02

Июн, 2025
Душанбе

02

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЧӢ ГУНА ВАРАМИ ПИЛКИ ЧАШМ ВА ЗЕРИ ЧАШМРО БАРТАРАФ СОХТ?

Чӣ гуна варами пилки чашм ва ноҳинҷории таги чашмро бартараф сохтан  мумкин аст?                                                                                                           

Ниқоб аз ҷаъфарӣ барои варами пилки  чашм  ва ноҳинҷории  таги чашм. 

Тарзи 1-ум                                                                                                        

Чӯбчаҳои ҷаъфариро майда реза карда ба пахтаи нам мерезем ва ба  варами  пилки  чашм ва ноҳинҷории таги чашм мегузорем.

Тарзи 2-ум

Як қошуқча  барги ҷаъфарии резакардароро бо ду қошуқча қаймоқи турш якҷоя карда ба мудати 15-20 дақиқа мегузорем.

 

Тарбандӣ  зидди  варами  пилкҳои  чашм аз  мармарак

1-қошуқча мармаракро дар 0,5 истакон оби ҷӯшомида тар карда дар муддати  10  дақиқа  дам медиҳем, баъд  онро аз дока гузаронида ба ду қисм тақсим мекунем ва як қисми онро гарм мемонему як қисми дигарро ба яхдон мегузорем, то каме  хунук шавад. Баъдан  сачоқро бо навбат тар карда ба мудати  10  дақиқа ба зери чашм гузоред. Ин тартибро  як моҳ як соат пеш аз хоб иҷро намоед.

 

Тарбандӣ аз ҷаъфарӣ

Ба истакон оби ҷӯш гирифта ба он як қошуқ ҷаъфарии майдарезакардаро  меандозем;  15 дақиқа онро дам медиҳем ва аз дока мегузаронем. Тарбандии  гармро ба пилки чашм ба муддати 10 дақиқа  мегузорем.Ингуна тартибро ба муддати як моҳ истифода мебарем.

 

Тарбандии омехта

Гули  бобуна (аз дорухона), шибит ва  чойи дамкардаи қоғазхалтаро  бо навбат ба пилкҳои чашм ба муддати 10 дақиқа  мегузорем. Ингуна тартибро муддати  як моҳ иҷро мекунем.

 

Тарбандӣ  аз бобуна барои варами  варами пилки чашм

1 қошуқи гули бобунаро ба  2 - матои пахтагӣ андохта онро ба даруни оби ҷӯш мегузорем  ва ба муддати 10 дақиқа дам медиҳем. Баъд онро гармо -  гарм ба чашм мегузорем. Ингуна муолиҷа  ҳангоми сахт шамолкашӣ ва варми пилки чашм тавсия дода мешавад. Метавонед барои дур кардани  ожанги нав пайдошудаи гирди чашм ингуна тарбандиро дар як ҳафта 2-3 маротиба истифода баред.

 

Тарбандӣ  аз барги  дарахти тӯс ҳангоми  варам ва сурхии пилки чашм

Барги дарахти тӯсро майда реза карда аз он як қошуқ гирифта ба даруни истакони оби ҷӯшдошта меандозем ва ба мудатти 8 соат дам медиҳем,баъд  пеш аз хоб онро аз  дока гузаронида ба пилки чашм мудатти 10 дақиқа мегузорем.

 

Сараева Ф.

:.  Зебоӣ 12.12.2013 05:32 7057

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz