04

Июн, 2025
Чоршанбе

04

Июн, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

5 РОҲИ ОСОНИ ҶАВОН ШУДАН

Ин қадами аввалин ба сӯйи рӯҳбаландӣ, кайфияти ҳол, эҳсоси хурсандӣ ва зебоии зоҳирӣ аст. Албатта, танҳо як табассум кофӣ нест, аммо рӯзро маҳз аз он оғоз кардан даркор.

1

ВАРЗИШБа фаъолият омода кардани ҷисм. Барои дар давоми рӯз нигоҳ доштани табъи хушу рӯҳи болида, машқи пагоҳирӯзӣ бисьёр кӯмак мерасонад. Ҳатто 10 дақиқаи ҳаракати фаъ­олона кифоя аст, ки му­шак­ҳои шумо ба меъёри зарурӣ биёянду рӯҳияатон баланд гардад. Агар машқ кардан дар назаратон душвор тобад, аққалан каме пиёда роҳ гардед.

 

 

2

Ниқобҳо. Баъди аз кор баргаштан, даррав ба иҷрои корҳои хона напардозед. Ба хона омада, 20 дақиқа барои худ ҷудо намуданро ба ҳукми анъана дароред. Дар ин муддати кӯтоҳ чӣ корро анҷом додан мумкин аст?

Метавон ниқобҳои оддиякакеро, ки аз маҳсулоти дар зери дастбуда омода мешаванд, истифода сохт. Масалан, ниқоби тароватбахши бодирингӣ ё ниқоби ғизоноки аз банан тайёр кардашуда ё худ маводи оромкунандаи пӯст - ниқоб аз чойи кабудро. Метавонед сачоқро аввал ба оби гарм тар карда, ба руй монед ва пас аз чанде онро ба оби хунук тар кунед ва боз ба рӯй монед. Ин ниқобҳо вақту қувваи зиёд талаб намекунанд, вале натиҷаашро дер интизор шудан лозим намеояд.

3

Ороиши мӯй. Дар ташаккули зебогии симо мӯйҳо, бешак, нақши муҳимеро мебозанд. Ҳамчунон барои ҷавон намудан ба мӯйҳо диқкати махсус додан лозим аст. Машшотаҳо (парикмахеры) бар он ақидаанд, ки мӯйи кӯтоҳ ба занҳои калонсол хос аст. Ҳақиқатан ҳам мӯйи кӯтоҳ одамро калонсол нишон медиҳад. буридани мӯйи пешона (чёлка) баръакс…

 

 

4

Атриёт. Ҳатто атриёт метавонад шуморо дар назари атрофиён ҷавонтар муаррифӣ намояд. Бовар намекунед? Ба интихоби атриёт дуруст эътибор додан зарур аст. Атрҳои накҳати сабукдоштаро интихоб кардан лозим аст. Масалан, атрҳои буйи гул, меваҳои цитрусӣ, ҳулбӯй (мята) ва ба инҳо монанд накҳатдоштаро.

 

 

5

Табассум. Табассум ва боз ҳам табассум. Шарт нест,ки дар вакти табассум ҳамаи дандонҳоятонро ба намоиш гузоред. Барои он ки табассуми шумо боз ҳам зеботар бошад, ба нигоҳубини дандонҳо низ бояд аҳамият дод. Дар ёд доред, ки ҳатто нимтабассум ҳам ба шумо эҳсоси хурсандӣ мебахшад ва бонуи хушҳолу хурсанд ҳама вақт ҷавон менамояд.

Бонувони азиз, дидед, зебову ҷавон будан роҳҳои осону каммасраф ҳам дорад, фақат каме завқ лозим. Ба пеш ба сӯйи ҷавониву зебоӣ!

 Манижабону

:.  Зебоӣ 05.12.2011 07:45 5580

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz