шумо дар муддати кӯтоҳтарин барқарор мешавад. Зеро ҳангоми риоя намудани экспресс-диета ба организми мо моддаҳои муҳим, аз қабили витамин, сафеда, равғану карбогидратҳо намерасанд, ки дар натиҷа саломатӣ осеб мебинад. Натиҷаи парҳези нодуруст ин мӯйрезӣ, афтидани дандонҳо, нохуншиканӣ ва ё беқувват шудани нохунҳо мебошад. Албатта, бо риояи экспресс диетаҳо шумо дар муддати кӯтоҳ хароб шуда метавонед, вале вазни партофта дар як мӯҳлати кӯтоҳ бармегардад, вале фаромӯш насозед, ки шумо бонувони азиз саломатиатонро дигар барқарор карда наметавонед.

Харобшавӣ тавассути ҷарроҳӣ. Барои бо вазни зиёдатӣ мубориза бурдан иродаи мустаҳкам лозим аст. Тавре  маълум аст, имрӯз илми тиб чунон пешрафт кардааст, ки тавассути ҷарроҳӣ гӯё имкони аз равғанҳои нолозимаи бадан зуд халосӣ ёфтан пайдо шудааст. Аммо ин фаҳмиш низ комилан хатост. Беҳтараш аз ин роҳ истифода накард. Одатан, ин гуна ҷарроҳиҳо барои гирифтани равғани зиёдатии организм, буррида гирифтани қисмате аз меъдаи васеъгардида ва ё таранг кардани пӯсти овезоншудаи бадан гузаронида мешавад. Аммо пеш аз ҷарроҳӣ бояд табиб шуморо огоҳ созад, ки гарчанде тавассути ҷарроҳӣ ё ба ибораи тиббӣ «липосаксия» равғани зиёдатии баданатонро гирифтед, пас он равған метавонад дар қисми дигари аъзои бадани шумо ҷамъ шавад. Зиёданд нафароне, ки пас аз гирифтани равғани шикаму меъда бо ҷамъ шудани равған дар бозу ва манаҳ рӯ ба рӯ шуданд. Дар сурати дучор шудан ба ин мушкил он даво надорад. Дигар шумо маҷбуред, то охири умр бо ин «тӯҳфа» бигардед ва бо ин камбуд созиш намоед. 

Бонувони азиз! Аз хотир набароред, ки фарбеҳии аз ҳад зиёд ҳам беморӣ аст. Барои ҳамин, пеш аз ҳама бояд бемориро табобат намуд ва табобати ҳар гуна беморӣ дар дасти мутаххассиси хуб аст. Бино бар ин, пеш аз гирифтани ҳар гуна тасмим аввал бо табиби хуб маслиҳат намоед.

 

Гулноз

:.  Зебоӣ 26.08.2015 11:04 4002

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz