04

Июн, 2025
Чоршанбе

04

Июн, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЧӢ ГУНА ЗЕБОИАМОНРО ДАР ФАСЛИ САРМО ҲИФЗ НАМОЕМ?

            Барои ҳамеша зебову ҷавон мондан бояд аз роҳҳои махсус ва маслиҳатҳои коршиносон истифода кард. Коршиносон истифодаи аз меъёр зиёди лосёну скрабҳои ҳархеларо дар вақти ивазшавии мавсимӣ бар зарари пӯст медонанд. Вобаста ба мавсим ва мутобиқшавӣ ба он истифода аз малҳам­ҳои хонагӣ мувофиқи мақсад аст.

          Мутахассисони соҳаи зебоӣ вобаста ба навъи пӯсти рӯй истифодабарӣ аз ниқобҳои зеринро дар фасли тирамоҳ тавсия медиҳанд:

 

Ниқоб барои пӯсти равғанӣ:

пӯсти равғанӣ

            ***Сафедии як дона тухмро бо як қошуқ афшураи ангат (облепиховый сок) омехта карда, ба рӯятон бимолед ва баъд аз 20 дақиқа нигоҳ доштан, бо оби ширгарм бишӯед.

            ***Ба ду қошуқ оби ангур, сафедии як дона тухмро омехта карда, ба рӯятон молед. Пас аз 15-20 дақиқа метавонед рӯятонро бо оби ширгарм бишӯед.

            ***Ҷаъфарӣ (петрушка)-ро бо оби лимӯ ва ҷурғот омехта карда, каме оҳор (крахмал) ҳамроҳ кунед. Ниқоби омодаро метавонед муддати 10 дақиқа нигоҳ дошта, баъдан бо оби ширгарм бишӯед.

 

Ниқоб барои пӯсти хушк:

пӯсти хушк

            ***Ду қошуқ афшураи помидорро бо каме орд омехта карда, ба рӯятон молед ва аз болояш дока гузошта, 15-20 дақиқа истироҳат кунед. Пас аз ин метавонед рӯятонро бо оби ширгарм бишӯед.

            ***Себро пора карда, яке аз пораҳояшро аз турбтарошак гузаронед. Ба он як қошуқ асал, як дона зардии тухм,  як қошуқ равғани растанӣ ҳамроҳ кунед ва ба рӯй молед. Ниқобро муддати 15 дақиқа нигоҳ дошта, баъдан бо оби ширгарм бишӯед.

            ***Докаро дар оби ангур тар карда, пӯсти рӯю гардан ва дастонро бо он тоза кунед. Ин ҳолатро чанд маротиба идома дода, баъд аз 20 дақиқа дасту рӯятонро бо оби ширгарм бишӯед.

 

Ниқоб барои пӯсти мУътадил:

пӯсти муътадил

            ***Зардии як дона тухмро бо ду қошуқча равғани растанӣ, ду қошуқча асал ва ду қошуқча оби ангур омехта карда, дар муддати 10 дақиқа ду маротиба ба рӯятон молед. Баъдан, малҳамро оҳиста бо ёрии дока аз рӯятон тоза кунед.

            ***Як қошуқ ширро бо як қошуқча асал ва як қошуқ атолаи банан омехта карда, муддати 5-10 дақиқа ба рӯятон молида, интизор шавед. Ин амал­ро такрор карда, баъдан рӯятонро бо оби ширгарм бишӯед.

            ***Бодирингро аз турбтарошак гузаронида, ба он каме қаймоқ омехта кунед. Ниқобро ба рӯятон молида, муддати 10 дақиқа нигоҳ доред. Малҳам барои пӯсти хушк низ фоидаовар аст.

         Бонувони азиз, муддати рӯз ақаллан чанд дақиқа вақт ёфта, аз пайи зебоии худ шавед, зеро Шумо барои духтар, хоҳар, ҳамсар, модар, холаву бибии зебо будан масъулед. Ҳамеша зебо бошед!

Таҳияи Гулноз

:.  Зебоӣ 27.12.2012 07:19 2789

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz